HRW ба қатъи таъқиби муаллифи саҳифаи ҳаҷвӣ Темирлан Енсебек даъват кард

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки “парвандаи беасос” нисбати Темирлан Енсебек, муаллифи саҳифаи ҳаҷвии Qaznews24-ро дар шабакаи иқтимоии Instagram қатъ кунанд.

Пулиси Қазоқистон ҳафтаи гузашта Енсебекро бозпурсӣ ва манзилашро кофтукоб карду телефони ҳамроҳ ва компютерашро мусодира кард. Енсебек дар ҳоли ҳозир дар доираи парвандаи “паҳнсозии иттилои бардурӯғ” ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешавад. Ӯро метавонанд, аз шоҳид ба гумонбар табдил диҳанд.

Пештар аз ин Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз рӯзноманигорон “Хабарнигорони бидуни марз” низ ба ҷонибдорӣ аз Темирлан Енсебек садо баланд карда буд. “Хабарнигорони бидуни марз” аз мақомоти Қазоқистон даъват кардааст, ки “озодии суханро эҳтиром кунанд”. “Ҳаҷв ҷиноят нест!” – навишта шудааст дар саҳифаи созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Пулиси Қазоқистон рӯзи 15-уми май блогери мазкурро барои навиштаҳои ҳаҷвӣ дар Instagram боздошт кард. Мақомот дар шаҳри Алма Ато манзили Темирлан Энсебекро кофтукоб ва таҷҳизоти ӯро мусодира кардаанд. Дар ин бора ҳамсараш ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додааст. Энсебек узви гурӯҳи “Оян, Қазоқистон” (Қазоқистон бедор шав!) аст, ки ислоҳот дар ин кишвари Осиёи Марказиро мехоҳад.

Чанд тарафдори блогер дар назди идораи полисе, ки ӯро бозпурсӣ мекарданд, эътироз карданд. Ҳамсари Эсенбек гуфт, ки ӯро эҳтимолан бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки тартиботи ҷамъиятиро дар хатар мегузорад, боздошт кардаанд.

Навиштаҳои ӯ дар Инстаграм ҳазф шудаанд. Ӯ воқеаҳои сиёсӣ дар ин кишварро ба риштаи ҳаҷв мекашид ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.