Хоманаӣ гуфт, Эрон танҳо пас аз лағви таҳримҳо ба созиши ҳастаӣ бармегардад

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон рӯзи якшанбеи 21-уми март дар як паёми телевизионӣ ба муносибати Иди Навруз гуфт, ки агар Амрико ва муттаҳидонаш мехоҳанд Эрон ба созишномаи атомии соли 2015 баргардад, бояд ҳама таҳримҳои ҷоришуда алайҳи ин кишвар бекор карда шаванд. Вай гуфт, “мавзеъгирии мо рушан аст ва тағйир накардааст. Ҳамаи таҳримҳои Амрико тибқи созиш бояд дур шаванд ва мо ба созишнома бархоҳем гашт”.

Ӯ гуфт, сиёсати фишор аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп алайҳи Эрон ноком шуд ва ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Ҷо Байден ин равишро идома диҳад, онҳо ҳам ноком хоҳанд шуд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико созишномаи атомӣ бо Эронро нопурра хонда, соли 2018 аз он берун шуд. 

Раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден омодагии худро барои бозгашт ба ин созишнома иброз дошт, аммо ҳукумати вай исрор дорад, ки аввалан Теҳрон бояд ба ӯҳдадориҳои худ амал намояд. Теҳрон пас аз берун шудани Амрико аз ин созишнома, дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико дигар ба бандҳои ин созишнома амал накард.

Амрико, Бритониё, Олмон ва Фаронса, ки созишномаи атомиро шаш сол пеш бо Эрон имзо карданд, барои баргашти Теҳрон ба ин созишнома бархе тағйиротро пешниҳод кардаанд, вале Теҳрон ба онҳо бо дидаи шак менигарад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.