Ҳафиз Бобоёров: Лаззати садомазохистӣ ва ё васвасаи Шайтон

Солҳои 1990-ум буд. Дар деҳае мардум шабона дар меҳмонхона ҷамъ меомаданду телевизор тамошо мекарданд. Албатта, то барқкушиҳо буд. Дар он миён мӯсафеде ҳам. Ҳамаро ҷангу насиҳат мекард, ки бо дидани духтарони зебои нимбараҳна дар филмҳои хориҷӣ (он вақт филмҳои амрикоию сериалҳои бразилӣ намоиш дода мешуд) ба васвасаи Шайтон дода мешаванд. Ҳама гӯш мекарданду тамошои филмро давом медоданд. Лаҳзаҳои шӯрангези ишқ, ки мерасид, мӯсафед аз ангуштонаш панҷара месохту рӯяшро мепӯшонд. Ҳама ба завқ механдиданд. Мӯсафед ҳам одам аст ва лаззати ишқ мехоҳад.
*****
Дар бораи нашри садои маҳрамонаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бо як хонум бисёр гуфтанд. Бештар нашркунандаро накӯҳиш ва дашному ҳақорат доданд, ки кори хилофи ахлоқи исломӣ ва инсонӣ кард. Аммо кам касоне пурсиданд, ки накӯҳандагону ҳақоратгарон чаро тарафи дигарро намебинанд? Чаро онҳо рафтори Кабириро маҳкум накарданд? Онҳо ба ин гуна саволи мунаққидон гуфтанд: Ин ҳарими хусусӣ, яъне оилавии ӯст. Аммо онҳо ба саволи дигар ҷавоб надоданд: Магар Кабирӣ бо ин зан ҳамоила буд? Агар ҳа, барои чӣ тӯли солҳои охир пайравони ӯ пайваста ҳамхонагии онҳоро инкор мекарданд, ҳамвора ин занро ба манфиатҷӯӣ ва бешарафӣ айбдор мекарданд? Агар не, яъне агар ин ду нафар ҳамсар нестанд, чаро аз нуқтаи назари қонун ва Шариат, ки онҳо худро пуштибони он мешуморанд, ин рафтори раисашонро баҳо надоданд? Магар ин кор аз нигоҳи Ислом зинокорӣ нест? Магар ин кор хилофи қонунҳои дунявӣ нест? Дар ин сурат, оё метавон танҳо ба узрҳое чун “Одам бе камбудӣ нест”, “Иштибоҳ буд” ва ё “Ҳеч кас фаришта нест” қонеъ шуд? Бале, ҳеч кас фаришта нест, аммо чаро инро пештар намегуфт? Аз худи сабти овоз ва ҳамчунин иқрори Кабирӣ бармеояд, ки ӯ бо ин зан ҳамхонагӣ доштааст. Акнун боз ба саволи боло бармегардем: Он ҳама саҳнасозиҳою масхарабозиҳо дар малаи омм, яъне аз худ фаришта тарошидану аз зан шайтон сохтан ба чӣ хотир буданд?
*****
Суҳбати Кабириро дар бораи сабти маҳрамонааш гӯш кардам. Гӯё ки сардори як ҳизби либералӣ баромад мекунад ва гӯё ки ҳамеша чунин назари либералӣ дошт: Инсон хато мекунад, кӣ фариштаи беайб аст? Мегӯяду мепурсад ӯ. Аммо пайравонаш аз ӯ намепурсанд, ки Магар шумо роҳбари ҳизби исломӣ нестед, ки ҳамеша иддаои покӣ мекардед ва аз дигарон ҳам инро талаб мекардед? Магар шумо набудед, ки чанде пеш дар як суҳбататон гуфта будед: Ман дар ҷомеа демократ, вале дар зиндагии хусусӣ мусулмони комил ҳастам ва аз рӯи талаботи шаръӣ рафтор мекунам. Канӣ он рафтор? Магар шумо ва пайравони шумо нестанд, ки дигаронро бо камтарин сарпечӣ аз Шариат маҳкум мекарданд ва ҳанӯз мекунанд? Магар пайравони шумо нестанд, ки ба ҳарими хусусии дигарон даст мезананд? Шумо чӣ фарқе аз амирони манғитие чун Абдулаҳадхон ва Музаффархон доред, ки барои камтарин хатои ахлоқӣ сахттарин ҷазо медоданд, вале худ дар ҳарамсаро ҳама корҳои хилофи ахлоқӣ анҷом медоданд? Агар чун либералҳо камбудиҳои худро намепӯшондед, шуморо фаҳмидан мумкин буд. Аммо на ҳамчун мусулмон, ки даъвои порсоӣ дореду аз дигарон онро талаб мекунед.
