Хабарнигори мустақили туркман баъди нашри акси маъмурияти СҶТ зиндонӣ шуд

Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” бо талаби озодии хабарнигори расонаи мустақили туркмании “Turkmen.news” Нургелдӣ Холиқов изҳоротеро нашр кард.

“Холиқов баъди нашри акси маъмурияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар тобистони гузашта, ки барои баҳо додан ба вазъи эпидемиологӣ ба Туркманистон рафта буданд, чаҳор сол аз озодӣ маҳрум карда шуд”, – иттилоъ додааст бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Хабарнигор моҳи июли соли равон акси намояндагони созмонро дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм мебинад ва онро ба хабаргузории turkmen.news мефиристад. Дертар муаллиф аксаро пок мекунад ва хабарнигор барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват мешавад. Моҳи октябр маълум шуд, ки Холиқов барои қаллобӣ 4 сол зиндонӣ шудааст.

“Ҳукми зиндони Холиқов иттиҳоми сохта ва бемаънии мақомотро ба намоиш мегузорад, ки ба хомуш сохтани охирин намояндагони воситаҳои ахбори ом дар Туркманистон равона шудааст. Ба ӯ дар зиндон шиканҷа таҳдид мекунад”, – омадааст дар изҳороти “Гузоришгарони бидуни марз”.

Туркманистон дар раддабандии озодии матбуот дар миёни 180 кишвар мақоми 179-умро касб мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.