Хабарнигоре, ки ҷангҳои нерӯҳои ҳукмати Афғонистон ва Толибонро пӯшиш медод, кушта шуд

Дониш Сиддиқӣ, хабарнигори Ройтерз ҳангоми пӯшиш додани даргирии нерӯҳои давлатии афғон ва ҷангиёни Толибон дар наздикии гузаргоҳи марзӣ бо Покистон кушта шудааст.

Сиддиқӣ ва як афсари баландпояи афғон рӯзи 16-уми июл кушта шуданд. Фармондеҳони афғон гуфтанд, Сиддиқӣ дар пайи оташфишониҳои Толибон, ҳангоми ҷанг барои бозпас гирифтани бозори мавзеи Спин Болдак кушта шуд.

Сиддиқӣ ба ҳайси хабарнигор бо нерӯҳои афғон аз аввали ҳафтаи равон дар вилояти ҷанубии Қандаҳор фаъолият дошт.

Майкл Фриденберг президенти оҷонсии хабарии Ройтерз ва сармуҳаррир Алессандра Галлони дар як изҳорот гуфтанд, “мо фавран маълумоти бештареро ҷустуҷӯ дорем, бо мақомоти минтақа ҳамкорӣ мекунем.”

“Дониш рӯзноманигори барҷаста, шавҳар ва падари содиқ ва ҳамкори хеле дӯстдошта буд. Ҳушу ёди мо дар ин лаҳзаи пурдаҳшат бо оилаи ӯ аст”,- гуфта мешавад дар изҳорот.  

Хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки Сиддиқӣ қабл аз 16-уми июл ҳангоми гузориш додан дар бораи задухӯрд аз хумпораҳо дасташ захмӣ шуда буд. Вақте ки,  ҷангиёни Толибон дар Спин-Болдак ақибнишинӣ карданд, ӯро табобат карданд ва сиҳат шуда буд.

Фармондеҳи афғон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, замоне ки Сиддиқӣ бо дӯкондорон сӯҳбат мекард, Толибон дубора ҳамла карданд. Тафтиши ин иддао аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.  

Сиддиқӣ бахше аз гурӯҳи аккосони Ройтерз буд, ки барои силсилаксҳояш аз бӯҳрони паноҳандагони Роҳинҷа дар соли 2018 ҷоизаи Пулитсерро гирифта буд.

Сиддиқӣ аз соли 2010 ба ҳайси хабарнигори аксбардори Ройтерз дар ҷангҳои Афғонистон, Ироқ, буҳрони паноҳандагони Роҳинҷа, эҳтирозҳои Ҳонконг ва зилзилаҳои Непалро пӯшиш додааст.     

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.