Ҳарамгули Қодир: ишқи ман бо Муҳиддин Кабирӣ қурбони сиёсат шуд

Гурӯҳе аз ҷасорати хабарнигори тоҷик Ҳарамгули Қодир ситоиш мекунанд ва гурӯҳи дигар ӯро гумоштаи мақомоти Тоҷикистон меноманд. Аммо дар асл Ҳарамгули Қодир кист? Байни ӯву Кабирӣ чӣ муносибатҳое буд? Ва оё Ҳарамгул дар ҳақиқат агенти фиристодашуда аст? Ин ҳама – дар гуфтугӯи ихтисосии сомонаи “Ахбор” бо Ҳарамгули Қодир.

Ҳарамгули Қодир, хабарнигори шинохтаи тоҷик, ки таҷрибаи кор дар нашрияҳои гуногуне – аз “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон то нашрияҳои мустақили “Нигоҳ”-у “Тоҷнюс”-ро дорад ва чанд сол дар радиои “Озодӣ” низ кор кардааст, дар моҳҳои охир бештар бо баҳсҳои тундаш бо фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ дар шабакаи Фейсбук вирди забонҳост.

Ҳарамгули Қодир дар ин баҳсҳо ба шиддат аз наҳзатиҳо ва ба хусус аз раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ интиқод ва Кабириро минҷумла ба беқавлӣ айбдор мекунад.

Вокунишҳо ба матлабҳое, ки Ҳарамгули Қодир мегузорад, гуногун аст. Гурӯҳе, аз ҷумла Додоҷони Атовуллоҳ аз ҷасорати вай ситоиш мекунанд, гурӯҳи дигар ӯро гумоштаи мақомот меноманд, ки барои бадном кардани мухолифин ба Аврупо фиристода шудааст.

Дар асл Ҳарамгули Қодир кист? Ва ҳадафаш аз ин баҳсҳо чист? Байни ӯву Кабирӣ чӣ муносибатҳое буд, ки имрӯз сабаби чунин бархӯрди тундаш нисбат ба раиси ҲНИТ шудааст? Ва оё Ҳарамгул дар ҳақиқат агенти фиристодашуда аст?

Сомонаи “Ахбор” ин суолҳоро дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Ҳарамгули Қодир дар миён гузошт.

“Ахбор”: Чанд муддат аст, ки дар шабакаи Фейсбук баҳси шадиде байни шумо ва наҳзатиҳо идома дорад. Албатта, бархӯрдҳо ба худи ин баҳс ё ҳатто ҷанг ва сабабҳояш гуногунанд. Вале аз худи шумо бипурсем, ки сабаби аслии ин баҳси шумо бо наҳзатиҳо чист?

Ҳарамгули Қодир: Ман низ то ҳол сабабхояшро аниқ намедонам, вале як нуктаро медонам. Бар асоси иттилооти дурӯғи хешу табор ва худи ӯ низ чун ҳамеша ғарқи дурӯғи дигарон мешавад, тарҳи сиёҳ сохтани маро кашидааст. Ин корашон нав нест, ин барнома аз соли 2013 шурӯъ шуда буд. Ёдатон ҳаст, Раҳматуллои Раҷаб ва фейкони наҳзат дар бораи ман чӣ тӯҳматномаҳо менавиштанд? Шабу рӯзи дучори садама шуданам. Он вақт низ ба худаш мегуфтам, посух медод, ки сабур бош! Маҳмудҷони ФАЙЗРАҲМОН, муовини аввалаш, магар мегузорад, ки мо роҳат бошем? Вай дувуним сол маро барои ҳаққи қалам маро давондааст. Дар ҳоле, ки бо зораи худаш мо ба онҳо ҳамкорӣ мекардем. Мегуфт, рӯзноманигорони дигар ҳамкориро қабул накарданд. Сайфуллоҳзода низ ба «Наҷот» хоҳиш мекард ва рад намекардам, дастгирӣ кардем. Имрӯз ҳамон рӯзноманигороне ки ҳамкориро бо инҳо рад карда буданд ва ба мо мегуфтанд, наход бо чунин расонайи пасту хонанда надошта, ҳамкорӣ кунед? Ё он ҷияни дигараш ором меистад? Масалан то рӯзе атрофаш ин мутаассибон набуданд, мо бо наҳзат ва худаш мушкил надоштем. Ҳар мушкили фардие ки байнамон пайдо мешуд, ҳал мекардем. Вай маро хуб медонад.Мо низ ӯро.

“Ахбор”: Манзуратон аз ӯ Муҳиддин Кабирист, не?

Ҳарамгули Қодир: Бале. Хотиратон бошад соли гузашта домодашон дар ҳаққи мо чӣ навишт? Ба ин маънӣ ки агар мо одам мебудем, прокурорҳо ташхис намекардандамон. Албатта дағалтар гуфта буд. Вале дами раис гирифтагӣ буд, гӯяд ки ин чӣ музахрафот аст? Бакорати мо барои чӣ ё кӣ лозим шуд? Барои наҳзат ё раис?

Дуввум ҳодисаро мо дар сӯҳбат гуфтем, дар ҳоле ки аз нигоҳи ахлоқӣ дар ин бора сӯҳбат кардан дар фарҳанги мо нест! Аммо инҳо аз даҳонашон се калима мебарояд: бакорат, фурӯхташуда ва дашном. Ин чӣ расми инсониву ҳизбист? Сабабро аз худи оғо пурсед ва баъд ба мо ҳам гӯед, то ислоҳ шавем!

“Ахбор”: Аммо ин баҳс ба назари бисёриҳо аз доираи одоб гоҳо берун меравад. Ҳам аз он тараф ва ҳам аз тарафи шумо. Ва санг ҳам мезананд ба тарафатон ки ҳамчун як зани тоҷик бояд андоза нигоҳ бидоред. Худатон чӣ фикр мекунед, гоҳе ба истилоҳи маъруфи тоҷикӣ, мегузаронед ё ..?

Ҳарамгули Қодир: Бубинед, ҳоло тамоми санадҳо ё навиштаҳои онҳоро бо таърихи нашрашон дар хидмататон мегузорам. То се моҳи аввал нодида гирифтем ва ҳатто мустақим ба худаш муроҷиат кардем, ки мо ҳамонем, ки будем! Шояд каме баьди он мусибат рехтаем, қаҳр дорем, вале асли инсонӣ ва эътимод то ҳанӯз нашикастааст. Ҳатто хоҳиш кардем , ки ин нофаҳмиҳо бартараф шавад, ки хуб нест. Вале, ба ҷойи «ҳа» ё «не» посух гирифтан, чунин гуфтанд, ки ҷавоб додан нахост ва ин таҳқирномаҳо шадидтару зиёдтар шуданд. Боз ҳам сукут ҷавоби аблаҳ гуфтему сукут кардем. Ин нашуд, услуби дигарро кор гирифтанд. Ҳар ҷойе, ки коммент ё эзоҳе менавиштем, ҳатто он ҷо ки мавзӯьи сабзавот ҳам буд, инҳо ба таҳқири шахсии мо мегузаштанд. Якеаш менависад, дигараш «мошоАллоҳ» ва «офарин, муборизи роҳи ҳақ» мегӯяд. Ҳатто синну солу вазъияти физикии шахсро низ ташхис медиҳанд. Инҳо соҳиб надоранд, ки гӯянд, ин чӣ ҳамоқат ва алфоз аст?

