“Хиёнат” – филме беимзо ъалайҳи ҲНИТ ва Эрон

“Хиёнат” лафзест, ки давлати Тоҷикистон беш аз пеш барои тавсифи мухолифони худ ба кор мебарад ва акнун ъунвони филмест 210-дақиқаӣ дар се қисмат, ки ахиран аз тариқи ҳамаи шабакаҳои саросарии телевизюни Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Филми “Хиёнат” бар мабнои эътирофоти афроди боздоштию маҳкум сохта шудааст. Созандаи филм, ки ному нишоне аз ӯ дар титрожи “Хиёнат” вуҷуд надорад, 25 парвандаро варақ мезанад ва суҳбатҳои надоматомези маҳкумонро пахш мекунад, ки бархе аз онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Монанди Қиёмиддини Ғозӣ, ки аз чеҳраҳои мазҳабии маъруфи поёни даврони Шӯравӣ буд. Ӯ ду сол пеш ба 18 сол зиндон маҳкум шуд ва порсол дар ошӯби зиндони Ваҳдат ба қатл расид. Ӯ дар ин филм хитоб ба ҳамсангари пешини худ Муҳйиддини Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд: “Лофи беҳуда гардан шикастааст!” Ӯ ва “муътарифон”-и дигар дар ин филми давлатӣ Ҳизби Наҳзати Исломиро ба талош барои кудето дар соли 2015 муттаҳам мекунанд; иттиҳоме, ки зарфи панҷ соли ахир давлат батакрор эълом ва Наҳзати Исломӣ рад кардааст.

Дар воқеъ, нуки шамшери ин филм ба сӯи Ҳизби Наҳзати Исломӣ нишона рафтааст, ки панҷ сол пеш Додгоҳи ъолии Тоҷикистон онро ба ъунвони як “созмони теруристию ифротгаро” мамнӯъ кард; ва бавежа ъалайҳи раҳбари он Муҳйиддини Кабирӣ. Муътарифони аслӣ писаръамма, бародарзан, хешовандони дигар ва ронандаи пешини Муҳйиддини Кабирӣ ҳастанд.

Маҳмадъалӣ Раҳматуллоҳуф, аз пайвандони Муҳйиддини Кабирӣ, дар ҳоле ки пушти сари ӯ чашмандози дилрубое аз рустои Қасамдараи Файзободро мебинем, хитоб ба Муҳйиддини Кабирӣ мегӯяд: “Аз ин  деҳ шармандавор гурехта рафтӣ. Моро ҳам шарманда кардӣ. Мардуми инҷо ҳаргиз наметавонанд туро бибахшанд”. Қасамдара зодгоҳи Муҳйиддини Кабирӣ аст. Ҳамаи пайвандони ӯ, ки дар ин филм зоҳир мешаванд, соли 2016 ба як сол зиндон маҳкум шуда буданд. Оқои Кабирӣ мегӯяд, агар онҳо тан ба эътирофи иҷборӣ намедоданд, барои муддати бисёр дарозтаре равонаи зиндон мешуданд.

Раҳбари ҲНИТ, ки акнун дар Урупо ба сар мебарад, мегӯяд, ки эътирофоти афроди наздик ба ӯ дар пайи муъомилае сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, зарфи як моҳи рӯза наздиконашро ба идораи амнияти маҳаллӣ мебурданду шиканҷа мекарданд, то ин эътирофот ҳосил шавад. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, ҳар як аз онҳоро ба 20 то 25 сол зиндон ва мусодираи амвол таҳдид мекарданд.

Дар тамосҳои бешумори БиБиСии форсӣ ҳеч мақоми ҳукуматӣ ё коршиноси наздик ба ҳукумат ҳозир нашуд ба ин суханони Муҳйиддини Кабирӣ посух диҳад.

Кишвари “барои тоҷикон маълум” куҷост?

Яке дигар аз мавзӯъҳои меҳварии филми «Хиёнат» кишварест, ки аз он 31 бор ёд шуда, аммо бидуни зикри номи дақиқаш. Ровии филм 31 бор аз кишваре мегӯяд, ки мусалмон асту “барои мардуми Тоҷикистон маълум”, вале як бор ҳам номи он кишварро намешунавем.

Албатта, дар мавориде парда аз рӯи “кишвари барои тоҷикон маълум” бармеуфтад. Масалан, дар эътирофоти забтшуда, ки бархе номи шаҳрҳои Қум, Караҷ, Пардис, Бумиҳин ва устони Мозандаронро ба забон меоваранд. Ва дар мавориде нақшаеро мебинем, ки наметавонад ҷое ҷуз Эрон бошад.

Ъабдуссаттор Каримуф, яке аз аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ, дар “эътироф”-и худ мегӯяд: “Аксари ҷавонони тоҷике, ки дар ҳаводиси чаҳоруми септомбри 2015 ширкат карданд, мегуфтанд, ки дар Караҷ, Мозандарон ё Қум омӯзишҳои низомӣ дидаанд”.

