Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҳаракати техникаҳои низомӣ дар марз хабар дод

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки вазъ дар марз миёни Тоҷикистон дар ҳолати маъмулӣ қарор надорад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, соати 11.30 ба вақти маҳаллӣ ҳаракати техникаҳои низомӣ ба самти марзи Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин хабар вокуниш накардаанд ва маълум нест, то куҷо ин иддао ҳақиқат дорад.

Мақомоти қирғиз хабар додаанд, ки шаби гузашта ягон ҳолати тирпарронӣ ё нақзи оташбас дар марз сабт нашудааст.

Ба гуфтаи онҳо, роҳ ба самти Ош-Баткент-Исфана дар қитъаи роҳи Торт-Кочо аз ҷониби Тоҷикистон баста аст ва роҳи Исфара-Ворух боз аст.

Дар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низои хунин рух дод. Дар даргирии дурӯза аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шуданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 31 нафар ва маҷруҳ шудани 154 кас хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 13 қурбонии муноқишаро маълум кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.