Раис-ако паёмашро ба мо тавассути Худойдодова ва фейки Мавлавӣ Муҳиддин расонд! Бубинед дар мусоҳибаҳояш мегӯяд, аз ҳамаи баҳсҳои фейсбук огоҳ аст, аммо чаро аз ин ҷанги сард ва толибонии пайравонаш ҳадди ақал пешгирӣ намекунад? Пас ҳадафе ҳаст! «Зираканд», вақте худашон нисбати дигарон бадтарин алфоз ва таҳқирро истифода мекунанд ва инро «мубориза» ва «ҳақиқат» мехонанд. Вақте посухашон додед, ба Шумо дарси «одобу иффат» омӯхтанӣ мешаванд ва ҳатто мегӯянд, «,зан бояд андозаро нигаҳ дорад». Мебахшед вақте то банди эзори занро чен мекунеду менависед ва ба ӯ тавсия медиҳед, ки шавҳар кунед, ин чӣ аст? Мард андоза надорад? Ин нишони мардӣ ё инсонист ё ДОИШӢ? Чаро гурӯҳи 24 ё мухолифини дигар, ки гоҳе интиқоди сахт ҳам мекунем, эшон ба таҳқиру тӯҳмат намегузаранд? Зеро онҳо хусумати шахсӣ надоранд, онҳо фитнагар нестанд, онҳо насли ҷавони бедоранд ва танҳо муборизаашон алайҳи ҳукумат аст, на шаҳрвандон ё миллат. Онҳо солимтар аз инҳоянд. Ҳатто ҳамон фейкҳои амниятиро ба истилоҳ тарбия кардем, вақтҳои ахир аз таҳқиру тавҳин даст кашиданд. Вақте шахс аз худаш ҳимоят мекунад, ин маънои аз марз гузаштанро дораду таҳқиру тӯҳмати онҳо баръакс дар доираи адаб аст? Мантиқ куҷост?

Суратнусхаи нигоштаи Додоҷон Атовуллоҳ

“Ахбор”: Ахиран ба ҳимоят аз шумо Додоҷони Атовуллоҳ низ ба ин моҷаро ҳамроҳ шуд. Ва бархе билофосила изҳори назар карданд, ки Додоҷон зери таъсири Ҳарамгул рафта ва ҳатто гӯиё ба доми шумо афтодаааст? Зимнан шоеоти мухталифе ҳам паҳн шуд, ки байни шумову Додоҷон чӣ муносибате ҳаст. Шумо нақше доштед дар ин моҷаро ва чӣ муносибате байни шумову Додоҷон ҳаст инҷо?

Ҳарамгули Қодир: Боз як тавтеъаи навбатии ҳамонҳост. Боваратон меояд, дар гузашта вақте дар наҳзат аз мо амниятист гуфта ё чаро ба дафтари ҳизб меояд, гуфта шубҳа мекарданд. Сайфуллоҳзода ва Абдукахори Давлат, ин шубҳахоро рад карда мегуфтанд, вай рӯзноманигор аст назди мо барои назар гирифтан ё маводашро меорад. Ҳамон вақт низ аввал ба Абдуқаҳҳхор ва баъд ба домулло Сайфуллоҳзода низ тӯҳмат карда буданд. Ҳатто хонуми дуввуми яке аз инҳо ба мо телефонӣ ҷанг бардошта буд. Ва баъдан пушаймон шуду хост рӯ ба рӯ вохӯрем. Вохӯрдем ва тафсилотро нақл кард. Гуфт, Зарафо ва дигар ҳизбиён гуфтанд. Ҳамин ҳолат раис ба мо занг зад ва гуфт чӣ ҳол дорӣ? Ҳолатро гуфтам. Гуфт, аҳамият надиҳед, гуфтан гиранд. Мо низ он хонумро барои ошкор ва самимӣ гуфтанаш бо тӯҳфа ва гулдаста гусел кардем. Баъдан боз бо Сайфуллоҳзода дар Фейсбук менавиштанд. Худашро мегуфтам, ин чӣ шармандагист? Мегуфт, аҳамият надеҳ, фаросаташон ҳамин аст. Нашуд, бори охир ба Зарафо дар шоҳидии Бобоҷони Қаюм дар дафтари ҳизб гуфта будам, ки ман ҳамсари раисатонам, дигар ба ин масьала нуқта гузор! Охир марзро гузашт, ошкор тӯҳмат дорад, ки муборак шавад мошину хона аз раиси мо гирифтеду бо Дӯстов боз хонадор шудед! Боз сафсатаҳои дигар.

Баъди ҳамон дигар он хонумро ҳам надидам ва чорабиниҳои ҳизб намерафтам, то ин ки худаш даъват намекард. Худаш мебуд, мерафтам ва барои «Тоҷнюс» ва «Нигоҳ» мустақиман аз ҳамон толор гузориш мефиристодам. Худаш дар сафар мебуд ё иштирок намекард, намерафтам. Чун наҳзат танҳо худашро дошт, ки афкору фарҳанги поси инсонӣ дошт. Ҳоло аврупоӣ шудааст ва ин фарҳангро аз даст додааст. Куҷое, як мекалавидагӣ ва як ғайритоҷик аст хушомад гуфта суроагш меравад ва иттиҳод дорад. Дар баҳси бозораш низ мустаким аз толори Суд ба «Тоҷнюс» ва расонаҳои дигар гузориш фиристода будам. Мо монанди дигар рӯзноманигорон худамро таьриф намекардам ки фалон гузориш дар бораи наҳзат ё Шумо аз мо буд. Ҳатто солҳои охир номамро намегузоштам, чун макомот ҳассос шуда буд. Дар «Нигоҳ» низ имзои мустаор мемондам то баста шуданаш.

Аммо ишораи Шумо, ки ин бархеҳо киҳоянд. Ин назари худи Шумост ки аз номи бархеҳо мегӯед?.. Чор фанати дар фейсбук ба таҳқири ҳукумат худро мухолиф нишон медиҳанд? Оё Аврупо медонад, ки аз забони инҳо ба ҷуз ҳақорату дашном чизе намебарояд? Чанд рӯз пеш дар баҳсе танҳо гуфтам, ки журналист бетараф аст, моро тӯҳмат карданд, ки корманди сомонаи «Ахбор» буданатро бо пуштибонӣ исбот кардед. Шоҳид будед Шумо. Ин иттиҳомашон дуруст аст?