Манзур аз “ҳаводис” чизест, ки давлати Тоҷикистон талош барои кудето ба раҳбарии женерол Назарзода, муъовини пешини Вазорати дифоъ, дар соли 2015 меномад. Ин дувумин бор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон Эронро ба ҳамдастӣ дар “иқдом ба кудето” муттаҳам мекунад. Иттиҳоме, ки бори нахуст дуруст се сол пеш дар филме инчунинӣ матраҳ шуд ва эътирози катбии Сафорати Эрон дар Душанберо дар пай дошт. Аммо чиро ин бор бидуни зикри ном?

Тӯраҷи Атобакӣ, коршиноси Осиёи Миёна, бар ин бовар аст, ки наметавон ъомили дахолати Русия дар ин заминаро нодида гирифт. “Русия ва шояд ҳам Чин ба хотири равобити нисбатан танготанге, ки бо Эрон доранд, иҷоза намедиҳанд, ки яке аз кишварҳои дорои пайванд бо ин ду қудрати минтақаӣ мисли Тоҷикистон бо Эрон вориди робитаи бисёр пурташаннуҷе шавад”.

Аммо Муҳйиддини Кабирӣ ба ин гумон аст, ки шояд мақомҳои эронӣ аз маҷроҳои ғайрирасмӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдорҳое додаанд, ки ба нармишу гармиши нисбӣ дар равобити байни ду кишвар анҷомидааст. Зимни ин ки аз диди ӯ, Ҷумҳурии Исломӣ собит кардааст, ки ҲНИТ аз пуштибонию кумакҳои маънавию диплумотики Теҳрон бархурдор нест ва ба ҳамин далел ҳам ин бор номи Эрон ба забон наёмад.

Ва нигоҳи севум ба ин мавзӯъ аз Сайидюнуси Истаравшанӣ, ъузви Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон ва пажӯҳишгари динӣ дар Табрези Эрон аст, ки ӯ ҳам аз муттаҳамони филми “Хиёнат” аст:

“Ҳукумати Тоҷикистон ба заъм (гумон)-и худаш равзанаеро боз гузоштааст, бад-ин маъно, ки ҳанӯз ҳам мешавад бо ҳам равобити хуб дошт; ба шарти ин ки Эрон мухолифоне мисли манро “терурист” биномад, онҳоро аз хокаш биронад ё ба Душанбе таҳвил диҳад”.

Чи бо ному чи бе ном, муҳтавои филми “Хиёнат” “кишвари барои мардуми Тоҷикистон маълум”-ро барои ҳамагон маълум мекунад. Пас чиро Эрон вокуниши сареҳе ба ин иттиҳомот нишон намедиҳад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ муътақид аст, ки Эрон намехоҳад равобиташро бо мардуми Тоҷикистон тира кунад. “Давлатҳо меоянду мераванд. Мардум мемонад. Тоҷикистон барои Эрон Омрико ё ҳатто Ъарабистони Саъудӣ нест, ки бо он мушу гурба шавад. Эрону Тоҷикистон иштирокоти зиёде доранд ва як пайкару як рӯҳанд”. Пас набояд ин масоилро ҷиддӣ гирифт.

Эрон ва мухолифони давлати Тоҷикистон

Филми “Хиёнат” муддаъист, ки Эрон ба ҷавонони тоҷик омӯзиши теруристӣ медиҳад, то онҳо дар ниҳоят ҳукумати секулори Тоҷикистонро барандозанд.

Тӯраҷи Атобакӣ чунин тарҳеро баъид медонад. Аз диди ӯ, Эрон дар ҷойгоҳе нест, ки барои дахолати мустақим дар умури Тоҷикистон иқдом кунад. Мегӯяд:

 

“Дар замони шӯравӣ як дуҷин Ҳизби Кумунист аз саросари ҷаҳон дар Маскав дафтар доштанд, вале Шӯравӣ бо он кишварҳо равобити танготанг дошт. Эрон ҳам, ки худро Уммулқурои ислом медонад, ба нерӯҳои исломии ҷаҳон паноҳу имконот медиҳад. Вале ин ки бихоҳад ба атбоъи он кишвар омӯзиши низомӣ бидиҳад, ки бираванду дар кишварашон ъамалиёти низомӣ ё теруристӣ анҷом диҳанд, ба назар баъид меояд. Чиро ки ин писанду хуранди Русия нест ва Русия иҷозаи чунин кореро намедиҳад”.

