Ҳамбастагӣ барои интихоби ояндаи шоиста. Посухи Бобоёров ба Раҳнамо

Дар ҳошияи қиёми мардуми Беларус, ки як ҳафта боз аз баҳсҳои аслии ҷомеаи бедори тоҷик мебошад,  ҷомеашинос ва файласуфи шинохта Ҳафиз Бобоёров ба матлаби сиёсатшинос ва масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо бо нашри як матлаби таҳлилӣ посух додааст, ки онро пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем:  

МОДЕЛҲОИ ЭҲТИМОЛИИ ДИГАРГУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар ин бахш назари худро дар мавриди моделҳои эҳтимолии дигаргунӣ ва рушди Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳамчунин, дар бораи баъзе моделҳои намунавӣ дар ҷаҳони муосир баён мекунам.
Моделҳои ғайриинқилобии сулҳу субот (Африкои Ҷанубӣ) ва рушд (Сингапур) метавонистанд ҳам адолати таърихӣ ва ҳам адолати иҷтимоиро таъмин намоянд, бе он ки мо онҳоро аз ҳам фарқ гузорем ва таъмини яке, яъне адолати таърихиро ба чораҳои сахтгиронаи амниятӣ ва адолати иҷтимоиро ба ояндаи номаълум вогузор намоем.
Дар акси ҳол, кишварҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон аз ду модели инқилоб – яке, модели инқилоби суннатӣ ва дигаре, модели инқилобу дигаргунии беозор эмин нахоҳанд буд.
Дар зимни баррасии ин масъала панҷ нуктаи муҳим, вале фаромӯшшуда дар мақолаи охири Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи “Тангное миёни “адолати таърихӣ” ва “адолати иҷтимоӣ””[1]-ро баррасӣ менамоям.

Оё моделҳои ғайриинқилобӣ имконпазир ҳастанд?

Дар баробари афзоиши тағйироту таҳаввулоти чашмрас дар фазои пасошӯравӣ, дастгоҳҳои идеологӣ ва идорию низомии ҳукуматҳо ҳарчи бештар ин тағйироту таҳаввулотро саркӯб мекунанд. Ҳатто Беларуси аз як тараф баста ва аз тарафи дигар пешрафтаю саноатӣ ҳам дигар эмин нест. Худи Лукашенко, дар суҳбати ихтисосиаш бо Леонид Гордон, изҳор дошта буд, ки ӯ ва ҳамтояш дар Русия абадӣ нестанд ва дер ё зуд ҳукуматҳояшонро ба дигарон вогузор мекунанд.

Дар фарҳанг ва воқеияти сиёсии пасошӯравӣ осон нест як нафар аз қудрати мутлақ даст кашад, вале ӯ дарк кардааст, ки имконияти ҳифзи беохири қудрат бо сабабҳои гуногун ғайриимкон аст. Аммо бунбаст ё худ нотавонӣ ва беиродагии ӯ барои қатъ кардани ҳукумати худ шояд ба нигаронии ӯ дар дигар маврид марбут аст: Ӯ намехоҳад баъди аз ҳукумат рафтан фаромӯш шавад ва бадтар аз ин, мавриди бозҷӯӣ ва муҳокимаи додгоҳӣ қарор гирад. Коршиносону фаъолони рус нигаронии Путинро ҳам ба ҳамин ҳолати ногувор ва номуайяни шахсӣ рабт медиҳанд.

Дар ин замина, саволе ба миён меояд: Оё аз нуқтаи назари қудрати мавҷуда роҳҳали беҳтар вуҷуд дорад ва он кадом аст? Фикр мекунам, чунин имконият то он замоне вуҷуд хоҳад дошт, ки ҳукуматдорон худашон тасмими аз қудрат рафтанро қабул кунанд, роҳро барои неруҳои созанда боз кунанд ва дар натиҷа, аз ин неруҳо ва бахусус аз мардум кафолати амнияти худро ҳам ба даст оранд.

Чунин таҳаввулот дар амалияи сиёсии ҷаҳон кам иттифоқ афтодааст, аммо як ҳодисаи нодир ва муваффақ дар Ҷумҳурии Африкои Ҷанубӣ сурат гирифта буд. Фредерик Виллем де Клерк (зод. 1936), президенти ин кишвар дар солҳои 1989-1994, барои ҳифзи ҳокимияти худ сахт пофишорӣ накард ва дар натиҷаи инқилоб мақомашро ба Нелсон Мандела (1918-2013), ки 27 соли ҳаёташро дар зиндони Апартеид гузаронда буд, вогузор кард.

Гузаштҳои дуҷонибаи онҳо режими нажодпарастии Апартеидро аз байн бурд. Барои татбиқи чунин модели сулҳ ва интиқоли қудрат ҳардуи онҳо ба Ҷоизаи Сулҳи Нобелӣ қадрдонӣ шуданд.