“Ахбор”: Не, сихат надорад. Ман бо масъулияти тамом гуфта метавонам инҷо, ки Ҳарамгули Қодир корманди сомонаи «Ахбор» нест ва рабте ба сомонаи мо надорад.

Ҳарамгули Қодир: Ин иттиҳомашон низ идомаи ҳамон қаблиҳост. Вақте фаҳмиш ва афкори солим нест, дунболи муттаҳамкунӣ меравед.

Бармегардем ба суолатон. Наход мусалмон ё инсон ин қадар дар зулмоти тӯҳмат ғӯтта занад! Додоҷон Атоввулоеву зери таъсири мо будан ё шудан? Худатон дарк мекунед чиҳо мегӯед? Ҳазорон нафар натавонистанд, ӯро дар 25 сол зери таъсири худ гиранду ин корро мо тавонистем анҷом диҳам? Ба ҳар ҳол, ин беҳтарин комплимент аз тавоноии ман буд. Сипосгузорам аз комплиментатон.

Ва баъдан агар мо таъсиргузор мебудем, раисро зери таъсир қарор дода аз ҳизб ё ҳамин фанатикҳо барвақт раҳояш мекардем. Ҳеҷ гоҳ ба мавқеъи шахс мухолифат надорам ва устод Атовуллоев ҳам шоҳиди манзараи таҳқиру тӯҳмати онҳо шуданд, албатта навиштаҳои онҳо ва посухҳои моро мехондаанд ва дар тарозуи инсофу мантиқ бар мекашиданд, баъдан хулоса бароварданд, каме лутфу ҷавонмардӣ нишон доданд. Бетарафиро канор гузоштанд. Баъд онҳо оташ гирифтанд, ки чаро чунин аст!

Дар баҳси Дориюши Раҷабиён, бародар ва ҳамкасби муваффақи мо низ Устод Додоҷон бетараф набуданд. Пас бо ӯ низ чӣ муносибате дорад? Аҷаб шинохте. Раис аз ин таҳқири мо чашм пӯшид ва онро шадидтар кард, як марде пайдо шуд ва гуфт, ин аблахист, Шумо зуд боз иҳонати дигаре месозед, ки онҳо чӣ муносибате доранд? Ғар дигаронро аз нигоҳи ғарӣ мебинад. Барои онҳо низ агар занон бо мардони дигар ҳамкор бошанд, ҳамчун обьекти шаҳват мебинанд, вале бонувони паҳлуи худашон, ҳарчанд аз ахлоқашон бохабарем, фариштаанд. Онҳо чун дигар равшанфикрону фаъолони ҷомеъаро асири пул ва хостаҳои худ кардаанд, табиист ки нафари дигареро ки онҳо шабу рӯз ба қавли худашон саркӯб мекунанд, аз мо ҳимоя ё таъриф кунад, барои ҳамин ин тавтеъаро навиштанд. Бубинед, ҳарфе ки байни мову ӯ буд, фейк менависад! Фейк аз куҷо медонад, агар худаш бо ин номи фейки пушти роёна нанишастааст. Ё навиштанд, ки фалон мушкил доштӣ.. Хуб фалон мушкил доштем, хоҳиш кардем, ҳал накардед. Баьд Шумо аз хурсандӣ мерақсед, ки мушкил доштам? Оё ин аз рӯйи ахлоқу Ислом аст, ки аз мушкилии мо шумо хурсанд шудед?. Дар ҳоле, ки мо медонем, ки дар бораи ин мушкил бо кӣ сӯҳбат кардем…Хулоса, ҳарчӣ буд, аз рӯйи ахлоқ набуду нест!

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

“Ахбор”: Агар ба хатти ин баҳсҳо нигоҳ кунем, мебинем, ки он ҳама бармегарданд ба масъалаи раиси ҳизби наҳзат Муҳиддини Кабирӣ. Мешавад билоҳира парда аз сари ин сир бардоред, ки инҷо чӣ масъала ҳаст? Дӯст медоред ё медоштед Кабириро?

Ҳарамгули Қодир: Албатта, ин суол суоли сирф шахсист. Вале чун қиссаи мо сиёсиву ба парвандаҳои ҷиноятиву террористӣ ва ахиран сиёсати байналмилали расонаӣ шуд, посухи мо ин аст. Дӯст медоштем. Аммо дар гузашта, на имрӯз! Масъала ҷиддӣ буд, мо 13 сол зиндагии муштарак доштем! Ин шӯхӣ нест 13 сол бо ҳам будан. Ба ваьдаҳои дурӯғ бовар кардан. Ҳоло – душмани ҳамдигар. Мо душман нестам, зеро ҳунари душманӣ варзиданро надорам ва дар тинати мо низ нест, вале мушоҳидаҳои ду-се соли охир нишон дод, ки ӯ хеле маҳорат доштааст ва муваффақият дар ин роҳ барояш мехоҳам. Барои сӯзондан ва гӯие барояш арзише надорем, бо кадом хонумҳо паҳлу ба паҳлу аст. Ҳамон хонумҳое, ки ғайбати мо мекунанд. Албатта, дар пас , дар рӯ ҷурьат надоранд. Хонумҳое, ки дигарон менависанд духтари орзуҳои мо ё то дирӯз шаб зери чанорҳои ГЖК дар оғӯши мардони журналист буданд, имрӯз хонуми азизи ин шудаанд.

“Ахбор”: Шумо қаблан дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки ишқи шумо яктарафа буд, яъне аз тарафи шумо буд ва беҷавоб монд. Вале ахиран дар чанд шарҳ навиштед, ки собиқаи ҳатто 13-солаи равобит доштед. Кадомашро бовар кунем аз ин ду ҳарфи худи шумо?

Ҳарамгули Қодир: Биёед, нахуст ба суолатон суол диҳам. Шумо чандин сол зери сарварии Соҷида Мирзо кор кардед , алайҳаш эътироз надодед ё садоятон баланд намешуд. Чун аз кор рафтед, зиёд гуфтеду мегӯед. Ба кадом Салимпур бовар кунем? Ба Салимпуре, ки солҳо хомӯш буд ё…?

