Ҳайдаршоҳ Акбар: Дар бораи Дарвоз ё чун ғараз омад ҳунар пӯшида шуд…

Аз он замоне, ки номи таърихии Дарвозро дар ҳудуди марказияти қадимиаш барқарор кардем гурӯҳе аз бародарон дар суҳбату маҳфилҳо огоҳу ноогоҳ аз сурати аслии масъала ба он нукта мегиранд, ки ин ном бояд дар ҳудуди пешинааш барқарор мешуд ва ё ба ҳамон шакли пешина ин ном ба таври рамзӣ боқӣ мемонду гӯё ҳудудан хурд намешуд.  Мантиқ ба ин розӣ намешавад, ки як моли нақд аз насияи нобуда беҳтару муфидтару авлотар бошад. Лозим донистам ба таври кӯтоҳ баъзе воқеияту ҳодисаҳоро дар робита ба ин минтақа ба самъи азизон бирасонам то худашон дар ин мавзӯъ қазоват бикунанд.

Якум. Агар бо басират ва огоҳӣ ба далоил бингарем ва ёфтаҳои ковишҳои маҳдуди бостоншиносии «Қалъаи куҳна» (Карон)-и ноҳияи Дарвозро мадди назар қарор диҳем, хоҳем дид, ки ба лиҳози меъморӣ ва муҳандисии шаҳрсозии бостон зери хоки ин минтақа маҷмуае ба тамому камол хобидааст.

