Хатари нав: БМТ мехоҳад пулҳои нодуруст интиқол ёфтаро мусодира кунад

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон меъёри нави қонунгузориро муаррифӣ кард, ки бар асоси он пуле, ки нодурусту ғайриқонунӣ интиқол дода мешавад, метавонад мусодира гардад.

Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, меъёри навро дар парлумон муаррифӣ кард, ки бар асоси он асъоре, ки ғайриқонунӣ интиқол дода мешаванд, метавонанд мусодира гарданд.

Денежные переводы с помощью Золотой Короны
© SPUTNIK

Машрабзода ба намояндагони мардумӣ гуфт, ба қисми 4 моддаи 578-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру илова ворид гардидааст, ки тибқи он барои эъломия накардан ё нодуруст эъломия кардани интиқоли асъори хориҷӣ, асъори миллӣ ё воситаҳои гардони интиқолшаванда аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон, мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ мегардад.

Ноиби раиси Бонки миллӣ тавзеҳ дод, ки чун мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз ҷониби суд таъин мегардад, минбаъд баррасии  қисми 4 моддаи 578 низ ба салоҳияти суд гузошта мешавад.

Бар асоси тағйироти ҷадид ҷаримабандиҳо низ барои интиқоли ғайриқонунии пул ба маротиб афзоиш ёфтаанд.

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз ҷониби парлумон ҳафтаи гузашта қабул гардид, барои тақвияти низоми миллӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд.

Пурзӯр кардани ҷазо барои интиқоли нодурусти пул тариқи сарҳади гумрукии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран мардуми кишвар зимни интиқоли пул тариқи низомҳои бонкӣ дучори мушкил шуданд.

Манбаъ: Sputnik-tj.com

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.