 

Аммо дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон (1992-97) Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз пуштибонии молию моддию маънавии Ҷумҳурии Исломӣ бархурдор буд ва Эрон ба чеҳраҳои аслии ин ҳизб паноҳ дода буд. Муҳйиддини Кабирӣ мегӯяд, ки акнун аз он ҳимоятҳо хабаре нест. Ба гуфтаи ӯ, пас аз поёни ҷангу бозгашти масъулони ҳизб ба Тоҷикистон Наҳзати Исломӣ аз Эрон ҳеч кумаке дарёфт накардааст. Мегӯяд:

“Пас аз поёни ҷанг Наҳзати Исломӣ ба муддати 18 сол дар Тоҷикистон расман фаъъолият мекарду ҳеч касе як бор ҳам нагуфта буд, ки Эрон ба ин ҳизб кумак мекунад. Агар мегуфт, бар пояи он иддиъо мешуд ҳизбро мамнӯъ кард. Яъне дар дохили кишвар будему Эрон ба мо кумак намекард. Ҳоло, ки ҳизбамонро таътил ва “туруристию ифротӣ” эълом кардаанд, читавр Эрон метавонад ба мо кумак кунад? Агар кумак мекард, имрӯз мо дар Эрон зиндагӣ мекардем, на дар Урупо. Худи Эрон барои анҷом додани додугирифти молӣ бо кишварҳои урупоӣ мушкил дорад. Пас читавр метавонад ба мо дар Урупо кумак кунад?”

Дар филми “Хиёнат” бархе аз рӯзноманигорони хориҷнишини Тоҷикистон ҳам муттаҳам шудаанд, ки расонаҳояшонро бо пули Ҷумҳурии Исломӣ роҳандозӣ кардаанд. Аз ҷумла торнамои хабарию таҳлилии akhbor.com, ки ин иттиҳомро мардуд медонад.

Созандаи филм кист?

Филми “Хиёнат” титрож надорад. Орм (нишон)-и ширкати “Тоҷикфилм” танҳо мавриди ишора ба созандаи филм аст. Беимзо будани филм ба гумоназаниҳо доман задааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ бо “80 то 90 дарсад эҳтимол” ҳадс мезанад, ки “пушти ин филм Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ аст”. Муҳйиддини Кабирӣ, аммо, онро пружаи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон медонад. Дар тамосе, ки бо ин дафтар доштам, гуфта шуд, ки “Хиёнат” аз офаридаҳои истудиюи “Тоҷикфилм” аст ва рабте ба ин ниҳод надорад.

 

Чанд рӯз пеш хабаргузории давлатии “Ховар” ба нақл аз раиси истудиюи “Тоҷикфилм” номи коргардони филми беимзоро эълом кард: Рустами Сатторзода. Номе, ки барои маҳофили хабарии Тоҷикистон чандон ошно нест. Ҳарчанд дар Фейсбук намояе дорад. Ва дар ҷустуҷӯгар Google номи ӯ сирфан бо хабарҳои марбут ба филми “Хиёнат” зоҳир мешавад.

 

Аммо соъоте пас аз пахши гузориши телевизюни БиБиСии форсӣ дар бораи филми “Хиёнат” хабаргузории давлатии “Ховар” бо тасҳеҳи он хабар феҳрести буландболе аз созандагони филмро мунташир кард, ки Рустами Сатторзода дар он миён набуд. Оқои Сатторзода дар тамосе хусусӣ ба ман гуфт, ки ҳирфааш филмбардорист ва ҳеч сарукоре бо филми “Хиёнат” надошта ва худаш ҳам намедонад, ки чиро дар хабари аввали хабаргузории давлатӣ аз ӯ ба ъунвони созандаи филм ёд шуда. Дар гузинаи тасҳеҳшудаи хабари “Ховар” мехонем, ки коргадони филми “Хиёнат” Малики Тӯразода ва филмноманивиси он Раҳмати Темуриён будаанд, ки боз ҳам дар маҳофили хабарии Тоҷикистон гумном маҳсуб мешаванд. Хабари аввалияи хабаргузории “Ховар”, ки аз қавли раиси “Тоҷикфилм” Рустами Сатторзодаро коргардони филми “Хиёнат” муъаррифӣ карда буд, ҳамчунон дар пойгоҳҳои иттилоърасонии дигар дар дастрас аст.

Ҳамзамон Пажӯҳишгоҳи роҳбурдии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақдир аз ин филм кунфронси ъилмию роҳбурдӣ баргузор кардааст. Ҳарчанд суханронони ин ҳамоиш даъвати БиБиСӣ барои табйини мавзеъи худро напазируфтанд. Масъулони истудиюи “Тоҷикфилм” ҳам ба ман гуфтанд, ки моил нестанд дар ин замина гуфтугӯ кунанд.

“Хиёнат” бо тамоми пурсишҳое, ки падид оварда, далели тозаи дигарест бар пунба шудани ҳамаи риштаҳои сулҳи байни тоҷикон, ки 23 сол пеш ҳосил шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бузургдошти рӯзи имзои он тавофуқ моҳи гузашта расман яке аз ду тарафи сулҳро ҳазф карду гуфт, ки тавофуқномаи сулҳро бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ имзо накарда буд, балки тарафи ӯ Иттиҳоди Нерӯҳои Мухолифин буд.

Аммо сутуни фақароти он иттиҳодия ҳамин Ҳизби Наҳзати Исломӣ буд ва тарафи музокираи Эмомъалии Раҳмон раҳбари вақти ин ҳизб – Ъабдуллоҳи Нурӣ.

Дориюш Раҷабиён, ВВС

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.