Хабари “Спутник” дар бораи “мулло-профессор” беэътимод аст
Хабари “Спутник” дар бораи боздошти сокини 49-солаи ноҳияи Ҳисор С.Р. ва ба таъкиди хоси манбаъ, маъруф бо тахаллуси «Мулло-профессор», ки дар “бадахлоқию анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ муттаҳам мешавад”, қисса мекунад. Аммо…
-
- Ин матлабро «Спутник» дар такя бо навори коноли ютубие бо номи «Гулшани адаб» таҳия кардааст, аммо манбаъ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро хондааст.
- Навори мазкур бори нахуст рӯзи 14-уми март дар ютубконоли IFSHO TV нашр гашта, дар зернавишти он пораҳое аз матни дар гузориш истифодашуда, гузошта шудаанд.
- Маълумот дар бораи соҳибони конолҳои зикршуда алҳол дастнорас буда, ҳамчунин робитаи онҳо ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯшан нест. Аммо «Спутник» бе овардани ягон далел сарчашмаи гузоришро ВКД арзёбӣ кардааст, ки зидди талаботи банди 1-и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аст.
- «Спутник» хабарро дар истинод ба навор таҳия карда, назари айбдоршаванда, намояндаи ҳуқуқии он ва ё адвокаташро наовардааст, ки он хилофи риояи усули тавозуни назарҳо ва талаботи банди 2 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аст.
- Ҳамчунин дар матлаб эҳтимоли бегуноҳӣ сарфи назар шудааст, ки зидди талаботи банди 8 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
- Сомонаи “Спутник” бо нашри хабар ва таъкид бар он, ки «дар гузашта Саидов аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) будааст», алайҳи як ташакулли сиёсии мухолифи ҳукумат ва бидуни таҳқиқ ба табъизи сиёсӣ ва иҷтимоӣ роҳ додааст, ки ин ба талаботи банди 1 моддаи 6 Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 9 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” муғойират дорад.
- Тарзи таҳияи навор нишон медиҳад, ки маводи навор бо роҳи ғайриқонунӣ ё ноҷоизи ҷамъоварии мавод забт шуданд. Паҳн кардани он хилофи талаботи банди 11 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дониста мешавад.
- Ҳамчунин дар навор аз дақоиқи 2: 28 то 2: 52 сабти сохтаи овозӣ мушоҳида мешавад, ки далели сохтакорӣ будани навор бо аҳдофи пропаганда мебошад. Нишонаҳои зерин аз пропаганда будани мавод гувоҳӣ медиҳанд:
Номи меъёр | Тасдиқ |
---|---|
Возеҳу рӯшан набудани манбаъ | |
Набудани эътимод ба манбаъ | |
Пешниҳоди яктарафаи маълумот | |
Вуҷуди субъекти манфиатдор | |
Вуҷуди интихоби иттилооти манфиатнок |
-
- Дар матлаби “Спутник” ва навор ҳеч далел дар робита ба собиқ узви ҲНИТ будани шаҳрванд С.Р. пешниҳод нашудааст, ки пояи ин иттиҳомро собит кунад. Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯъ) узви ин ҳизб будани шаҳрванд С.Р рад кард: “Ин шахс дар ягон замон узви ҲНИТ набудааст. Мавод туҳмати навбатӣ нисбати ҲНИТ аст”.
- “Спутник” ҳич далели “мулло-профессор” тахаллус доштани С.Р. ба хонанда пешниҳод накардааст.
- Далелҳои дар боло зикршуда аз матлаби беэътимод будани хабари “Спутник” ва ширкати хабаргузорӣ дар пропаганда шаҳодат медиҳанд.