Ҳафиз Бобоёров дар бораи ҳамоиши Варшава ва як идеяи миллӣ

(Дар партави Ҳамоиши солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар, Варшава, 2019, ҳафтаи аввал – 16-20 сентябр)

Баъд аз панҷ рӯзи иштирок аз Ҳамоиши САҲА оид ба ҳуқуқи башар ба Олмон баргаштам. Ҳанӯз дар роҳ ба сӯйи хона мехостам таассуротамро пеш аз он нависам, ки масъалаҳои рӯзмарра онҳоро тира гардонанд. Дар ин сафари кӯтоҳ лаҳзаҳои ёдмон, аз он ҷумла дидор бо ҳамватанон аз ҷабҳаҳои гуногун, кам набуданд. Аммо аз охирин чунин лаҳза дар қатораи Варшава – Берлин оғоз мекунам.

Бо як олмонӣ суҳбатамон аз масъалаҳои сиёсӣ ба мушкилоти экологӣ (зистмуҳитӣ) печ хурд. Бо вуҷуди афзоиши огоҳии мардум аз ин мушкилот, расонаҳо, сиёсатҳо, иқтисодиёту истеҳсолот ва арзишҳои фарҳангӣ онҳоро дуюмдараҷа ҷилва медиҳанд. Мушкилоти экологӣ на фақат ба насли имрӯза дахл доранд, балки онҳо сарнавишти наслҳои минбаъда, яъне фарзандони моро дар ояндаи наздик рақам хоҳанд зад.

Дар сояи абарқудратҳо

Ин бори дуюм буд, ки дуюмдараҷа, балки сохта будани бисёре аз баҳсҳои сиёсӣ дар долонҳои байналмилалиро дарёфтам. Бори нахуст даргирии намояндагони кишварҳои абарқудрат – Русия ва Амрико дар сари қазияи Украина ин пардаро кушод. Баҳси ин ду абарқудрат ҳама мушкилиҳои кишварҳои ҷаҳони сеюм, аз он ҷумла собиқ Шӯравиро дар зери соя андохт.

Аслан, Ҳамоиши САҲА ба хотири ташкили майдони гуфтугӯ ва муколама дар байни гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ, чун ҳукумат, мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аммо на ҳамаи гурӯҳҳо ин имкониятро дарк мекунанд ва аз он ба дурустӣ истифода мебаранд. Дар баробари ин, чорчӯба ва формати машғулиятҳо дар Ҳамоиш на ҳамеша ба гуфтугӯ ва муколама мусоидат мекунанд.

Нахуст, гурӯҳҳои гуногун, чи ҳукумат ва чи мухолифон, ҳанӯз ба гуфтугӯ омода нестанд, ба якдигар бовар надоранд ва гузашта аз ин, салоҳияти гуфтушунидро ҳам надоранд. Дуюм, кишварҳои абарқудрат ба майдондорҳои асосии Ҳамоиши САҲА табдил меёбанд ва ба ҳузур ва мушкилоти кишварҳои кӯчак соя меафкананд. Сеюм, суханрониҳо дар маҷлисҳои пленарӣ ҳанӯз ба таври якҷониба ва бе баҳсу баррасии ҷонибҳо сурат мегиранд, дар ҳоле ки бахусус намояндагони ҳукуматҳо тасмимгиранда нестанд, гарчанде ҳарфи аввалро мезананд. Аксарияти ҳукуматҳо аз дастовардҳо мегӯянд, мушкилоту камбудиҳои мавҷударо чун раванди ногузир баён мекунанд ва барои рафъи онҳо ваъдаҳо медиҳанд. Табиист, ки чунин муносибатро онҳо ҳам аз якдигар ва ҳам аз абарқудратҳо омӯхтаанд. Барои кишварҳои сеюм бисёр хушоянд буд, ки баҳси Амрикою Русия сари Қрим, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон муҳимият ва авлавияти вазъи ҳуқуқи инсонро дуюмдараҷа кард.

Барои чунин майдони байналмилалӣ гирудор ва кашокашҳои ҳукуматҳо ва мухолифони кишварҳои сеюм майдони гӯштиеро мемонд, ки дар меҳвар паҳлавонҳои номдор, яъне абарқудратҳо зурозмоӣ мекунанд ва дар ҳошия ҳаваскороне машғули имитатсия (тақлид)-и гӯштӣ ҳастанд.

Вале тамошобинон абарпаҳлавонҳоро мухлисӣ мекунанд ва танҳо дар танаффус ба ҳаваскорон чашм медӯзанд, вале хаёлашон дар даври навбатии қудратҳои ҷаҳонӣ даргир аст.