Модели дигаре барои таҳаввул ва интиқоли қудрат дар кишварҳои пешрафтаи Осиё – Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур ташаккул ёфтааст. Сарвазири мумтози Сингапур Ле Куан Ю (1923-2015) барои 31 сол (1959-1990) ҳукумат карда, танҳо дар соли 1990 аз мақомаш даст кашид, вале чун девонсолор ва ройзани меҳтар фаъолияташро дар ҳукумат идома дод. Ӯ кишварашро аз ҳошияи инзивошудаю дурафтодаи ҷаҳони сеюм ба ҳаби пешрав ва донишмеҳвар ва саноати кишоварзии қафомондаашро ба технологияҳои навини иттилоотию коммуникатсионӣ табдил дод. Аммо дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон ин муҳлатро ҳатто барои мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ, аз он ҷумла таъмини амният кофӣ намедонанд, куҷо расад ба яке аз кишварҳои пешрафтатарини ҷаҳон табдил додани он. Дар модели Сингапур усули шоистасолорӣ дар интихоби кадрҳо ва муборизаи беамону гузаштнопазир бо фасоди идорию молӣ нақши калидӣ доштааст. Он зарурате ба вуҷуд овард, ки Ле Куан Ю муддати тӯлонӣ дар сари қудрат бимонад, то либерализми авторитариро ҷойгузини авлодмеҳварӣ, маҳалгароӣ, қавмпарастӣ, нажодпарастӣ ва монанди ин ҳалқаҳое созад, ки манфиатҳои умумиро помол мекунанд.

 Аммо дар кишварҳои осиёии пасошӯравӣ баръакси ин ҳолро мебинем: яъне муддати тӯлонӣ дар сари қудрат мондани ҳукуматҳо боиси таҳкими робитаҳои хонаводагӣ, авлодӣ, маҳаллӣ ва монанди инҳо дар сатҳи давлатдорӣ мегардад. Ҳатто ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон мекӯшанд сулолаҳои хонаводагӣ таъсис диҳанд.

Маҳз ҳамин вазъият яке аз сабабҳои аслии дар бунбаст ва рукуди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мондани ин кишварҳо дар тӯли қариб се даҳсола гардидааст. Барои қиёс, Ле Куан Ю як сол бештар аз се даҳсола дар сари қудрат буд, аммо кишварашро аз рӯи Индекси рушди инсонӣ дар байни 189 давлати ҷаҳон дар ҷойи 9-ум қарор дод.

Оё ҳукуматҳои пасошӯравӣ омода ҳастанд яке аз ин моделҳои интиқоли қудрат ва таҳаввули фазои сиёсию иҷтимоӣ ва рушди иқтисодию инсониро интихоб кунанд? То ҳанӯз мебинем, ки ҳеч кадоме омода нест. Аммо як воқеияти дигар набояд фаромӯш шавад, ки то ҳоло аксарияти ҳукуматдорон (элитаи ҳукмрони давлат) ё бо марги табии худ (Борис Елтсин, Сафармурод Ниёз ва Ислом Каримов) ва ё аз роҳи табдили қудрати сиёсӣ дар натиҷаи инқилоб иваз гардидаанд.

 Минбаъд ҳам ҳукуматҳои боқимонда, аз он ҷумла Беларус, Русия ва Тоҷикистон иваз хоҳанд шуд. Онҳо дер ё зуд иваз мешаванд, вале саволи асосӣ боқӣ мемонад: Агар ин ҳукуматҳо моделҳои осоиштаи рушд ва интиқоли қудратро напазиранд, чӣ гуна онҳо иваз мешаванд ва ҳукуматҳои нав дар чӣ шароите ба миён меоянд?

Модели суннатии инқилоб

“Романтикҳо идеяи инқилобро эҷод, фанатикҳо амалӣ ва нокасон аз он ҳосил мегиранд”. Нависанда ва файласуфи англис Томас Карлайл (1795-1881) дар асоси мушоҳида ва таҷрибаи худ аз аввалин инқилобҳо дар Аврупо ва Амрико ба чунин хулоса расида буд. Чунин хулосаро метавон ба ҳама гуна инқилобҳои хунин нисбат дод.

Дар таърихи навини башар бисёре аз моделҳои мавҷудаи инқилоб ва табдили қудрати сиёсӣ осоишта ва беозор набудаанд. Модели инқилоби болшевикӣ ба ҷои озодӣ бахшидан ба гурӯҳҳои гуногун, ба саркӯбии ваҳшиёнаи онҳо аз рӯи тааллуқиятҳои синфиашон даст зада буд (Дар ҳоле ки тааллуқияти синфӣ худ як афсонаи дастгоҳи саркӯбгар аст). Аслан, дар фазои шӯравӣ ва пасошӯравӣ табдили қудрати сиёсӣ падидаи маҳдуди дарборӣ буд, яъне дар як давраи мувофиқ муборизаҳои пинҳон дар байни нухбагони сиёсӣ (қабилавӣ, қавмӣ, мазҳабию динӣ ва синфӣ) ба муборизаҳои ошкор, қатлу куштор, табаддулоти давлатӣ, саркӯбии ҳукуматхоҳон аз тарафи ҳукуматдорон ва ё сарнагунии ҳукуматдорон аз тарафи ҳукуматхоҳон табдил меёфт. Ба ифодаи дигар, саркӯбӣ ва сарнагунии як гурӯҳ аз тарафи гурӯҳи дигари қудратманд инқилоб номида мешуд. Барои машруияти ҳукумати худ, гурӯҳи пирӯз амали худро чун “ҷиҳод” ва ё “инқилоби сотсиалистӣ”  таъриф медод.

Ҳамин гуна инқилобҳо ҳам дар аҳди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ иттифоқ афтоданд. Дар маркази ин иттиҳод як гурӯҳи қудратманд бо роҳбарии Елтсин гурӯҳи ҳукмронро шикаст дода, ба сари қудрат омад.

Дар ҳоле ки онҳо арзишҳои демократиро шиори муборизаҳои сиёсии худ карда буданд, дар рафтор ва муносибатҳои минбаъдаи давлатсозиашон аз ҳукуматдорони пештара сахтгиртару худкоматар ва нобасомонтар буданд. Бинобар ин, “демократияи елтсинӣ” ин ҳамон сӯиистифода аз шиорҳои демократӣ ва либералие буд, ки дар асл ба рӯйи кор омадани гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ғайридемократӣ мусоидат мекард.

