Хабари боэътимоди “Озодӣ” дар бораи “интихоботи порлумонӣ”

  • Манобеи молӣ:Конгресси ИМА

Маводи таҳқиқшаванда

Ҳизби ҳокимро пирӯзи интихобот, ҳизби мухолифро шикастхӯрда эълон карданд. 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон натиҷаҳои интихоботи порлумониро эълон кард ва ҳамонгуна ки интизор мерафт, ҳизби ҳокимро пирӯз эълон намуд.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия рӯзи 2-уми март дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки аз миёни бештар аз 4 миллион раъйдиҳанда бештар аз нисфи онҳо ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд. Ӯ афзуд, ки дар интихобот бештар аз 86 дар сади мардум ширкат кардаанд ва 50.40 дар сади онҳо ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ раъй додаанд.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки то ҳол дар Маҷлиси намояндагон 5 курсӣ дошт, дар интихоботи рӯзи якуми март бар асоси феҳрасти ҳизбӣ 4 курсиро аз они худ кардааст. Ба тарафдории ин ҳизб ба қавли Худоёрзода шонздаҳуним дар сади мардум раъй додаанд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар порлумон фақат як курсӣ дошт, ҳамин курсиашро нигаҳ доштааст. Ба тарафдории ин ҳизб 5.10 дар сади мардум раъй додаанд.

Ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихобот бештар аз 16 дар сади мардум раъй додаанд ва ҳизб дар порлумон бар асоси феҳрасти ҳизбӣ 4 курсӣ ба даст овардааст.

Тоҷикистон, ки дар Маҷлиси намояндагон 1 курсӣ дошт, бештар аз 5 дар сади мардум раъй додаанд ва ҳамин курсиро ҳифз кардааст.

Ба гуфтаи Худоёрзода, Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолифи давлат, 0.32 дар сад раъйи мардумро ба даст овардааст ва ба порлумон роҳ наёфтааст. Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизб, ки изҳори умедворӣ, кард, ба порлумон роҳ меёбанд, баъди эълони натиҷаҳо, поёни нишасти хабариро мунтазир нашуд ва толорро тарк кард.

Ҳизби коммунист, ки дар Маҷлиси намояндагон як вакил дошт, ин дафъа ба порлумон роҳ наёфтааст, зеро ба гуфтаи Худоёрзода, фақат 3.11 дар сади ороро соҳиб шуда ва садди 5 дарсадии лозимро нагузаштааст.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 нахустин интихоботе аст, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат баргузор шуд.

Дар интихобот шаш ҳизби хурди дигар аз ҷумла ҳизби мухолифи Сотсиал-демократии Тоҷикистон ширкат карданд. Ин ҳизб ба сабаби надоштани пули кофӣ, маҷбур шуд, аз феҳрасти ҳизбӣ на 8, балки 6 нафарро ба мақоми номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад. Гаравпулии интихоботӣ тақрибан 600 долларро ташкил медиҳад.

Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Раҳматулло Зойиров, сиёсатмадори шинохта дар интихоботҳои гузашта натавонистааст, садди 5 дар саддиро убур карда, ба порлумон роҳ ёбад. Ҳизб мегӯяд, ки интихоботҳо шаффофу одилона сурат нагирифтаанд ва вакилонашро ба порлумон роҳ надодаанд.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд. Таққаллубкорӣ, аз ҷумла раъйдиҳии оилавӣ, пур кардани қуттиҳои раъй ва шумориши нодурусти раъйи мардум дар тамоми интихоботҳои гузашта вуҷуд доштааст.

Созмони мазкур бар хилофи тамоми солҳои пешин, имсол ҳайати хурди нозиронро ба Тоҷикистон фиристод, чун ба гуфтаи созмон бо назардошти муҳити пеш аз интихобот зарурате барои фиристодани нозирон вуҷуд надошт. Раҳбари ҳайати нозирон гуфт, арзёбиҳо аз ҷараёни раъйдиҳиро то чанд ҳафтаи оянда нашр мекунанд.

Бахтиёр Худоёрзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки интихобот шаффофу одилона баргузор шудааст ва онҳо шикояте дар бораи қонуншиканӣ нагирифтаанд.

Порлумони Тоҷикистон аз 63 курсӣ иборат аст. Вакилони порлумонро дар панҷ сол як бор интихоб мекунанд ва то кунун аксари курсиҳоро раиси ҳизби ҳоким дар даст доштааст. Дар Маҷлиси намояндагоне, ки ваколаташ ба поён расид, Ҳизби халқии демократӣ 51 курсӣ дошт.

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, порлумон яке аз се шохаи ҳокимият аст, ки бояд мустақил бошад, вале мухолифон мегӯянд, ин ниҳод пойбанди ҳукумат аст ва ҳар қонуне, ки аз сӯи ҳукумат пешниҳод мешавад, бе баҳси ҷиддӣ қабул мекунанд.

MediaMarker

  Хабари мазкур дар бораи натиҷаи интихоботи дирӯз дар Тоҷикистон баргузор шуда, маълумот додааст. Гуфта мешавад, ҳизби ҳоким бо гирифтани 50,4 дарсади овозҳо пирӯз гардидидааст.

    • Манбаъи хабар рӯшан ва боэътимод аст;
    • Тавозуни назарҳо риоя гардидаанд;
    • Дар бораи илова шудани маълумоти нав огоҳӣ вуҷуд дорад;
    • Сонсур ва худсонсурӣ вуҷуд надорад;
    • Хабар ба ҳамаи меъёрҳои “Матлаби боэътимод” ҷавобгӯст.



Coming Soon



Шумо ба матлаби носанҷида кадоме аз ин маркерҳоро муносиб медонед?


Шумо ба матлаби носанҷида кадоме аз ин маркерҳоро муносиб медонед?

Шумо ба матлаби носанҷида кадоме аз ин маркерҳоро муносиб медонед?

The post Хабари боэътимоди “Озодӣ” дар бораи “интихоботи порлумонӣ” appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.