“Ахбор”: Ман, албатта, хомӯш набудам ҳатто замони кор дар зери юғи Соҷидаи Мирзо ва ҳамин забони сурх дар ниҳоят сарамро хӯрд, албатта…

Ҳарамгули Қодир: Вале бармегардем ба посухи суолатон. Дар он мусоҳибаи мавриди назари Шумо ягон ҳарф дар бораи ишқи яктарафа набуд ва мо низ нагуфтем. Танҳо намедонам сарлавҳаро Шумо аз куҷо гирифтед ва гузоштед, ки «қурбони ишқи беҷавоби ….. шудам». Дар вақти тафтишот ин ҳарфхоро ба хотири хифзи ӯ гуфтем, ки ман дӯст доштам ӯро, то ба бисёрҳамсарӣ муттаҳамаш накунанд. Мо тамоми «гуноҳ»-ро ба гардани хеш гирифтем. Вақте эҳсоси хиҷолат ва ҳамон андозае , ки занонро гунҷонданӣ мешаванд, яъне эҳсоси айб намекунанд ва тӯҳмат менависанд, пас маҷбуред, ки посухи мантиқиашон бидиҳед!

Бале, мо зиёда аз 13 сол рафиқ будем ва инро мақомот нағз медонист ва амният моро шабу рӯз пайгирӣ мекард, худаш низ хуб медонист. Он вақт корманди амният набудем, имрӯз ки дар пайи иқдомҳои амният саломатиро ҳатто бохтам ва дар ҳолати ногувор қарор дорем, амниятӣ шудем? Инсоф ҳам хуб чизест!

Дар тафтишот ҳоҷат ба гуфтори мо набуд, ҳамаро медонистанд, танҳо баъзе ҳолатҳоро аз мо пурсиданд ва талаб карданд, ки «ок» гӯям. Вале рад кардем, чизеро ки надидаам ва шоҳид набудаем, чӣ тавр тасдиқ кунем?

Дар ҳоле, ки дар дохили ҳамон матнатон ва сӯҳбат калимаҳои «самимият ва муҳаббат байни мо буд» ҳаст. Магар самимият ва муҳаббат маънои иртибот доштанро надорад? Шарт нест, ки дар мусоҳиба ё тафтишот хаёти шахсӣ то ҷогаҳи хобамро ҳисобот диҳам.

Ҳарчанд, ки дар боздошт маро фиреб карда, ба ташхисгох бурданду базӯр ташхис карданд, ки оё дар шикамам фарзанд дорам? Агар медоштам низ ба амнияти давлат ё ҳолати як ҳизб ё шахс чӣ рабт дошт? Ҳамон замон ҳам ба муфаттишон, гуфтам, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар байни пойи хонумҳо ё як марду як зан табадуллот карданӣ буд ё нақшаи табаддулот дар шиками мост? Каҳрашон кард.

Ман аз аввал саркашӣ кардем, ки баред 20 сол шинонед, вале ташхис нахоҳам кард, зеро ин ҳаёти ман аст ба касе хоҳам мебахшам. Гуфтанд, пас баёноти нодуруст додед ва дигар ҳолатҳоятон низ зери суол рафт. Хулоса, фиреб карда бурданд…..

Онҷо боз як достони бадтаре рух дод ки ҳоло вақти ошкор кардани он нест. Ҳаминро мегӯям, ки сахт буд… Кадоме беҳтар буд, табиист, ки монанди хонумҳои наҳзат рафтор карда наметавонистем, дохили зиндон мерафтам ё бигузор бо зӯрӣ ҳам бошанд, бубинанд, ки дар шикам чӣ аст? Кадоме беҳтар буд? Зиндон рафтанам? Агар дар шикамам фарзанд мебуд ё таваллуд карда будам, ошкор мегуфтам, бале, буд. Инҳо як ҳодисаи маро санадро аз куҷое дастрас карда буданд, аз кадом беморхонае, дар асоси ҳамон талош карданд. Зарурати он санадро шарҳ додан надорам, ин соли марги раҳматии Нурӣ буд.

Инҳо дар пайи мо зиёд кор кардаанд ин қадар сол, ки биёбанд. То интихоботи 2015 ҳар пешниҳоде карданд, қабул накардаам. Шоҳидон зиндаанд, бигузор онҳо, агар хавфе надорад, бигӯянд. Ҳатто нақшаҳои хароб кардани вохӯриҳояш қабл аз интихобот ва эҳтимоли садама кардан буд, вай худаш бо ман фосила гирифта буд. То баъди интихобот тавассути Сайфуллоҳзода мерасондам, ки фалон маҳал наравад ё куҷо бояд мусаллат бошед, ки сенария аст. Шарти вакилии порлумон ва мансаб буд, ба ивази танҳо додани ду савол дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон, вале рад кардам. Ин нуктаҳоро ба хотири ӯ намегӯям, ба хотири он мегӯям, ки технологияи сиёсии мо то чӣ ҳад паст аст ва ҳадафи мо мисли ӯ маишат рондан ва муваққатан ком шодоб кардан ва заифона рафтор кардан набуд, ки бо афсонаи дигарон муносибати шахсиро бо наздиктаринҳоям канда кунам. Вай барои мо барвақт фавтидааст. Агар низ ҷойе дар борааш навиштам, ӯ Муҳиддине нест, ки мо солҳои тӯлонӣ зиндагии муштарак доштем. Вақте маро худаш ба корманди амният будан муттаҳам мекунад, табиист ки гуфтам, чӣ тавр 13 сол корманди амният набудам, ҳоло корманди амниятам? Хонуми дуввумаш солхо котибаи Убайдуллоев буд, ҳоло дар Олмон аст. Чаро аз ӯ хафв накард? Агар мехоҳанд, ки зан андозаро нигоҳ дорад ва таноқузҳои худашро далел наоварам, беҳтараш, гуфти шумо, сериали номаш «Фитнаву таҳқир»-ро хотима диҳад!

“Ахбор”: Албатта, як санги бузурге ки дар ин баҳсҳо ба сари шумо меандозанд, масъалаи санади бакорат аст. Дар аввали соли 2016, вақте ман бо шумо мусоҳиба кардам, гуфта будед, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи ҲНИТ шуморо низ хеле бозҷӯӣ карданд ва азбаски як шубҳаи мақомоти Тоҷикистон марбут ба равобити шумо бо Муҳиддин Кабирӣ буд, шуморо ҳатто ташхис ҳам карданд ва ин ташхис нишон дод, ки бокираед ва қасде ба номусатон аз ҷониби Кабирӣ сурат нагирифтааст. Аммо иддаои кунунии шумо дар бораи 13 сол сар ба як болин мондан ва нашри бархе ҷузъиёти ин ҳама он санади бакоратро зери шубҳа мегузорад ваё ҳадди ақал мардумро сардаргум мекунад, ки чигуна бо 13 сол равобит кас метавонад боз санади бакорат бигирад? Шояд худатон шарҳ бидиҳед инро?