 Табиист, ки ҳукумати баъдиелтсинӣ ҳам натавонист аз унсурҳои олами ҷиноӣ мубарро гардад, балки ҳалқаҳои нуфузи олигархия ва неруҳои интизомиро ба қудрати сиёсӣ наздик кард. Ҳамин гуна, инқилобҳои Қирғизистон ҳам наметавонанд намунаи мусбати табдили қудрат бошанд. Гарчанде табдили доимии қудрат дар “ҷазираи озодӣ” ҳамеша нокасон (бале, маҳз нокасон ба ҷуз Роза Отамбоева!)-ро банавбат сари қудрат овардааст, вале наметавон розӣ шуд, ки Аскар Акаев беҳтарин ва демократитарин ҳукуматдор буд. Маҳз фасодкориҳо, саркӯбиҳо ва билохира, мувофиқааш бо Чин барои додани хоки кишвараш мардумро ба шӯр оварда, ба майдонҳо кашид.

Рафтани ӯ аз қудрат дар пайи “инқилоби лола” дар соли 2005 “адолати таърихӣ”, яъне якпорчагии Қирғизистонро ҳифз кард, гарчанде фасодкорӣ, бекорӣ ва дигар беадолатиҳои иҷтимоиро аз байн бурда натавонист.

Дастикам табдили қудрат метавонад кафолати адолати таърихӣ бошад, на баръакс. Аз ин рӯ, ин мисолҳоро барои беэътибор кардани арзишҳои демократӣ истифода кардан ноҷо ва беасос аст.

Умри баъзе ҳукуматҳои худкомаи пасошӯравиро модели исломи сиёсӣ, ки ба усули ҷиҳод бунёд ёфтааст, тавонист дарозтар кунад. Ҳаракатҳо ва инқилобҳои исломи сиёсӣ худашон ба саркӯбии занон ва дигар неруҳои дунявӣ ва ғайриэътиқодӣ даст мезананд. Дар Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мешуд аз модели ҷиҳод истифода шавад, ки дар он нақши марказиро рӯҳониён иҷро мекунанд ва ҳамаи дигарон, аз он ҷумла зиёиён дар гирди онҳо ҷамъ меоянд.

 Чунин модел на фақат осоишта ва беозор нест, балки ҳамеша ба шикасту нокомӣ мувоҷеҳ мешавад, чун қудратҳои минтақавӣ (Русия, Чин, Узбекистон ва Қазоқистон) онро таҳдид ба амнияти дохилии худ мешуморанд. Аммо беадолати иҷтимоӣ, аз он ҷумла бекорӣ, муҳоҷирати саросарии корӣ, фасодкорӣ, интихоби кадрҳо аз рӯи авлодмеҳварӣ (непотизм) ва маҳалгароӣ, сатҳи пасти илму маориф, тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ метавонад ҳар замон ин моделро дар кишвари мо имконпазир гардонад. Ифротишавии қишрҳои фаъоли ҷомеа ҳамчун таҳдиди асосӣ ба амнияти миллӣ, пеш аз ҳама, ба ин ҷанбаҳои беадолатии иҷтимоӣ вобаста мебошанд.

 

Модели инқилоби беозор

То ҳанӯз ҳукуматҳои мавҷуда афсонаеро талқин мекунанд, ки онҳо кафили пойдории сулҳу субот ҳастанд. Тибқи ин афсона, кишварҳои пасошӯравӣ дар як марҳилаи таърихӣ ба низомҳои қавию сахтгири мутамарказ ниёз доранд. Дар ин марҳила, чуноне ки Абдуллоҳи Раҳнамо иддао мекунад, низомҳои идории давлатмеҳвар ҳанӯз заифанд ва ихтилофи дарунии ҷомеа шадид буда, “талоши татбиқи бошитоби демократия ва либерализм барои ин кишварҳо ҳамчун давлат марговар аст.”

 Дар идома ӯ мегӯяд: “Ва то замоне, ки ин ҷомеаҳо ё ақаллан элитаи фикрию сиёсии онҳо худ ба сатҳи андешаи демократӣ нарасанд, чунин хоҳад буд.” Бо чунин ҳукм, Раҳнамо дар назар дорад, ки бе ҳукуматдорон ва зиёиёни демократӣ тағйири вазъ ғайриимкон хоҳад буд ва зоҳиран умедвор аст, ки элитаи мавҷуда дар кадом як ояндае демократӣ мешавад.

 Аммо воқеият дигар аст: Нахуст, ҳамин гуна як қишр ва ё синфи алоҳидаю ягона ва муташаккиле бо номи “элитаи сиёсию фикрӣ” вуҷуд надорад, балки он аз қишрҳо ва гурӯҳҳои гуногун, аз он ҷумла элитаи ҳукмрони сиёсию фикрӣ ва элитаи исломи сиёсӣ иборат аст, ки вобаста ба манфиатҳо метавонанд мавқеъ ва арзишҳои сиёсию ҷамъиятии худро иваз кунанд.

Дигар, равандҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки элитаи ҳукмрони сиёсию фикрӣ на ба самти демократия, балки ба самти авторитаризм қадамҳои устувор мебардорад. Аз ин ҷиҳатҳо ба умеди қишри хаёлии “элитаи сиёсию фикрӣ” нишастан, ки арзишҳои демократиро худ қабул ва сипас ҷомеаро демократӣ мекунанд, беҳуда ва абас аст.

