Ҳафиз Бобоёров: Чӣ гуна аз сухан ба амал гузаштан метавон

Дар қазияи Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бисёр гуфтем. Акнун вақти амал аст. Чӣ кор карда метавонем? Ин ҷо чанд назару пешниҳоди худро ба таври мухтасару тезисшакл ироа мекунам:
1) Зиёиёни тоҷик муроҷиатнома ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кунанд. Дар ин муроҷиатнома бояд нуктаҳои зерин дарҷ ва таъкид шавад:
– Бетарафӣ ба ҳодисаҳои ҷории Афғонистон ва минтақа, аз он ҷумла яккатозии Толибон оқибатҳои хатарноке ба бор хоҳад овард;
– Эътирофи ҳукумати инҳисории Толибон василаҳои норавои муборизаи сиёсӣ, чун ҳамлаи интиҳорӣ ва қатли мардуми бегуноҳ, саркӯбии занон ва дигарандешонро машруият хоҳад бахшид;
2) Баъзе фаъолони тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъват карда истодаанд, ки барои кӯмаки мардуми Панҷшер маблағ чамъоварӣ шавад. Пешниҳодҳое ҳам аз тарафи афғонистониҳо шуд, ки ин ёрӣ тавассути Тоҷикистон расонда шавад. Имкон дорад фаъолони тоҷик як созмони минтақавӣ ва ё байналмилалӣ таъсис диҳанд, ки ҳадафаш ёрии башардӯстона бошад ва дар навбати аввал миссияашро барои мардуми осоиштаи Панҷшер, ки хатари гуруснагӣ, бесарпаноҳӣ ва бемориҳои сирояткунанда ба онҳо таҳдид мекунад, ба роҳ монад;

3) Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми механизмҳои таъсиргузори сиёсӣ, дипломатӣ ва ғайра истифода барад, то дар Афғонистон ҳукумати фарогир ва федералӣ ташкил шавад.

Дар ин сурат, мо омода ҳастем аз чунин кӯшишҳои Ҳукумат дар сатҳи байналмилалӣ пуштибонӣ кунем.

Пуштибонӣ аз Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд на фақат ба манфиати аққалиятҳои қавмӣ, забонӣ ва мазҳабии Афғонистон, аз он ҷумла тоҷикон, узбекон ва ҳазораҳо аст, балки барои таъмини амнияти дарозмуддат ва пойдор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Ҳафиз Бобоёров

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.