Жан Пол Сартр, файласуфи маъруфи асри 20-и Фаронса, ки барои адабиёт ҷоизаи Нобел ҳам гирифтааст, оиладор набуд. Хона ҳам надошт, балки тамоми умр дар меҳмонсаро мезисту дар қаҳвахонаҳои дӯстдоштааш асарҳои мондагорашро эҷод мекард. Ӯ ду маъшуқа дошт ва иддао мекард, ки ҳар дуяшро баробар дӯст медорад. Ҳамзамон барои ҳар дуяш ҳам номаҳои ошиқона менавишт. Аммо ҳеч касе ин файласуфро маҳкум намекунад. Медонед барои чӣ? Чунки ӯ худаш эътироф мекард, дар китобҳояш менавишт ва рафторашро тибқи фалсафааш (вуҷудгароӣ) дуруст мекард.
Агар фалсафаи шумо Шариати исломӣ аст, ки пайваста иддао мекунеду бо он мардуми зудбоварро дар гирди худ ҷамъ кардаед, пас аз рӯи он рафтор кунед. Дурӯягиро на либералҳо қабул доранд ва на шариатмадорон.
*****
Якчанд зиёимаоби тоҷик бо ҳимоят аз Кабирӣ бори дигар чеҳраи аслии худро нишон доданд: Ба пашизе намеарзанд, гарчанде обрую эътибори худро вақфи ин марди садомазохист* (садомазохизм таъбири Фромм аст) кардаанд. Ҳар боре расвоии ин мард фош шуд, онҳо худро пеш мекашанд, ки “На ин, балки мо расвоем”. Ин мард на фақат ба зан, балки ба ин зиёимаобон ҳам рафтори садомазохистӣ мекунад.
Чанд сол пеш мукотибаи ӯ бо Абдуқаюми Қаюмзод нашр шуда буд. Он рӯзноманигор зора мекард, ки чандсад китоберо, ки бо заҳматҳои таҳририи ӯ нашр шуда буд (зоҳиран гап сари китоби ҷашнӣ дар бораи Наҳзат мерафт), ба ихтиёри ӯ гузорад, то ӯ фурӯшаду аз ҳисоби он осиёби рӯзгорашро чанд рӯзаке чархонад. Аммо “раис” мегуфт: “Бояд бо дигарон машварат кунам”. Ӯ лоба мекард, ки дар ҷайбаш як пашизе надорад, азоби бепулӣ мекашад, қасам мехӯрд, ки барои нон пул надорад. “Раиси азиз” мегуфт: “Бояд бо дигарон машварат кунам”. Ӯ боз зора мекард, ки ин некияшро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад. “Раис” мегуфт: “Агар не, дигар некиҳоямро фаромӯш мекунӣ?!” Ӯ мегуфт: “Ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам!” Барои ҳамин аст, ки ин тоифа аз ӯ ҳимоя мекунанд ва ё об дар даҳон гирифтаанд.
Баъзеҳо аз азобу шиканҷа додани дигарон лаззат мебаранд. Онҳоро равонпизишкон садомазохист меномиданд. Онҳое, ки азобу шиканҷаи дигаронро чун зиёимаобони мо қабул доранд, худ низ садомазохистанд.
*Садомазохизм” аз таркиби ду истилоҳи “садизм” ва “мазохизм” сохта шудааст. “Садизм” ба нафароне ишорат мекунад, ки дар рафти алоқаи ҷинсӣ ҳамхоби худро шиканҷа мекунанд. “Мазохизм” нафареро дар назар дорад, ки аз шиканҷаи худ аз ҷониби ҳамхобаш лаззат мебарад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.