Умедвор шудан, ки арзишҳои демократӣ аз дохил ташаккул меёбанд, бенатиҷа хоҳад буд, агар худи огоҳон, фаъолони шаҳрвандӣ ва ҳукуматдорони масъул ба ташвиқу татбиқи фаъолона ва ниҳодинаи ин арзишҳо напардозанд. Аз дохил иваз ва таҳаввул додани арзишҳо ва муносибатҳои ҷомеа ҳамеша ба манфиати давлату миллат аст, то он ки интизор бошем аз берун гурӯҳе бо роҳи зӯрӣ ҳукуматро иваз намояд, вале ҷомеа демократӣ нашавад. Ман низ ба ин назар ҳастам, ки набояд демократия “воридотӣ” бошад, ки боиси бесуботӣ ва ба қавле “марги давлатӣ” гардад, балки зарур аст ҳарчи зудтар ба ислоҳоти демократии вазъи дохилӣ пардозем, то чунин оқибатҳои фоҷеабор пеш наоянд.

Албатта, тоҷикон наметавонанд фарҳанги иштирок ва муборизаи сиёсии худро бо мардумони дигар, бахусус беларусҳо қиёс кунанд. Фарқиятҳо бисёр ҷиддӣ ва усулӣ ҳастанд. Барои ҳамин, дар марҳилаи кунунӣ (!) дар Тоҷикистон рух додани модели монанд ба Беларус ва ё Арманистон ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, метавон таҷрибаҳои иштирок ва муборизаи беозори онҳоро омӯхт ва ҳамчунин, модели дохилии худро барои пайкори беозор пайдо ва эҷод кард. Раҳнамо низ зарурати чунин ислоҳоти демократӣ аз дохил, махсусан “механизми рафтан ва интиқоли қудрат” (дар мисоли Беларус)-ро дарк кардааст. Аммо ин механизм набояд ҳокимияти як гурӯҳ ва як сулолаи оилавиро идома бахшад, чуноне ки худи Раҳнамо ва ҳатто рӯзноманигорони мухолиф пешниҳод мекунанд, вагарна чунин интиқоли қудрат метавонад хатарҳои бештар дар пай дошта бошад.

То имрӯз мардуми Беларус аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон дод: дар ҷавоб ба фишор, таҳдид, истифодаи яроқ ва техникаи интизомию ҳарбӣ аз тарафи ҳукумат, мардум аз усули беозор бештар истифода кард. Агар дар ин кишвар дар оқибати кор интиқоли қудрат сурат гирад, онро бояд “инқилоби занҳо ва гулҳо” номид. Ҳама ба ин инқилоб саҳм мегузоранд, бахусус занҳо, ки ба кӯчаҳои шаҳр рехтанд ва қувваҳои низомиро бо табассум ва гул истиқбол карданд. Як бонуи рассом, ки дар Полша қарор дорад, нақшҳо ва гулкориҳои компютерие месозад ва паҳн мекунад, ки мароми инқилоби беозорро ташвиқ мекунанд. Барномасозони беларус, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, барои осебдидагон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Сарбозони неруҳои махсус сипарҳояшонро ба замин мегузоранд. Иттифоқҳои коргарӣ (касаба) аз ҳуқуқи коргарон ҳимоят мекунанд ва роҳбарони корхонаҳо ҳам ба эътирози мардумӣ мепайванданд. То ин замон аз чунин модели инқилоб дар фазои пасошӯравӣ иттифоқе наафтода буд, агар истифода аз мусиқиро дар инқилоби Арманистон дар соли 2018 ба назар нагирем.

Ҳукуматдорони Беларус ва бовар дорам, элитаи сиёсии дигар кишварҳои пасошӯравӣ чунин ранг гирифтани эътирозҳои мардумиро дар ин кишвар пешгӯӣ карда наметавонистанд.

Ҳатто бисёре аз коршиносони ғарбӣ ҳам фикр надоштанд, ки мардуми ин кишвари пешрафтаи саноатӣ ва муҷаҳҳаз ба технологияи муосир ба номзади мухолиф овоз медиҳанд ва барои он пофишорӣ мекунанд. Бар замми ин, Лукашенко бовар дошт, ки дар акси ҳол бо фишору таҳдид ва зӯроварӣ мардумро метарсонад, рақиби худро аз ватан берун мекунад, фаъолонро ба боздоштгоҳ мекашад, дар расонаҳои расмӣ аз онҳо чеҳраи ҷиноӣ ва хориҷӣ метарошад ва ҳамин гуна, натиҷаи матлуби худро ба даст меорад: Дигар рӯзҳо мардум ба майдон намебароянд, зӯровариро бо гул истиқбол намекунанд ва посдорони тартиботи ҷамъиятӣ оҳиста-оҳиста аз зӯроварӣ даст мекашанд.

 Шояд Лукашенко тавонад (бо ҳимояти хориҷӣ) бори дигар мардумро саркӯб кунад ва чанд соли дигар дар қудрат монад. Аммо бо гузашти замон умри ӯ ҳам мегузарад ва роҳу усулҳои навини муборизаи беозор падид хоҳанд омад. Яке аз бартариятҳои ӯ дар ин гирудорҳо қатъи интернет ва шабакаҳои паёмрасон буд. Аммо дар ояндаи наздик чунин кор ғайриимкон хоҳад буд, чун бо гумони ғолиб интернети фаромиллии Starlink ҷои расонандаҳои маҳаллиро хоҳад гирифт.