Ҳарамгули Қодир: Ҳамкасби азиз, ман намедонам чаро инҳо ба ҷойи афсӯс ё маъзарат пурсидан, ҳамин бакоратро масхара мекунанд ва дар ҳама ҷо ба сари мо мешапанд. Ин чӣ бадӣ дорад, вақте мо ҳодисаи шударо гуфтем. Хуб, онҷо бакорат танз буд ва давомаш ин буд, ки амнияти давлат халалдор нашудааст, вақте дарки солим надоранд, тақсири мост? Муҳаббат доштан ё умедвор будан, маънои онро надорад, ки марзи зинову иродаро шиканед. Ҳатто ба мо иҷозаи дидани ташхисро надоданд, мо низ дигар аз ҳамон санад безор будем. Вақте бо подстава ё дурӯғ анҷом дода мешавад, куҷо қобили эътимод аст? Вақте шуморо бо дурӯғ вориди чунин ҳолати ногувор мекунанд. Инҷо масъала дубора шикастани мо буд..Вагарна дар куҷо дидаед, ки бадани инсонро чок кунанд, ки бо чанд мард будед? Чаро касеро дӯст доштед? ….Чаро бо як мард будед?…Оё фарзанд таваллуд кардаед?…

Шармандагӣ аст, ки ҷиноятро байни ду пой мекобед… Ин ҳама фишору шиканча ба хотири зидди ӯ баёнот додан монанди ҳамон Илҳом Ёқубзода буд. Вале нагузашт…Агар ҳамин ҳолат ба сари наҳзатӣ ё рӯзноманигори дигар меомад, ҳайкалашро мегузоштанд ва наздаш саҷда менамуданд ва ҳоло раиси ҳизби наҳзати аврупоӣ таъинаш мекарданд ва дар шиорҳо дар қатори маҳбусони дигар аксаш буд. Вале, ки мо хастем, баръакс боз моро тӯҳмату таҳқир ва масхара карда гаштаанд. Ҳеҷ гап не, рӯзе мерасад, ки аз ҳамон созмонҳои бйналмилалӣ оид ба ин ҳамоқаташон посухашонро мегиранд. Вай нағз медонад,ки мо таҳқирро беҷавоб намемонем!

“Ахбор”: Аммо суол рӯи санади бакорат буд, ки буд ё набуд? Ва он ҳам баъди 13 соли муносибатҳое, ки шумо мегӯед?

Ҳарамгули Қодир: Санади бакорат буд! Моро маҷбур бурда, ба қавли худашон, ташхис карданд. Намедонам, агар ҳомила мебудем, исқоти ҳамл ё агар таваллуд карда будам, чӣ кор мекарданд? Санадро баьди талошҳои зиёд аз дасташон гирифтам, ки канӣ бинем, онҷо чӣ навишта шудааст? Баьди ташхис гуфтанд, исқоти ҳамл мекардед? Гуфтам, инаш сирри ман! Намедонам, ҳамон лаҳза ташхисро гирифтанду рафтанд ва баъди қариб як ҳафта мо нусхаро гирифтем. Намедонам, чӣ хулоса карданд ва ташаккур ба Вазири корҳои хориҷӣ ки дар ин рӯзҳои сахт дар паҳлуи мо буд ва ба Президент гуфтааст, охир ин хонум танҳо ҳамсар ва он мардро дӯст медоштааст, узви ҳизб ҳам набудааст ва ҳатто як сӯзан аз он мард амонат надорад. Барои ҳамин моро раҳо карданд.

Сахтравии мо дар ташхисгоҳ ин боз як достони дигарро мемонад! Онҳо хостанд, ки мард ташхис кунад! Мо рад кардем! Гуфтам, хонум оред! Гуфтанд, хонум хонумхоро тараф мегирад. Мо гуфтем, пас чаро мардон мардонро ташхис мекунанд, мо занон намегӯем, мардон мардонро тараф мегиранд.

Диданд ки розӣ намешавам ва ҳар лаҳза ба куҷое иттилоъ медоданд, як хонумро оварданд. Вақте хонум ҳоли моро дид ва санади зарурати ташхисро хонд, ба мо нигоҳ кард ва гуфт, шумо як духтари зебо, наход террорист ва ҷинояткор шавед? Гуфтам, апа, касеро накуштам ва моли нафареро надуздидаам? Гуфт, пас ин чӣ аст? Гуфтам, ҳеҷ, сиёсатмадореро дӯст медоштам, аз пушти ҳамон! Хонум лаб газиду аз пайи кор шуд.

Он вақт нақшаи боздошт ва ба СИЗО интиқол додани моро ҳам мекашанд ва табиист ки онҷо хабар ба дигаронаш меравад ва мегӯянд, духтарро ҳайф накунед. Агар дар тафтишот сарпечӣ мекардам ва дурӯғ мегуфтам, монанди Зарафо шояд мешинонданд. Ва дурӯғ ҳам гуфта наметавонистам зеро амният моро пайгирӣ мекард ва сӯҳбатҳоямонро сабт мекард ва ҳатто ҷойи вохӯриамонро медонист. Дурӯғ мегуфтам агар, дубора худамро машкук мекардам. Барои ҳамин ҳақиқатро гуфтам.

Намуна аз туҳматҳо ва озори лафзии Ҳарамгули Қодир

“Ахбор”: Албатта, наметавонам инро ҳам напурсам. Ақидае ҳаст дар байни барxе фаъолони мухолифин, ки Ҳарамгули Қодир бо вазифаи махсус фиристода шудааст, яъне гумоштаи мақомоти Тоҷикистон аст. Ин иттиҳомро худатон ҳам ҳар рӯз мешунавед. Ин иддао аз куҷо маншаъ мегирад ва оё ягон воқеият дорад?

Ҳарамгули Қодир: Кадом ҳарфи мухолифин рост буд, ки инаш рост бошад? Бубинед, то чӣ ҳад зираканд, ки аз як тараф мегӯянд, бо ҳадафи махсус омадааст ва боз менависанд, ки мо дар кадом кишвар қарор дорем. Боз таънаамон мекунад, ки мо агар истеъдод медоштем ё журналисти хуб мебудем, дар ягон расона кор мекардем!

Офарин ба ин ба шахсият расиданатон. Истеъдод ё сифати касбияти маро инҳо ташхис медиҳанд. Агар маро низ наҳзат аз Тоҷикистон даьват кунад, болои сар гардонад, бо шароити моддӣ таъмин намояд ва расонахояшро дар ихтиёрам гузорад, монанди хонум рӯзноманигоре, ки даъват кардааст ва ҳоло низ аз ватан бо ҳар шакле даъват доранд, санад диҳад ки бале, ин ба дар пайи сарнавишти мо дучори мушкил шуд, донишгоҳ дохил кунанд, бале, бекор нахоҳам монд. Таьқиб, шиканҷа ва шаттаи боздоштро мо хӯрем, ба истилоҳ баъди аз зеҳнамон ва забонамон як калима зидди онҳо нашуниданд, роҳи чок кардани шикамамонро гирифтанд, ки оё фарзанд таваллуд кардаам ё не, ба ҷойи тасаллият баён кардан, боз бо навкаронаш ба ҳоли бекориву сарсонии ман механдад. Ин дипломатия аст?

