Халилзод аз Толибон хостааст, ҷангро бас кунанд

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, мегӯяд, бо Толибон мувофиқа кардааст, ҷангу хунрезиро кам кунанд, чун идомаи хушунат, музокироти байнулафғонӣ дар Қатарро халалдор кардааст.  Залмай Халилзод дар ин бора рӯзи 15-уми октябр ва дар замоне суҳбат кард, даҳҳо ҳазор нафар дар байни ҷанги Толибон ва неруҳои ҳукуматӣ бар вилояти Ҳилманд дармондаанд.

Халилзод дар Твиттер навишт, ки ӯ ва генерал Скот Миллер, фармондеҳи неруҳои Амрико дар Афғонистон бо Толибон чанд гуфтугуе доштаанд ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аҳдҳои додаашон бар асоси созиши сулҳро қатъиян риоят мекунанд.  Созиши сулҳ байни Амрикову Толибон моҳи феврал дар Қатар имзо шуд.

Залмай Халилзод навиштааст, мувофиқа ба ин маънист, ки: “Амалиёт камтар шавад, чун ҳоло афғонҳои бисёр зиёд мемиранд.” Дипломати амрикоӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди ин талафот камтар мешавад. Музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон моҳи гузашта дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар оғоз ёфт, вале ду тараф барои хотима додан ба ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон ба пешрафте ноил нашудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.