 Интернети саросарӣ ва шабакаҳои паёмрасони дахлнопазир ҳукуматдоронро аз сарчашмаҳои бисёр муассири контроли иттилоот маҳрум хоҳад кард. Дар ин росто, саволи Элон Маск ба муроҷиати мардуми Беларус барои ёрӣ, ки “Барои шумо ман чӣ кор карда метавонам?” худ як вокуниши рамзӣ аст.

Дар байни адолати таърихӣ ва адолати иҷтимоӣ фарқияти усулӣ гузоштан нашояд

Ба назари Абдуллоҳи Раҳнамо, интиқоли қудрати сиёсӣ метавонад хатарҳои зиёд дар пай дошта бошад. Бахусус, он метавонад якпорчагии давлатро дар зери хатар гузорад. Барои исботи ин иддао ӯ Озарбойҷон, Молдова, Гурҷистон ва Украинаро мисол меорад. Ӯ ҳамаи ҳодисаҳои дар ин кишварҳо ва дар давраҳои гуногун рухдодаро ба омили ягона, яъне инқилоб рабт дода, омилҳои асосиро фаромӯш мекунад. Ин ҷо мехоҳам панҷ омили асосиро шарҳ диҳам, ки дар айни замон, нишон медиҳанд фарқгузорӣ дар байни “адолати таърихӣ” ва “адолати иҷтимоӣ” сунъӣ, якҷониба ва худ таҳдидкунанда ба амнияти давлатӣ ва рушди инсонӣ мебошад:

1. Яке аз ин омилҳои фаромӯшгардида тақсимоти миллӣтерриториявӣ хилофи адолати таърихӣ аз замони барпо гардидани ҳокимияти шӯравӣ мебошад. Ҳукумати шӯравӣ ин модели қавммеҳвар (этносентрӣ)-ро бо мақсади “тақсим бикун ва ҳукумат рон” истифода мебурд. Маҳз ҳамин модел сабаби асосии ихтилофҳо дар байни арманҳо ва озариҳо, гурҷиҳо ва осетинҳо, узбекҳо ва қирғизҳо, тоҷикҳо ва узбекҳо ва ғайра будааст, на инқилоб дар ин сарзаминҳо, чуноне ки коршинос иддао мекунад.

  Тӯли 70 сол ҳукумати Шӯравӣ бо зӯроварӣ ин гуна ҳудудҳои сохтаро нигоҳ медошт ва баробари пош хӯрдани ин абарқудрат танишҳо дар байни қавмҳо ва ҷумҳуриҳои қавммеҳвар шиддат гирифт. На инқилоб, балки тақсимоти қавммеҳвар боиси ҷангу куштор дар байни Озарбойҷон ва Арманистон, дар Молдова, дар вилояту шаҳри Оши Қирғизистон ва ҳамчунин, дар минтақаҳои наздисарҳадии водии Фарғонаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мегардид ва бадбахтона ҳанӯз мегардад.

Дар мавриди охир ҳатто масъалаҳои “адолати иҷтимоӣ”, чун муноқиша дар сари обу замин ва чарогоҳ ва нобаробарии тақсимоти ин сарватҳо муҳимтар будаанд. Танишҳо дар байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар марҳилаи ибтидоӣ хомӯш гардиданд, чун мардуми ҳамсоякишвар аз ҳаракатҳои исломи сиёсӣ сахт ҳаросид ва бо истифода аз фурсат ҳукумати он сарҳадро минакорӣ кард.

Аз ин дидгоҳ, набояд “адолати таърихӣ”-ро ба сарҳадҳои қавммеҳвар маҳдуд кард, балки роҳҳои осоиштаи ҳамкорӣ дар байни ин ду кишвар ҷустуҷӯ намуд, ки марзҳояшонро пурра кушоянд ва ба як иттиҳоди конфедеративӣ наздик шаванд. Чунин иттиҳод метавонад бисёре аз мушкилоти забонӣ, қавмӣ ва ҳатто сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро дар байни тоҷикону узбекон ва ҳамчунин, ақаллиятҳое, ки ба дигар забонҳо гап мезананд, рафъ намояд. Аз он ҷумла имконият фароҳам хоҳад омад, ки тоҷикони Узбекистон ба забони модарии худ ва узбекони Тоҷикистон ба забони модарии худ таҳсил ва кору фаъолият кунанд. Боз ҳам, “адолати таърихӣ” на адолати болшевикии тақсими ноодилонаи марзҳо, балки барқарор кардани ҳамзистии қавмҳои муқими кишварҳои минтақа ва билохира, рамзсозии марзҳои давлатӣ (чун дар Иттиҳоди Аврупо) мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат ҳеч инқилоб ва дахолати хориҷие наметавонад тамомияти марзии ин кишварҳо, аз он ҷумла Тоҷикистонро дар зери хатар гузорад.

    2.  Омили дигар хости ҳукумати мавҷудаи Русия ҳам барои имтиёзи сиёсӣ доштан дар кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳам барои ҳифзи низоми авторитарӣ дар дохили худ ба шумор меравад. Бо сабаби аз даст додани имтиёзи худ дар натиҷаи таҳаввулоту инқилоб дар Молдова, Гурҷистон ва Украина, ҳукумати Русия онҳоро ҷазо дод.

 Ин ҳукумат тавонист дар кишварҳои Иттиҳоди Авруосиё ва бахусус Тоҷикистон имтиёзҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодиашро нигоҳ дорад. Дар баробари ин, он имтиёзашро аз ҳисоби ҳимояи ҳукуматҳои худкома таъмин мекунад.