Се моҳ дар ҳолати стресс дар беморхона будам ва ҳатто эҳтимоли аз ҳаракат мондани як дасту поям вуҷуд дошт, ташаккур ба созмонҳои байналмилалии журналистӣ ва дӯстонам, ки ҳоло номашонро намегирам ва онҳо худашон инҷо мешиносанд ишораи моро, маро бароварданду табобат карданд, имрӯз инсон шудам. Ҳамаи ин бемориву сарсониҳоро медонист, менавиштам дар саҳфаи писараш худаш буд. вале ба навкаронаш гуфт, онҳо дар фейк навиштанд. Мақомот хоҳари Зарафоро , ки зидди ману ӯ баёнот дод ва маро маҷбур карданд афсонаҳои хоҳари инро тасдиқ кунам, ӯро махсус нафиристодааст, аксхояшро бо раис нашр карданд ку дар вохӯрии қаблии Варшава. ё хонуми дигар ки дар РМБЧМ ё УБОП баъди он, ки аз Русия баргашт, зидди раисашу наҳзат баёнот дода буд. Имрӯз дар Олмон пахлуяшон онҳоро нафиристод, моро фиристодааст? Онеро, ки баръакс зидди маҷрои амният шино кард? Бадахлоқии сиёсии худашонро мусбат мепиндоранд, вале агар ба косаи онҳо об нахӯрдӣ ва дунёро бо ранги дигар дидӣ, бале, ҳазору як иттиҳомро сӯят мепартоянд. Худашон ки мисдокҳои фиристандаву паёмрасонанда доранд, дигаронро чунин фикр мекунанд…

Бад-ин васила бо як тир ду нишон мегиранд. То дирӯз ангушти ҳайрат мегазиданд, ки чаро ҳукумат ва КДАМро ин қадар сахт интиқод мекунам, вале ба мо кор намегиранд. Дар ҳоле ки интиқоди мо бо далел ва дар доираи одоби касбӣ аст. Боз ҳамон рӯзноманигорони «мутааҷҷиб» худашонро таскин медоданд, ки «ин кӯлобист, барои ҳамин». Имрӯз ҳамин рӯзноманигорон дар командаи инҳоянд ва дар паҳлуяш дар як мошин савор ба ҷаласаи Варшава меоянд ва ӯро барои оянда дар пахлуи ӯ ҳамчун сухангӯ тайёр карда истодаанд. Аз забони онҳо ин иттиҳомҳои содда мебарояд. Яьне маркази тахлили дигаронро доранд. Пасттарин ахлоқ ҳамин аст.

Мақомот моро наҳзатӣ мегӯяд, ҳатто фейкҳои амният ҳамеша кадри раиси наҳзат менависанд, инҳояшон вақте монанди худашон бадахлоқона рафтору гуфтор накардед, Шуморо фиристода мегӯянд. Инашро танқид кардед, ҳукуматӣ мегӯяд. Ҳукуматро танқид кардед, наҳзатӣ мегӯяд. Чун дарки масьаларо надоранд, ки ҳар танқиде дуруст ё нодуруст аст…

Мо аз соли 2003 бо оғо шинос будем, он вақт хато накунам, муовин буданд. Вале ҳеҷ гоҳ шиносоӣ ё наздикиро ҷиҳати сӯиистифода барои тарғиби ӯ қарор надодаам. Ҳамон вақт ҳам танқид мекардем, аммо солим қабул мекард. Ҳарчанд дигар наҳзатиён хашмгин мешуданд, худаш мегуфт, рост мегӯӣ. Вай то ин ҳад дохили шиша набуд.

Ман ба «Ҷумҳурият» бо тавсияи ӯ рафта будам. Ва ҳамчунон даъвати маро ба телевизиони «САФО» ҳамин бекор кард. Вале ман ҳатто то имрӯз ба ӯ нагуфтаам, ки чаро чунин кардед? Ба ҳар ҳол, хушбин будам. Дар ҷойи кори охиринам хоҳиш кард, ки бирав, барои тарғиби интихобот то ба ҳардуямон кумак шавад. Чун мову ӯ шабу рӯз аз тарафи амният ноҷавонмардона саркӯб мешудем. Ҳарчанд онро табиӣ медонистем.

То соли 2015 мехостам аз инҷо аз кор биравам, чун маводамро нашр намекарданд ё бурида нашр мекарданд, ки ин як навь фишор буд. Гуфтам ки корро бас мекунам, гуфт, то баргаштани ман сабр кун. Ҳарчӣ буд, дониста ва санҷида маро назди рақибонаш қарор дод.

Тобистон ин Туркияро лона кард ва ҳизбашро аз инҷо идора мекард, амният ба мо тахдиди нашри наворҳоро мекард. Як дискро ба дасти мову ӯ қабл аз интихобот амният ҳамчун фишор ва таҳдид фиристода буд, дар дастам ҳаст то ҳоло. Баьдан ки ин рафту барнагашт, дигар ҳолатҳоро худам талош мекардам, ки то дар интернет роҳ наёбад.

Аз болои КДАМ ба Прокуратураи генералӣ шикоят навиштам, нусхаҳои ин санадҳо ҳамчун моли таърих ҳоло ҳам дар дастам аст. Се моҳ мо дар КДАМ ва прокуратураи генералӣ даст ба гиребон будем. Вале мо ҳатто ба дӯстонам намегуфтам, ки чӣ ҳоле дорам. Шахсан талош кардам, назди Прокурори генералӣ даромадам ва як диске ки баьдан ба мо фиристода буданд, дар компютераш кушодам, айб ҳам буд, маҳрамона низ буд, як қисмашро тамошо кард. Баьд гирифтам аз компютераш.

