Хадамоти гумрук: 260 мошини боркаш дар марзи Тоҷикистону Чин дармондааст

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, кай боз шудани гузаргоҳи гумуркӣ миёни Тоҷикистону ва Чин ҳанӯз маълум нест. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо тоҷири тоҷик аз дармондани молу маҳсулоташон дар гузаргоҳҳои наздимарзӣ нигаронанд.   

Ҳайдар Турсунзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал, дар нишасти хабарӣ гуфт, дар  гузаргоҳи марзии “Қулма-Қаросу” дар вилояти Бадахшон, ки тавассути он молу колои Чин ба кишвар ворид мешавад, беш аз 260 мошини боркашон дармондааст. Ӯ афзуд, ин яке аз гузаргоҳҳои муҳим барои интиқоли молу маҳсулоти тоҷирон буда,  дар соли гузашта танҳо 6 моҳ фаъолият доштааст. Турсунзода гуфт, ки айни ҳол маълум нест ин ва чанде аз гузаргоҳҳои дигари гумуркӣ кай ба ҳолати муқаррарии кор бармегарданд. 

Ба қавли муовини раиси Хадамоти гумрук, дар соли гузашта  гузаргоҳҳои майдони ҳавоии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, инчунин дидбонгоҳи гумрукии Сарамзм, Уротеппа, Навбунёд, Зафаробод, Пахтаобод, Ҳисор фаъолият накардаанд ва рӯшан нест, кай боз хоҳанд шуд. Ба қавли намояндагони Хадамоти гумрук, бо далели пешгирӣ аз бемории COVID-19 маҳдудият дар кори гузаргоҳҳо ба ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонидааст.  

Аввали моҳи январи имсол баъзе аз соҳибкорони тоҷик шикоят карданд, ки молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташонро дар кишвар беравнақ кардааст. Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аст ва бештари молҳои ниёзи мардумро аз онҷо меоранд. 

Ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон дар соли 2020 беш аз 3 миллиард доллар расидааст. Дар қиёс ба як  соли пеш, воридот 190 миллион доллар коҳиёш ёфтааст. Содироти мол ба гуфтаи, масъулони хадамот ба 1 миллиарду 311,3 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли пешин 196 миллион долларо  бештар будааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.