Новобаста ба ин ҳама, таҷрибаи табдили қудрати сиёсӣ дар Арманистон нишон дод, ки инқилоб, агар он дар шакли беозор ва дар сатҳи баланди маданӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба дигар қавмҳо ва ҳуқуқи онҳо сурат гирад, наметавонад қудратҳои хориҷӣ, аз он ҷумла Русияро ба дахолати низомӣ водор кунад. Ҳатто инқилобҳои мукаррари Қирғизистон, таҳаввули қудрати сиёсӣ дар Қазоқистон ва Узбекистон низ ба тамомияти давлатии онҳо хатаре эҷод накарданд. Пас, иддаои таҳдидкунанда будани интиқоли қудрат ба тамомияти марзӣ наметавонад дар ҳама ҳолат, бахусус дар ҳолати интиқоли осоишта, беозор ва маданӣ асос дошта бошад.

Илова бар ин, дахолат ва фишори хориҷӣ наметавонад абадӣ бошад, чун ҳар ҳукумате дер ё зуд иваз мегардад. Неруҳои демократие, ки дар Русия ташаккул ёфта истодаанд, усулан зидди дахолати кишварашон ба тамомияти марзии кишварҳои пасошӯравӣ ҳастанд.

     3. Баъзе коршиносони масоили байналмилалӣ, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, омили тавсиаи таъсири Чинро дар доираи лоиҳаи ин абарқудрат бо унвони “Ташаббуси камарбанд ва роҳ” сарфи назар мекунад. Кайҳо дар январи 2011 Чин 1142 километри квадратӣ ҳудуди ҷуғрофии Тоҷикистонро аз худ карда буд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳеч гуна инқилобу интиқоли қудрати сиёсӣ воқеъ нашуда буд. Рафтори Чин дар дигар кишварҳо ва минтақаҳо нишон медиҳад, ки он метавонад дар оянда даъвои бештари ҳудуди Тоҷикистонро дар миён гузорад. Дар расонаҳои расмии Чин нашр шудани даъвои таърихии он ба ҳудуди бузурги Тоҷикистон беасос набуда, ба ҳамин ояндаи тира ишорат мекунад.

 Афзуда бар ин, дар ҷаҳони постколониалӣ таҳдиди воқеӣ ба “адолати таърихӣ”, яъне тамомияти марзӣ дар шаклҳои гуногун сурат мегирад. Чин аз василаҳои молӣ ва иқтисодии аз худ кардани ҳудуди ҷуғрофии дигар кишварҳо истифода мебарад.

Он тадриҷан кишвареро ба барномаҳои иқтисодиаш вобаста мекунад, барои зерсохтори рушди тиҷоратии худ дар ин кишвар ва минтақа ва ҳатто барои иншооти аз назари иқтисодӣ бефоида қарз медиҳад, қарзи ин кишварро ба ҳадди буҳронӣ меафзояд ва саноати аз назари экологӣ зараровари худро ба ин кишвар интиқол медиҳад. Дар натиҷа, кишвари мавриди экспансияи иқтисодии ин абарқудрат маҷбур мешавад ба шароити он барои пардохти қарз розӣ шавад. Имрӯз Тоҷикистон аллакай маҷбур шудааст конҳои тилло ва дигар маъданҳои қиматбаҳоро дар ихтиёри ширкатҳои муштараки чинӣ ва элитаи ҳукмрони тоҷик бо номи Талко-Голд барои даҳсолаҳо вогузор намояд. Яъне дар ҳудуди Тоҷикистон анклаваҳои иқтисодии фаромиллӣ ба вуҷуд омада истодаанд. Ин анклаваҳои иқтисодӣ (саноатӣ ва маъданӣ) неруи кории чиниҳоро низ ворид карда, бар шаҳрвандони Тоҷикистон афзалият медиҳанд. Ин анклаваҳо бо истифода аз сӯзишвории сиёҳ (ангиштсанг) ва технологияи кӯҳнаи коркард муҳити экологии Тоҷикистонро вайрон мекунанд. Онҳо дар харитаи экологии кишвар доғҳои бузургтареро ба вуҷуд меоранд, ки чун замина барои ба колонияи хокӣ[2] табдил ёфтани кишвар хизмат мекунанд.

 Рӯзе ҳам метавонад расад, ки дигар конҳои стратегӣ барои пардохти қарзҳои Чин кофӣ нахоҳанд буд ва он даъвои “таърихӣ”-и худро дар миён мегузорад. Оё дар он лаҳза мо чӣ гуна аз “адолати таърихӣ”, яъне ҳуқуқи таърихии худ ба сарзамини Бадахшон ҳимоя хоҳем кард? Кор ба ин оқибати нангин намерасад, агар аз ҳоло аз пайи баргардондани қарзи давлатӣ ба Чин бишавем ва аз сохтмони иншоотҳои истеъмолӣ чун бинои Парлумон аз ҳисоби маблағи ин кишвар даст кашем.