Фарз кардем, шавҳарам буд, ҳамсари севум ё чорум ҳам будам, ба гуфти муфаттиш, оё мақомот ҳақ дошт инро сабт кунад? Байни як зану мард ё ҳамсару шавҳар чи аст? Баъзан ҳақората аст, мухаббатам аст…Ҳамон тобистон ба бародар Шамсиддин Саидов навиштам, ки вазъият бад аст, домуллоро гӯед, дар тамос шавад, мо чӣ кор кунем? Гуфт, ҳамин бегоҳ менависам, дигар ҷавоб надод. Баьдан аз дӯсти дигари наҳзатӣ шунидам, ки домулло ба акаи Шамсиддин гуфтааст, дигар дар бораи ин зан бо мо сӯҳбат накунед. Ӯ одами амният аст. Ҳарфи ин дӯсти наҳзатиро чӣ хел мешавад дуруст гуфт. Чун он шабу рӯз мо аз тарс ё гуфти ин муллоҳо «андоза нигоҳ доштан» ва расонаӣ нашудани ҳаёти шахсӣ, ки фишор ба касбиятамон буд, пахш намекардем. Вақте ин дӯстам пурсид, ки ба дасти фалонӣ ба раис паём кардед ва бародар Шамсиддин чӣ ҷавоб дод? Гуфтам, ту аз кучо медонӣ? Гуфт, шунидам…Гуфтам, ҳеҷ, дигар ба навиштаҳоям посух надод. Гуфт, раис гуфт, бори дувум номи ҳамонро назди ман гирифтед, сӯҳбат нахоҳем кард. Пас дигар як номаи «хуб» ба паёмрасонам навиштам, ки ҳаминро расонаш тамом ва мо низ дигар нахостем, ин акоро дар ҳолати ногувор қарор диҳем. Бубинед боз даъво доранд, ки амниятӣ намебудӣ, фалонат мекарданд. Чаро маро фалон кунанд? Оё маошхӯри наҳзат будам? То ҳол мардеро надидаам ва ҳатто нашунидааам ки нисбати ҳатто ҳамсари собиқаш чунин рафтор кунад..

“Ахбор”Ҳадафи шумо аз ин баҳси тӯлонӣ ва мисли сериал бо наҳзатиҳо чист? Яъне роҳи ҳал кадом аст? Ризоияти Муҳиддин Кабирӣ ба издивоҷ ё чӣ? Ва росташро бигӯед, ҳоло ҳам дӯсташ медоред? Вале, ба таъбири Орзу Исоев, фақат росташро!

Ҳарамгули Қодир:Ман ягон ҳадаф надорам. Мутмаинам, ки вай самти муборизаашро зидди мо иштибоҳ гирифтааст. Яке аз барномаҳояшон шикастану сиёҳ кардани мо тавассути олами маҷозист. Айни рафторашон ҳамин аст. Аммо, вай ба дасти мо меафтад барои ин номардиву тӯҳмату таҳқираш. Дер ё зуд! Ҳатто ҳамааш дар рӯйхати дӯстони мо нестанду блок шудаанд. Вақте соли гузашта, тӯҳматам навиштанд, ки аз раисашон гӯиё хона гирифта бошам, блокашон кардам.

Бовар мекунед, мақомот хонаеро, ки бо апаам харида будем, санадашро гирифт. Ҳарчанд гуфтам, ки охир муносибати мову ӯ барои молу чизаш набуд. Ҳамчун як инсон мо робита доштем. Вале санадҳоро ва хоҳарамро низ чанд соате боздошт карданд, ҳатто дар дохили мошин баёнот гирифтанд. Магар ин баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ нест? Агар дигаронро ду ё се соат мақомот нигоҳ дорад, маро рӯзи аввал 7 соат бидуни ғизои нисфирӯзӣ нигаҳ доштанд ва ҳатто як пиёла об ҳам надоданд. Хоҳарамро бештар аз 2 соат нигаҳ доштанд, баъди он саломатиашро аз даст дод , мо то ҳол назди ӯ хиҷолатзадаем! Худамро гунаҳкор меҳисобам пеши хоҳарам.

Бародаронамро аз корхонаҳои давлатӣ ҳатто бо синни ҷавон ва доштани дипломҳои донишгоҳҳои Русия ва Академияи ҳарбӣ аз кор хориҷ карданд. Қаблан низ аз барои ҳамин зиёд азияташон дода буданд ва ҳатто таҳдид ба зиндон карда буданд, ки чаро бо ӯ вохӯрдед? Сарфи назар аз рутбаи баланд ва аслан ба мо солҳои охир тамос надоштани бародарон, онҳоро баъди баромадани мо аз кор хориҷ карданд.

Вале мо валваларо хуш надорем. Вақте бо шумо омада дар бораи кадом як «террорист» сӯҳбат мекунанд, ки исмашро шунидаед, аммо намешиносед, чӣ гуфта метавонед? Дамашонро гиранд, аз тӯҳмату таҳқир даст кашанд, барои обрӯи худашон. Онҳоро шинохтан душвор нест, аз ҳамон саҳфаҳои аслиашон ва навору гуфторҳояшон мешиносед, ки фаросаташон то куҷост ва кӣ ҳастанд. Баъди ин ҳама тӯҳмату таҳқир боз Шумо аз дӯстдорӣ суол мекунед??? Мо мақомотро аз инҳо дида бовиҷдонтар медонем, ки оре, шиканҷа карданд, рафторҳои номуносиб намуданд, аммо ба далелҳои мо бовар карда ва инсониятро аз даст надоданд.

Аз соати аввали боздошт хаттӣ баёнот гирифтанд, гуфтам, бале, дӯсташ медоштам ва медорам! 20 саҳфа баёнот гирифтанд, ҳамаро хаттӣ, ҳатто саволҳои рашкбарангезу тавтеъадор ҳам буд, вале лаб газидем. Гуфтам, ба ҷинояткор ва террорист буданаш бовар надорам. Беҳтарин инсон аст. Боз ба чолиш кашиданд, ки чаро ин қадар мардҳои зебо ҳастанд, онҳоро интихоб накарда, ба ҳамин хирси сиёҳ дил бастед?

Хулоса, як олам суолҳои бемаънӣ доданд. Ва як акси ӯ ки дар нашрия дар хона буд, ҳамаро гирифтанд. Дар охирин баёнот навиштам, ки бояд ба ӯ унвони «Қаҳрамони Миллӣ» ва ба мо ҷоизаи «Спитамен» дода шавад! Роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ пурсид, ки чаро? Гуфтам, мову ӯ амнияти давлатро ҳифз кардем! Нафаҳмидем, ки амнияти давлат дар дасти мо будааст.

Фикр кардам, бо ҳамин тамом, аз мо даст мебардоранд, вале вазъро баъдан бадтар карданд ва саломатии мо низ тоб наовард ва баромадам аз Тоҷикистон. Муҳим саломатист, агар хуб шуд, дубора меравам, боз мо дар “хидмат -и”мақомот қарор дорем! Ҳамин тур буда сарнавишти мо. Дӯсташ намедорам! Ин дар хориҷ вохӯрӣ доир кунад ё мусоҳибае диҳад, мақомот фарқ набуд, шаб ё рӯз аст, ба сари мо медавиданд. Боваратон меояд, баъзан шаб дар УБОП ва КДАМ то поси шаб мо пурсида мешудем. Ҳар наҳзатӣ ё фарди алоҳидаеро, ки медоштанд, зидди ин оғо баёнот медод, тасдиқи онро аз мо мепурсиданд. Ҳатто он вохӯриҳояшон, ки агар дар хориҷ низ мебуд. Ҳатто моро прокуратура даъват кард, ки постҳо ё комментрияҳоятон зидди амнияти давлат аст ва шумо супориши раисро иҷро мекунед! Дар ҳоле ки бо раис иртибот надоштам ва надорам!

