ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шумораи умумии гирифторони бемории коронавируси нав дар муддати аз 30 апрел то 1 август ба 7451 нафар расида, то имрӯз дар мамлакат  6233 (83,6%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ 60  нафар фавтидаанд.

«Дар як шабонарӯзи охир 95  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 40 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд»,- афзуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.