  4.  Баъзе коршиносони стратегии тоҷик бархӯрди “манфиатҳои геополитикӣ”-ро маҳдуд арзёбӣ мекунанд. Чунин таассуроте ҳосил мешавад, ки онҳо дар асоси адабиёти шӯравӣ ва ҳатто эронӣ ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Яъне ҳукуматҳои пасошӯравӣ аз манфиатҳои миллӣ дар рӯёрӯи манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ҳимоя мекунанд, чуноне ки Иттиҳоди Шӯравӣ мекард ва чуноне ки Ҷумҳурии исломии Эрон мекунад. Чунин шинохт воқеияти бархӯрдҳои манфиатҳои геополитикӣ ва глобалиро дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи он ифода намекунад, балки он ҷуз хониши рӯякии идеологӣ барои сафед кардани ҳукуматҳо нест. Викиликс, файлҳои Панама, моҷароҳои байналмилалии молӣ, пулшӯӣ тавассути ширкатҳои офшорӣ, либерализатсия (!) ва варшикаста кардани иқтисоди бумӣ ва миллӣ бо лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалии молӣ ва тиҷоратӣ маводи фаровонеро барои олимон, коршиносон ва рӯзноманигорон фароҳам овардаанд, ки элитаи ҳукмрони сиёсиро чун баҳрабардорони манфиатҳои геополитикӣ ва глобалӣ ташхис медиҳанд.

 Маводи бадастомада ҳарчи бештар далел медиҳанд, ки “манфиатҳои геополитикӣ” асоси илмӣ надоранд, балки воқеияти муносибатҳои байналмилалиро “иқтисоди глобалӣ”-и элитаҳои ҳукмрони корпоративӣ ташкил медиҳад.

Аз ин нуқтаи назар, элитаи сиёсии пасошӯравӣ низ манфиатҳои миллиро зери хатар гузошта, манфиатҳои оилавӣ ва корпоративии худ ва шарикони маҳаллию минтақавӣ ва ҷаҳониашонро ҳимоят мекунанд. Онҳо кайҳо бахши элитаи глобалӣ ҳастанд ва мафҳумҳои “миллат” ва “давлати миллӣ” ҷуз шиорҳое барои пинҳон кардани чеҳраи аслиашон нест.

Дар ҳамин доираи бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ ва ё аниқтараш манфиатҳои глобалии элитаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ демократия ва арзишҳои он ба абзори сиёсӣ табдил меёбанд. Дар ҳамин нукта, яъне на ҳамчун “низоми арзишҳо”, балки ҳамчун “абзори сиёсӣ” хизмат кардани демократия бо Раҳнамо ҳамрой ҳастам. Аммо дар нуктаи “абзори сиёсии қудратҳо”, яъне дар шиносоии элитаи ҳукмрон ӯ боз ҳам яктарафа баҳо медиҳад ва нақши вакили дифои элитаи ҳукмронро иҷро мекунад. Гӯё ҳукуматҳои пасошӯравӣ дар хизмати мардум қарор доранд. Бадбахтона, воқеият чунин нест.

Барои дарки паҳлуҳои дигари воқеият биёед ба баъзе тафсилот назар афканем: Элитаҳои ҳукмрони кишварҳои фасодзада ва ҳомиёни байналмилалии онҳо ниҳодҳо ва шабакаҳои хос ва аз чашму фаҳми мардум пинҳон барои ҳамкорӣ доранд. Барои онҳо қонунҳои истисноие, чун раводидҳои дипломатию “тиллоӣ”, душаҳрвандию чандшаҳрвандӣ, иқомати доимӣ, моликиятдорӣ ва хизматрасониҳои офшорӣ, ҳамкориҳои корпоративӣ ва машваратҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вуҷуд доранд. Масалан, дар минтақаҳои офшорӣ ҳеч мақомоти давлатие ҳаққи дахолат ба моликияти сарватмандон, назорат ва тафтиши даромади харидорони қасрҳо ва дигар объектҳои моликияти офшорӣ ва андозбандии давлатӣ надорад.

Ҳукуматдорони собиқ (чун Тони Блейер, Герҳард Шрёдер ва Ҳенри Киссинҷер) ва дигар шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳони Ғарб барои ҳифзи обрую эътибори ҳукуматдорони худкомаи пасошӯравӣ ширкатҳои тарғиботӣ таъсис дода, солона барои хизматрасонӣ (маъракаҳои PR дар расонаҳо, лоббигарӣ дар мақомоти қонунгузории кишварҳои ғарбӣ ва монанди инҳо) миллионҳо доллар аз ҳисоби он худкомаҳо пул кор мекунанд.

 Барои ин гуна ширкатҳои бонуфузи ғарбӣ, ки ба доираҳои тасмимгиранда ва қонунсоз таъсир мегузоранд, манфиатҳои молӣ муҳим аст, на арзишҳои демократӣ. Барои мисол, ширкатҳои хоси байналмилалӣ дар Ню Йорк барои дар бозори офшорӣ ҷобаҷо кардани маблағҳои элитаи ҳукмрони пасошӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон дар Конгресси Амрико, Парлумони Норвеж ва ғайра лоббигарӣ мекунад, то санксияҳо дар ҷавоб ба рафторҳои коррупсионӣ ва авторитарии онҳо қабул нагарданд. Ширкатҳои дигар аз Назарбоев ва мухолифи ӯ Аблязов миллионҳо доллар мегиранд, то тавассути маъракаҳои PR дар расонаҳои хориҷӣ ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ обрую эътибор бахшанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар дуи онҳо миллиардҳо доллар сарвати миллиро ғасб карда, ба минтақаҳои офшорӣ интиқол додаанд. Талко низ садҳо миллион долларро тавассути ширкатҳои офшорӣ ба ҳисобҳои хориҷии ҳукуматдорони тоҷик интиқол медиҳад, вале ширкатҳои машваратӣ ва лоббистӣ аз амалиёти байналмилалии он ҳимоя мекунанд. Барои чунин хизматрасонӣ Талко то ҳол даҳҳо миллион доллар пардохт кардааст.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ҳукуматдорони пасошӯравӣ, ки миллиардҳо долларро аз худ кардаанд, ба минтақаҳои амни офшорӣ баровардаанд ва барои ин миллионҳо доллар ба ширкатҳои машварати ҳуқуқӣ, лоббистӣ ва чеҳрасозӣ пардохт намудаанд, аз кадом “манфиатҳои миллӣ” ва “адолати таърихӣ” ҳимоя мекунанд? Магар ин миллиардҳо доллар наметавонистанд ин адолат ва манфиатҳоро дурусттару беҳтар ҳимоя кунанд?

