Ҳикмати хонаи торик ё ногуфтаҳои баъди ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой

Ё чанд ногуфта баъди ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки рӯзҳои 16-17 -уми сентябр дар Душанбе баргузор шуду барои  Панҷшеру Афғонистон тақдирсоз буда метавонад. 

Ду- се рӯз вокунишҳои миллӣ ба ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Душанберо пайгирӣ кардам. Барои комил шудани гузориши корӣ ниёз ба шарҳу тавзеҳ аз ҷонибдорони ҳукумати вақт доштам, аммо ҳич матлабе ҷиддӣ аз коршиносони наздик ба ҳукумату зиёиёни дарбориро мушоҳида накардам. Шояд шумо дидед?
Агар ҳа, луфт кунеду дар пои ин матлаб бикоред.

Аммо навиштаҳои чанде аз соҳибназаронро аз бурду бохтҳои тоҷику Тоҷикистон аз ин ҳамоиш хондам. Аслан бардоштҳои соҳибназароне, ки зери фишори ниҳодҳои қудратӣ аз Тоҷикистон берун шудаанд. Ба ду ё сеи нигоштаи онҳо шарҳ ё табсирае ҳам навиштам.

Аҷиб аст, ки  муаассисоту ниҳодҳои ҳукуматӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ тақрибан ҳич ҷизи арзишманде нашр накардаанд.

Чаро?  Мавзуъ ҳам кӯчак несту барояшон муҳимм ба назар мерасад.
Ё шояд дар пайи бесариштагии як рӯз пеш аз ҳамоиш, ки бо лағви сафари Путин ба Тоҷикистон (ҳатто мошинҳои кортежаш ба Душанбе расида будаанд), иттифоқ уфтод, фармон нагирифтанд? Шояд сабаби дигаре ҳаст, ки мо аз он намедонем?

Дар ҳар сурат, оё мешавад, ки як миллати воҳид ба ҳамоиши басо муҳимм дар як корзори сиёсиии ҳалкунанда барои миллати мо дар ду сӯи Ому рефлексияи зеҳнӣ нишон надиҳад?!
Чашм нарасад, магар мо муваффақ нашудем, ки:

  •  ташаббуси миллиро дар масъалаи бархурд бо Толибон минтақаӣ (ва шояд ҷаҳонӣ) кунем?
  • рақиби басо қавиро дар ҳолати ногувор диҳем?
  • барои тағйири таносуби неруҳо дар майдонҳо ва азнавсозии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шароит офарем?
  • магар мо ба ҷаҳони мутамаддин нишон надодем, ки нерӯе ба ҷуз мо- тоҷикони ду сӯи Ому дар баробари ҷаҳолат ва торикии фошизми толибонӣ надорад?(Мутмаин бошед, ки дер ё зуд ИМА ва ИА инро эътироф хоҳанду карду талошҳои моро ниҳодинатар)
  • болотар аз ин ҳама магар бародару ҳамтабор хондани онҳое, ки се-чор соли пеш синфи сиёсии мо “авғон”-ашон мехонд, дастоварди инқилобӣ нест?!

Заррае шубҳа надорам, ки дастовардҳои миёнадавраиянду тадриҷан шакл гирифтани Қудрати миллии тоҷик ҳамин аст. Пас чаро аз онҳо нагӯему афродеро қадрдонӣ накунем.

Шуморо намедонам, вале ман омодаам дасти так таки дипломатҳову  низомиёни  кишварро, ки дар маъниофариниҳову ташаккул додани воқеъияти ин чанд рӯз саҳм доштанд, бифишурам. (Аз бемаънигиҳои протокол ё расмиёт ин бор намегӯям. Барои баёни мушкилоти дохилӣ вақт дорем).
Аз сидқ мефишурам. Дасти кулли онҳоеро, ки бо роҳандозии як стротежии вижа мавқеи моро аз “меҳмон” (заиф) ба мавқеи “мизбон” (қавӣ) дар як баҳси минтақаӣ табдил додан доранд. Онҳо буданд, ки хеле боэҳтиёт, вале қадамҳое доштем…

Мефаҳмам, ки “ҳанӯз аввали ишқ аст”, вале талошҳо дар ин марҳила низ шоистаи таҳсинанд.

Ҳароина ламс кардаву дару тирезае кофтан дар хонаи торике, ки  моро дар он ҷаҳониён танҳо мондаанд, аз шиштаву нолидан авлотар буд.

Акнун ба такрор бояд гуфт, ки дар ҳамин марҳилаи торихӣ ҷаҳон ҷуз мо- тоҷикону ду сӯи Ому ва ёрони мо аз қавмҳои дигар дар баробари торикӣ ва ҷаҳолати фошизми толибонӣ, ки пушти он Покистон меистад, олтернатив надорад!

Сирри наомадани Владимир Путин ба Душанбе ҳам дар ҳамин аст. Ӯ, ки худро “императори ҳарбии ҷаҳон” медонад, айни ҳол модели рушани бархурд ба “Толибон”-ро надораду эътирофи мавзеъгирии сиҳати мо барои худашу дастгоҳаш сахт аст.
Агар меомад дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор мегирифту бояд чизе муҳкам ва ҳисобшудае мегуфт.  Ба назар мерасад, ки дастгоҳаш роҳҳале наёфтааст. Пас русҳо интизор хоҳанд буд, ки боз ҳам ба манфиати мост.
Дар ин вазъ, ки вазифаҳои сиёсиву низомӣ иҷро шудан доранд,  мессиҷи навбатии мо ҷаҳону бозингарони минтақавӣ чӣ метавонад буд?
Фикр мекунам ҳамин: “Мо хоҳони сулҳу субот дар Афғонистон ҳастем, вале на ба баҳои даст кашидан аз ҳифзи манофеъи миллии худ. Манофеи миллии мо дар ин марҳила тақозо мекунанд, ки ягон тарҳи бунёдӣ дар Афғонистон, хоҳ ба манфиати Чин аст ё Покистон, Ӯзбакистон аст ё Русия ва ё ҳар кишвари дигар то пазируфтани талабҳои сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ амалӣ нахоҳад шуд. Ҷабҳа, ки бозсозӣ шудан дорад, ба ҳич нерӯе чунин иҷозатро намедиҳад”.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.