Семенов, яке аз бостоншиносони ботаҷрибаи рус баъди мушоҳида аз ин ёдгорӣ аз бардошти худ чунин иброз дошт: “Ман намедонам ин ёдгории таърихӣ чӣ ҳаст, вале барои ман меъморӣ ва сохтори он як муъҷизаро мемонад” (Я не знаю, что из себя предстваляет этот памятник, но для меня ее архитектура и строение – это чудо).
Дар воқеъ, меъмории ин маҷмӯаи таърихӣ монанди тамоми мероси дигари фарҳангии гузаштагонамон дорои рамзу роз ва аҳдофу мафҳумхои хосу мушаххасест, ки хоси тамаддуни мардуми мо мебошад. Мавҷудияти чунин як мероси арзишманди таърихӣ далели он аст, ки ин минтақа дар замони худ муҳим будааст. Ба иборати дигар, ин минтақа дар шумори яке аз конунҳои асосӣ ва стратегии сарзамини Ориё (Ariyanvaja) қарор доштааст.
Фаридуни Ҷунайдӣ донишманди тавоно ва шореҳи “Шоҳнома”, ки ҳама умр дар пайи ҷустуҷӯи ин кишвари гумшуда ва муқаддаси ориёиҳо будааст, дар охирин китобаш (“Достони Ирон бар бунёди гуфторҳои иронӣ”, с.260) бар кандукови худ ин гуна нуқта мегузорад: “Чунин сарзамине, ки дар назди ирониён “Иронвиҷ” номида мешавад, дар Тоҷикистони кунунӣ будааст ва ирониёни бостон барои густариши меҳану мони хеш аз инҷо бархостаанд ва нарм-нарм дигар ҷойҳоро дар сарзамини Ирон обод кардаанд”.
Дувум. Ҳудуди давлати мустақили Дарвоз то тақсими аввалинаш тавассути Бритониёву Русия дар соли 1895 аз дувоздаҳ амлокдории Чилдара, Тавилдара, Сағирдашт, Сангвор, Ховун, Шикай, Нусай, Куф, Моймай, Жумарҷи боло, Ванҷ, Қалъаи Хумб ва ду бахши Язгулом (тобеъи амлокдории Қалъаи Хумб) ва бахши дарраи Тангшев иборат буд (Н.Латипов “Бекигарии Дарвоз дар охири асри XIX”).
Севум. Тақсими аввалини Дарвоз. Соли 1895 англисҳо ва русҳо Дарвозро ду тақсим ва шаш амлокдорӣ ва бахши Тангшевро ба ҳудуди Афғонистон ворид карданд (ҳоло дорои беш аз 150 ҳазор ҷамъият ва густараи беш аз 200 километри мураббаъ мебошад).
Чаҳорум. Тақсими дувуми Дарвоз: Баъди солҳои 1930 боқимондаи Дарвозро (соҳили росташро) боз ҳам тақсим карданд: ба ноҳияи Нулванд, Қалъаи Хумб, Ванҷ ва Тавилдара.
Панҷум. Тақсими севум. Соли 1939 вилояти Ғарм ташкил ва Қалъаи Хумбу Тавилдараро ба он дохил намуданд ва ноҳияи Ванҷ дар ҳайати вилояти Бадахшон қарор дода шуд.
Шашум. Тақсими чаҳорум: Баъди барҳам хурдани вилояти Ғарм Қалъаи Хумбро дар ҳудуди имрӯзааш ба ҳайати вилояти Бадахшон дохил намуда, соҳили чапи Хингобро ҷузъи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳури карданд.
Ҳафтум. Аз ин ба баъд номи Дарвоз дар ҳеҷ ҳуҷҷату санаде матраҳ набуд ва гоҳ-гоҳе ба таври рамзӣ ёдоварӣ шуда, аҳаммияташро ҳам аз даст дода буд. Ҳоло худ қазоват кунед, ки мақсади қудратҳои ёдшуда ва муттаҳидонашон аз бархурди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо охирин давлати тоҷикӣ чӣ буд?
Ҳаштум. Солҳои 1990 мо тасмим гирифтем, ки номи Дарвозро дар ҳудуди густараи таърихиаш барқарор кунем. Ва пас аз талошҳои зиёде бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи таърихии Дарвоз барқарор шуд ва замина барои таваҷҷуҳ ба таърих, фарҳанг ва ҳунари онро фароҳам кард.
Соли 1991 банда дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо тоҷикони Дарвози Афғонистон гузориш кардам, ки мавриди ҳимояти Қаҳҳор Маҳкамов, раиси Шӯрои Олии кишвар қарор гирифт. Аммо ҳанӯз рафтуомади миёни сокинони ду тарафи дарёи Панҷ бе иҷозати Маскав имконпазир набуд. Худи ҳамон сол бо раиси Кумитаи бехатарии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Александрович Крючков мулоқот кардам ва иҷрои ду пешниҳодро хостам: Яке гирифтани миқдоре замин аз шаҳраки низомии Қалаъи Хумб барои маркази ноҳия ва дувум боз кардани нуқтаҳои гумрукӣ байни ду Дарвоз. Крючков гуфт, ки дар мавриди пешниҳоди аввал бояд каме сабр кард (агарчӣ пас аз мулоқот дастури ҳалли мусбати онро ҳам дода будааст), аммо дар мавриди иҷрои пешниҳоди дуввум кумак хоҳад намуд.
Қаҳҳор Маҳкамов чун аз мулоқоти ман дар Маскав хабар ёфт, аввал каме нороҳат шуд, вале баъдан супориш дод, ки қисме аз шаҳраки низомиро ба ноҳия бидиҳанд.
Сипас дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сардори нави сарҳадбонони Русия полковник Николаев дар мулоқот бо ман хабар дод, ки дастури Маскав барои боз кардани нуқтаҳои гумрукӣ дар имтидоди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон содир шудааст ва барои иҷрои ин иқдом қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон лозим аст. Ман дарҳол лоиҳаи марбутаро омода карда, барои тасдиқ ба дасти Қозидавлат Қоимдодов, ки тоза ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда буд, супурдам.
Ин буд рӯйдодшуморӣ ё “хронология”-и кӯтоҳи тақсимоти як давлати тоҷикӣ ва далоили барқарории номи таърихии он. Ва чуноне, ки дар боло ишора намудем аз нахустин рӯзҳои иқдом ба барқарории номи Дарвоз бархе аз гурӯҳҳо нуктагирӣ мекарданд, ки “Дарвозро хурд кардед!”. Посухи мо ҳамеша ин аст, ки мо номи Дарвозро зинда сохтем ва ҳоло шумо агар мехоҳед бузургаш кунед, ба истилоҳ, ин гӯй ва ин ҳам майдон!
Дарвози Афғонистон бо шаш ноҳияи мустақилаш ин номро нигаҳ доштааст: Ховуни Дарвоз, Шикайи Дарвоз, Нусайи Дарвоз ва …
Водии Ҳисор бо он ки чанд ноҳияи дорад, боз ҳам номи ноҳияи Ҳисорро нигоҳ доштааст. Водии Кӯлоб ҳам шаҳри Кӯлоби худро дорад. Ва ҳеҷ кас роҳи касеро нагирифтааст, агар бигуянд Тавилдараи Дарвоз, Сангвори Дарвоз, Вахёи Дарвоз, Ванҷи Дарвоз, Язгуломи Дарвоз…
Аққал аз худ ин суолро бояд кард, ки магар бозгардондани номи Дарвоз ба ноҳия чӣ зиёне ба бор овардааст? Магар аз он ки номи он дар радифи минтақаҳои дигари кишвар ба забон оварда мешавад, аз таъриху фарҳанг ва ҳунари он ёд мегардад, боиси нороҳатист? Ғаразҳо ҷасорат, мардӣ ва инсофро аз ахлоқи инсонҳо салб мекунад, ба хусус дунёи имрӯз, ки масъалаи ахлоқ ба бурузтарин мушкил ва муъзали башарият табдил шудааст.
Ёдам меояд, вақте бори аввал Шералӣ Кабиров бо гурӯҳи пуртеъдоде барои боздид аз маҳалли ҳафриёти шаҳраки Карон омаданд, банда бо эҳсосот ҳарф задам ва саъй кардам онҳоро ба дарки аҳамияти ин мероси бостонӣ водорам. Аммо бештарашон бетафовут шуниданду гузаштанд. Фақат Шералӣ буд, ки ба маҷмуаи “Наврӯзгоҳ” (Маҷлисгоҳ) хеле таваққуҳ кард ва сипас ба ҳамроҳонаш гуфт: “Шумо фақат ба ин сохтмон диққат кунед, ба ин бузургиву азамат! Ба он аққал фикр кунед, ки ин қадар хокро чигуна ва куҷо бурданд? Ин кор сода ва ин ҷой одӣ нест!”.
Боре ҳам ки суҳбат аз масъалаи табдили номи Дарвоз матраҳ шуд, гуфт, ки “Худи ин ки шумо номи таърихии минтақаро барқарор кардед, худ коре таърихист”. Аз ин басират ва ҳақшиносӣ дилам бисёр хуш шуд.
Чунин масоилро огоҳон дарк мекунанд, ки ҳам донои розанду ҳам маҳрами роз. Бо онҳо метавон коре кард ва ормонҳоеро ҷомаи амал пӯшонд.

Оре, “Дили кас равшан аз сӯзи дарун аст”. Ин сӯзу дарди дарунист, ки инсонро ҷасорату ғайрат мебахшад, ҳастии худро ба пои ин роҳ мегузорад ва аз ин бахшиш лаззат мебарад.

Ҳайдаршоҳ Акбар 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.