 Оё Раҳнамо “адолати иҷтимоӣ” гуфта ҳамин миллиардҳо доллари дуздидаро дар назар надорад ва магар зиддиятгузорӣ дар байни “адолати таърихӣ” ва “адолати иҷтимоӣ” пардапӯш кардани чунин ҷиноят нест?

Вақте ки миллиардҳо доллар сарвати миллӣ дуздида ва бо ҳамдастии хоссагони глобалӣ берун кашида мешаванд, дигар аз кадом “манфиатҳои геополитикӣ”-е метавон ҳарф зад, ки хилофи манфиатҳои миллӣ ҳастанд ва танҳо элитаи ҳукмрон ва сулолаи хонаводагии ӯ кафили ҳифзи ин манфиатҳо мебошанд?

Бо назардошти ҳамаи ин саволҳо, набояд мо арзишҳои демократиро дуюмдараҷа ва татбиқи онҳоро баробар ба “баъзе ҷиҳозро ҷобаҷо кардану баъзе гӯшаҳоро таъмир кардан” донем. Агар арзишҳои демократӣ “баъзе ҷиҳоз” ва “баъзе гӯшаҳо” ҳам бошанд, имкон надорад, дар хонаи сохтаи худкомае чун Ислом Каримов (мисоли худи Раҳнамо) онҳоро ҷобаҷо ва таъмир кунем. Агар Мирзиёев дар он хона баъзе ҷиҳозро ҷобаҷо ва баъзе гӯшаҳоро таъмир мекард, ҳеч зарурати дастдарозӣ ба моликияти офшории фарзандони Каримов набуд.

Нахуст, дар шароити чунин бархурдҳои глобалии манфиатҳои элитаҳои ҳукмрон танҳо сохти демократӣ, ки пеш аз ҳама, интиқоли доимии қудратро таъмин ва фасоди идорию молиро маҳдуд мекунад, кафолат медиҳад, ки “хона”-и ормонӣ бисозем. Пояҳои ин “хона” на фақат арзишҳои “адолати таърихӣ”, балки арзишҳои демократӣ чун озодии ирода, озодии интихоб, озодии баён ва озодии виҷдон ба шумор мераванд. Агар дар чунин самти адолати иҷтимоӣ Мирзиёев корҳои усулие анҷом диҳад, онгоҳ адолати таърихӣ барқарор ва рушди пойдори кишвараш таъмин мегардад. Дар акси ҳол, ҳамеша таҳдиди дахолати хориҷӣ ва хатари сар задани қиёму инқилоби гурӯҳӣ ва мазҳабӣ, чунончи дар қабои исломи сиёсӣ боқӣ хоҳад монд.

5. Аз дидгоҳи адолати иҷтимоӣ, дигар омилҳо аз он ҷумла инқилоб ва дахолати хориҷӣ (Русия ва Ғарб) муқассирони ягона ва аслии таҷзияи кишварҳое чун Гурҷистон ва Украина буда наметавонанд. Балки ҳукуматҳои худкомаи тоинқилобӣ беадолатии иҷтимоӣ ва нобаробарии гурӯҳӣ, қавмӣ, забонӣ ва минтақаиро амиқтар карда буданд. Дар чунин вазъият неруҳои дохилӣ ва хориҷии ҷудоиталаб тавонистанд вазъиятро осон ба фоидаи худ истифода баранд. Таъмини адолати иҷтимоӣ худ ба шароити таъминкунандаи адолати таърихӣ табдил меёбад. Онҳо якдигарро тақвият медиҳанд ва якеро бар дигаре афзалият додану якеро ба хотири дигаре сарфи назар кардан ва ба насли оянда вогузор намудан камоли бемасъулиятӣ ва хиёнат ба адолати таърихӣ ё худ устувории давлатдории миллӣ ва тамомияти марзии кишвар аст. Таъмини адолати иҷтимоӣ, аз он ҷумла рушди илму маориф, тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди саноат ва технологияи навин кафолати асосии адолати таърихӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Таҷрибаи Беларус нишон медиҳад, ки дар баробари ин шароит таъмини дигар ҷанбаҳои адолати иҷтимоӣ чун эҳтироми овози мардум дар интихобот низ рукни асосии адолати таърихӣ мебошад. Интиқоли осоишта ва беозори қудрати сиёсӣ иҷозат нахоҳад дод, ки гурӯҳ ва ё давлати хориҷие ба корҳои дохилии кишвар дахолат ва вазъи онро ноором созад. Аз ин рӯ, адолати иҷтимоӣ на фақат ҷузъи таркибӣ, балки таҳкурсии хонаи миллиест, ки дар он адолати таърихӣ ҳукмфармо мебошад.

Ҳафиз Бобоёров 

[1] “Тангное миёни “адолати таърихӣ” ва “адолати иҷтимоӣ”, 13 августи 2020. Радиои Озодӣ

[2] Ниг. “Оянданигарии равандҳои муосири минтақа ва ҷаҳон

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.