Хешони Иззат Амон дар ҷуброни қарзи даъвогарон оҷиз мондаанд

Пайвандони Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки айни ҳол дар боздошт аст мегӯянд, аз шомил шудани Иззат Амон ба афв изҳори хушҳолӣ мекунанд, вале мегӯянд ба мушкили бозгардони маблағи даъвогарон рӯ ба рӯ ҳастанд. 

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 10-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи қарздорон беш аз як миллион рубл аст ва имкони пардохтро надоранд ва ба кумаки муҳоҷирон умед мебанданд. 

Пештар Додситонии кул қарзи ҳомии муҳоҷиронро 630 ҳазор рубл ва ҳазор доллари амрикоӣ эълон карда буд. Саидбурҳон Шарифов вакили мудофеи Иззат Амон мегӯяд, ҳоло мушкиле, ки пеш омадааст, масъалаи пардохти маблағи қарздорон аст.  

Иззат Амон, раиси “Маркази тоҷикон” дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз Русия ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон пас аз як рӯз аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. 

Ҷонибдоронаш қазияи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Иззат Амон, дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳар чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сиёсату иқтисод ва мушкили озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон суҳбат мекард. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.