Дар партави мушкилоти зистмуҳитӣ мушкилоти кишварҳои ҷаҳони сеюм дигар мушкилоти техникӣ ҳастанд. Агар бо ифодаи муштзанҳо тасвир кунем, ҳаваскорон ба таври техникӣ бохтаанд ва аз пеш муқаррар аст, ки ба майдони меҳварӣ ворид намешаванд. Аз нуқтаи назари кишварҳои қудратманд, мушкилоти кишварҳои ҷаҳони сеюм “техникӣ” аст. Барои инсони огоҳ аз хатарҳои вуҷудӣ, чун чолишҳои зистмуҳитӣ мушкили муҳимтар истифодаи пластика дар фурӯшгоҳҳо аст, аз ин рӯ, қонуни нав қабул мешавад ва аз замони қабули қонун истифодаи пластика маҳдуд мегардад. Ҷаҳони инсонҳои огоҳ аз пайи он аст, ки ҳуши сунъӣ (искусственный интеллект)-ро ба манфиати инсоният истифода барад ва зарари онро ҳаддиаксар коҳиш диҳад. Тадриҷан ин ҷаҳон ба тамаддуни байнисайёраӣ табдил меёбад ва ҳамин гуна, бо мушкилоти сатҳи болотаре даст ба гиребон мешавад.

Мушкилоти рӯз ва ҳукумати хонаводагӣ 

Аммо барои кишварҳои ҷаҳони сеюм, аз он ҷумла Тоҷикистон мушкилот фақат моҳияти “техникӣ” надоранд. Намешавад бо қабули қонун иҷрои онро кафолат дод. То қонунмеҳвар шудани давлат ҳанӯз хеле роҳ аст, ки аз зеҳну тафаккури қудратмандон ва мардум мегузарад. Аз нуқтаи назари инсоне, ки бо чолишҳои сатҳи бартар, яъне чолишҳои зистмуҳитӣ ва зиндагии байнисайёраӣ дастбагиребон аст, мушкилоти марбут ба интихобот, тағйирпазирии қудрати сиёсӣ, фасоди идорӣ ва молӣ, беадолатии иҷтимоӣ, шиканҷаи зиндониён, маҳрумиятҳо ва маҳдудиятҳои озодии сухан, виҷдон, гирдиҳамоӣ, тазйиқи занон, ақалиятҳои қавмӣ ва ҷинсӣ ва ғайра мушкилоте ҳастанд, ки дар доираи қонун ҳалли худро меёбанд. Аммо дар ҷаҳони сеюм ин мушкилот боқӣ мемонанд ва бузургтару буҳронитар мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон метавонист дар муддати кӯтоҳ, фарзи мисол, дар давоми 3-5 соли оянда ҳамаи ин мушкилоти “техникӣ”-ро рафъ кунад ва давлати тоҷикро аз саҳифаи пӯшидаи таърих ба саҳифаи нави таърихсозӣ ворид созад; саҳифаи таърихи ҳам миллат ва ҳам тамаддуни инсонӣ, ки худаш онро нависад. Мегӯянд, ки як давлати “кӯчак” чӣ ҳам карда метавонад, ба ҷуз худро ба оғӯши абарқудратҳо андохтан, то аз нобудӣ эмин бошад. Аммо ин баҳонае беш нест барои онҳое, ки мушкилоти техникиро ба мушкилоти инсонӣ табдил додаанд. Ҳукумати хонаводагиро бояд раҳо кард ва роҳ ба сӯйи тағйирпазирии пайвастаи қудрати сиёсӣ кушод. Ҳамин бояд нахустин идеяи миллӣ бошад.

Сабақи кадри муҳими ду ҷониб ё мулло Абдураҳимӣ “Кулобӣ”

