Хонаи озодӣ: Демократия дар ҳолати пандемия амиқтар осеб дид

Дар саросари ҷаҳон дар шароити бӯҳрони пандемияи COVID-19 демократия дар саросари ҷаҳон амиқтар осеб дид. Созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар гузориши вижае рӯзи 2-юми октябр гуфт, ки бо баҳонаи пандемия ҳукуматҳо интихоботро беназм карда, мунаққидону матбуотро саркӯб карданд ва масъулияти худро дар заминаи таъмини ҳуқуқи башар ва ҳифзи сиҳҳатии мардум пурра ба иҷро нарасониданд. Муҳаққиқони созмони воқеъ дар ИМА мегӯянд, ки дар 80 кишвари ҷаҳон дар давраи пандемия вазъи ҳуқуқи башар бадтар шуд ва дар кишварҳое, ки қаблан ҳам нишондодҳои демократиашон хуб набуд, боз ҳам сангинтар гашт. Гузориш мегӯяд, сӯиистифода аз  қудрат, ки бе ин ҳам номутаносиб буд, дар давраи пандемия аз ҳад зиёд шуд. Дар пурсиши Хонаи Озодӣ беш аз 60 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки эҳтимолан таъсири манфии пандемия ба ҳуқуқи сиёсиву озодиҳои маданӣ  давоми се то панҷ соли баъдӣ боқӣ хоҳад монд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.