Хоманаӣ шарти иҷрои созиши атомӣ бо Эронро “шарҳ дод”

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтааст, ки агар Амрико мехоҳад, кишвараш дигарбора тамоми талаботи созиши атомиро  иҷро кунад, бояд тамоми таҳримот ба зидди Эронро аз байн бардорад. Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 7-уми феврал дар мулоқот бо гуруҳе аз фармондеҳони неруҳои ҳавоии Эрон гуфтааст: “Таҳримот дуруст лағв шавад, онгаҳ мо ба иҷрои тааҳудоти худ бармегардем.”

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин нахустин баёнияи Хоманаӣ дар бораи созиши атомӣ, пас аз раиси ҷумҳури Амрико шудани Ҷо Байден аст, ки гуфтааст, мехоҳад, Амрикоро ба ин созиш баргардонад. Пештар аз ин Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар як мусоҳибае бо рӯзномае дар Эрон дар рӯзи 6-уми феврал аз Амрико хост, ҳарчӣ зудтар ба созиши атомӣ баргардад.

Раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп, соли 2018 Иёлоти Муттаҳидаро аз созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ хориҷ кард ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди Эронро баргардонд. Дар посух ба ин Теҳрон низ батадриҷ аз иҷрои талаботи созиш даст кашид ва фаъолиятҳои атомиашро аз сар гирифт. Ҳукумати Ҷо Байден роҳҳои бозгашт ба созишро баррасӣ дорад, худаш гуфтааст, ки агар Эрон созишро дуруст риоят кунад, Амрико низ айни корро хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.