Ба ҷойи ин, нафароне меоянду мегӯянд, қудрати сиёсӣ наметавонад идеяи миллӣ бошад ва аз ин рӯ, “донишманди асил” набояд ба сиёсат машғул бошад. Чунин биниши хато дар фалсафаи сиёсии тоҷикон ин мардумро садсолаҳо аз сиёсат дур нигоҳ медорад. Сиёсат машғулият ва фаъолияти ношоиста бахусус барои зиёиён, чун донишмандон, ҳунармандон ва косибон дониста мешавад. Дар назари аввал, ин тоифа худро аз сиёсат дур мегиранд, вале дар оқибати амр ба гурӯҳҳои сиёсие хизмат мекунанд, ки роҳбарону пешвоёнашон бехираду бесаводанд. Якеаш ҳамон Мулло Абдураҳими “Кӯлобӣ” аст, ки боди тасодуф ӯро аз як сангар ба сангари дигар андохтааст, вале дар ҳар ду сангар ҳам онҳое, ки худро аҳли савод медонанд, чун котиб хизматаш мекарданд. Имрӯз гурӯҳе ҳам ба ҳолаш механдад, ки савод надошт ва барои гирифтани вазифаи давлатӣ (!) барояш анкета пур карда буданд. Бо чунин иқрор ин гурӯҳ расвоии худро фош кард: Мулло Абдураҳими бесавод аз ҳисоби ҳамон гурӯҳи сиёсӣ (Наҳзат) раиси гумрук шуда буд. Магар ин сиёсати нодурусти кадрии он гурӯҳ ва ҳамчунин ҳукуматро нишон намедиҳад, ки шахси бесаводу номуносибро ба вазифаи муҳими давлатӣ пешбарӣ ва тасдиқ карда буданд?! Магар ин хиёнат ба ормонҳои миллӣ набуд, ки сулҳ на ба хотири вазифаталошӣ, балки барои ташкили зиндагии шоистаи мардум буд?!

Баръакси шинохти иртиҷоии сиёсат, аксарияти файласуфону ҷомеашиносон ва равоншиносони аврупоӣ иродаи қудратро ба меҳвари андешаи худ табдил додаанд. Онҳо иродаи қудратро шарти бақо ва ҳастӣ меҳисобанд ва воқеияти таърихӣ ҳам инро тасдиқ мекунад. Онҳо сиёсатро бо хирад пайвастанд, то раисону муллоҳои бесавод ба раёсату вазоратҳои давлатӣ роҳ наёбанд.

Миллате, ки иродаи қудрати худро ба идеяи миллӣ табдил намедиҳад ва онро бартар аз хонаводаҳои ҳукмрон намегузорад, маҳкум ба нестӣ ва нобудии сиёсӣ ва иҷтимоист.

Рукуди тоҷик дар масири таърих ба беэътиноияш ба қудрати сиёсӣ ва беиродатӣ дар давлатдорӣ марбут будааст. Чунин муносибат ба сиёсат ӯро ба иродаи сиёсии ҳукуматҳои “бегона”, яъне хонаводаҳои ҳукмрон вобаста ва пойбанд кардааст. Ин ҷо “бегона” на фақат ба маънои қавму қабилаҳои ғайритоҷик, балки инчунин ба маънои иродаи шикастхурда ва мутеъ мебошад. Ҳамин буд, ки эрониён, яъне тоҷикон дар оғози Ислом, дар давраи Рошидин “маволӣ”, яъне ғуломону иҷоракорони ҳокимони араб, дар давраи Уммавиён “аҳли зимма” (аҳолие, ки бештар аз дигарон ба Хилофати араб андоз месупориданд, вале дар иваз аз ҳама камтар баҳра мебурданд) буданд. Танҳо пайкору муборизаҳои бардавоми дусадсолаи сиёсӣ онҳоро тавонист аз доғи ғуломӣ ва бадномӣ раҳо кунад, аммо боз ҳам сиёсати нодурусти ҳукумати хонаводагии Сомониён дар аҳди Нӯҳ ибни Аҳмади Сомонӣ онҳоро ба ҳоли бардагӣ даровард, ки бо дасти туркҳо донишмандонро қатли ом кард. Ҳамин гуна бархурд асрҳо идома кард, то ба қавле тоҷикон дар “тақсими меҳнат” нақши деҳқон ва коргари иҷоракорро доштанд. Ҳукуматҳои хонаводагӣ маҳсули заҳмати онҳоро аз худ мекарданд ва дар ҳамкории танготанг бо нухбагони динӣ ва тасаввуфӣ сулолаҳои худро бар иродаи мардум таҳмил мекарданд.

Демократия талош мехоҳад 

Иродаи қудрати сиёсӣ дар шакли мардумии он, ки демократия номида мешавад, худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Яке аз заминаҳои пайдоиши он гуфтугӯ, радду бадал ва баҳсу баррасиҳо дар байни онҳоест, ки худро ба ҳар навъе “пешво” ва “намоянда”-и мардум меҳисобанд. Аммо инро намебинем, чунки аксарияти ин даъвогарон дар асл манфиатҳои мардумро пешбарӣ, намояндагӣ ва ҳимоят намекунанд. Онҳо ғарқи манфиатҳои худ ҳастанд ва метарсанд, ки гуфтугӯ, радду бадал ва баҳсу баррасиҳо дар шоҳидии мардум онҳоро расво мекунад. Ҳолатҳое ин воқеиятро фош мекунанд, ҳарчанд ки ин пешвоён ва намояндагон бо тамоми ҳунармандие, ки доранд, мекӯшанд воқеиятро пинҳон доранд.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.