“Ахбор”Шумо зимнан аз ангуштшумор нафарҳое ҳастед, ки дар мурофиаи раҳбарони ҲНИТ ширкат доштед ва ҳатто аз онҳо дар боздошт аёдат ҳам кардед. Мешавад қисса кунед инро чӣ гуна буд?

Ҳарамгули Қодир: Ман дар бораи ин исёни моҳи сентябр то охирин нуктааш таҳқиқот анҷом додаам, вале ҳанӯз вақти нашрашро надорам. Дуввум ин “ташаккур”-ашон ба ивази то назди Изатулло Шарифов (раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон) рафтану аз аҳволи маҳбусонашон хабар гирифтану доруву табиб бурданамон аст. Ҳарчанд он шабу рӯз баьди бори дувум рафтанам мақомот гӯшмоламон ҳам кард ва дар ин бора Қаршибоевро дар ҷараён гузошта будам. То ҳол маблағи доруворро ҳатто надодаанд. Барои дигаронро аз ватан даьват кардан ва таьмин кардани шароит маблағ меёбанд. Аҳволи Сайфуллоҳзода ҳамон шабу рӯз вазнин буд ва эҳтимоли аз пояш маҳрум шудан ҳатто вуҷуд дошт. Назди вазири тандурустӣ ва Изатулло Шарифов рафта бо машаққате забон ёфтем. Ба маҳбас дору фиристоданд ва табибон рафта диданд.

Вохӯрии аввали ҳамсари Ҳайитро низ роҳбаладӣ кардем ва ҳатто то назди Шарифов рафтем, ки мусоидат кунад.. Ҳарчанд генерал Шарифов шӯхӣ мекард, э духтар, аз қафои ҳаминҳо қариб, дар мо афтед, раисашон калонашон инҳоро партофт гурехт, масьулияти аҳволпурсиашонро ту мекунӣ, боз наздашон наафтед?) Ба ман номаи ҳамсари раҳматии Саид Абдуллоҳи Нурӣ аҷиб аст, албатта, муҳтавояш ки онҳо ба бастани ҳизб розигӣ дода буданд.

“Ахбор”Дида мешавад, ки хеле печутобҳоеро дар зиндагиатон пушти сар гузоштед, аз ин ҳама тӯрҳо раҳидед ва тавре мегӯед, касеро «кидатъ» накардеду нафурӯхтед. Аммо ҳоло Ҳарамгули Қодир куҷо карор дорад ва як рӯзноманигори ҷасуре, ки мухлисонатон шуморо ҳатто «Шери нар» низ мехонанд, чӣ ҳол дорад? Навишта буданд, ки аз Аврупо ҳатто депорт ҳам шудаед?

Ҳарамгули Қодир:Вақте имонат кавист ва ҳақикат бароят мухимтар аст, ҳарфатон дур аз тундгӯӣ, мутмаин бошед, аз ҳама тӯр берун мешавед. Бале, душвор буд, мегӯям-ку, саломатиро тамоман аз даст дода будам. Ташаккур ба Саймуддин Дӯстов, ки маро аз марги севумбора наҷот дод. Чун ӯ маро нағз мешинохт, ки ҳеҷ гоҳ носипос нестам. Ҳоло дар Швейтсария ҳастам, ҳам ба муолиҷа машғулам ва ҳам рӯи тарҳи кушодани сомонае кор карда истодаем ва рӯзҳои наздик фаъол, ки шуд, огоҳ мешавед. Бачаҳо маро зиёд даъват карданд, натавонистам рад кунам. Мо ба сиёсат кор надорем, вале журналист боқӣ мемонем. Бачаҳои равшанфикри ҷавони имрӯз. Мушкили молӣ дорем! Дар як созмони ҳуқуқшиносии байналмилалӣ фаъолият дорам, ҳамзамон ҳамчун гонорар ё ҳаққи калам бо яке аз расонаҳои байналмилалӣ маводи таҳлилӣ менависам. Албатта, мушкили забони русӣ дорам, вале ҳоло зинда бод дӯстон ва интернет, ки дилхоҳ калимаро тарҷумаашро меёбед. Дар англисӣ низ як қадами кучак пешравӣ ҳаст ва алакай Шумо аз тарҷумаи мавод дар сахфаи фейсбукии мо огоҳед. Хулоса тарҳҳои зиёд дорем, ки ҳоло дар бораи онҳо сӯҳбат кардан хуб нест. Депорт низ бо кӯтоҳии худи мо рух дод. Чун барои донишгоҳ дохил шудан аз мо се санад талаб карданд. Мо ба писари раис дар саҳфааш навиштем, хоҳиши нома кардем ва баьдан партизанҳои наҳзат ё раис ба созмонҳо нома навиштанд, ки мо агенти махсуси мақомоти амнияти Тоҷикистонем ва барои қатли ӯ омадаем. Ин масъаларо низ навиштем, ки наход шумо чунин кунед, агар депорт кунанд, мо чӣ кор мекунем? Сахт буд. Ана ҳаминҳоро дар сахфаҳои фейкиашон навиштанд! Аврупоиҳо, хушбахтона, хуб медонанд, ки чӣ кор кунанд ва киро бовар намоянд! Аз ҳар як иғвои инҳо аз мо ҷавоб талаб карданд ва мо ошкор ва бо далел посух додем ва гуфтанд, пас ҳамватанонатон нисбати Шумо барномаи мусбат надоранд. Дигар тамом иртиботро кандем аз ин тоҷикони бо ниқоби дӯст. На, депорт нашудаам, барьакс баъди он маро бештар таваҷҷӯҳ карданд. Депорт шудани Ҳарамгул аз Аврупо танҳо як тӯҳмати навбатиашон аст! Инҳо тавассути каналхояшон хостанд куҷо будани моро аниқ кунанд ва боз ба он кишварҳо муроҷиат ва тавассути саҳфаҳои фейкиашон муболиғаву мазҳака намоянд, вале мо низ монанди онхо доно шудем. Ҳатто аз иштироки мо дар ҷаласаи САҲА дар Варшава хафв дошт. Рӯзи аввал аз тарс наомад, рӯзи дувум вақте фаҳмиданд, ки мо алакай рафтем, баъд омад.

“Ахборком” 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.