Хоманеӣ гуфт, “Эрон мунтазири амал аст, на ҳарф”

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ гуфт, ки Эрон интизори «амал, на ҳарф»-и имзогузорони созиши ҳастаии соли 2015 мебошад. Ин изҳорот дар посух ба маъмурияти нави ИМА садо дод, ки гуфтааст, баъди тарки созиш кардани президенти собиқ Доналд Трамп дар соли 2018, Вашингтон метавонад дубора ба ин санад баргардад. Оятулло Хоманеӣ, ки рӯзи 17 феврал тавассути телевизиони давлатӣ сӯҳбат мекард,  гуфт:

«Ҳарф фоида надорад. Ваъда фоида надорад. Ин дафъа фақат амал, амал, амали тарафи муқобилро бубинем, мо ҳам амал хоҳем кард. Бо ҳарфу ваъдаву ин ки «мо ин корро хоҳем карду он корро хоҳем кард», Ҷумҳурии Исломӣ ин дафъа қонеъ нахоҳад буд».

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки агар Эрон шартҳои санадро пурра иҷро кунад, Вашингтон дубора ба созиши ҳастаии қудратҳо бо Теҳрон бархоҳад гашт. Теҳрон мегӯяд, ки Вашингтон бояд аввал шуда иқдом кунад. Созише, ки шаш сол пеш аз ҷониби ИМА, Чин, Русия, Олмон, Фаронса, Бритониё ва Эрон имзо шудааст, аз Теҳрон талаб мекунад, ки даст аз ғанисозии ураниум бардорад ва бар иваз, таҳримҳои байналмилалӣ  ҳам бекор мешаванд. Эрон ҳамеша гуфтааст, ки дар фикри эҷоди бомбаи ҳастаӣ нест ва сирф бо ҳадафҳои маданӣ барномаи ҳастаиаашро пеш мебарад. Баъди аз ин созиш берун шудани Трамп се соли пеш, Теҳрон ҳам тадриҷан аз иҷрои шартҳои созиш ақибнишинӣ кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.