HRW ба Тоҷикистон: Далер Шариповро эҳтиёт ва озод кунед!
Human Rights Watch созмони маъруфи ҳифзи ҳуқуқи башар бо пахши изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки журналист Далер Шариповро фавран озод кунад.
- “Мақомоти тоҷик бояд барои озод кардани Шарипов зуд тасмим бигиранд ва нагузоранд, ки дар боздоштгоҳ ба ӯ зараре расад”, – омадааст, дар изҳороти Human Rights Watch.
- “Далер Шарипов аз шумори хеле ками журналистони мустақили Тоҷикистон аст, ки озодона ибрози ақида мекард. Мақомоти тоҷик бояд билофосила иттиҳомоти сохта нисбати ӯро бекор ва худи ӯро озод кунанд”, – гуфт, Ню Виллиамсон, раҳбари барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин созмон.
- Далер Шарипов рӯзи 28-уми январи соли равон аз ҷониби мақомоти амниятӣ дастгир гардид. Рӯзи 30-юми ҳамин моҳ бо гумони “барангехтани кинаву адовати динӣ” аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбе барои 2 моҳ ба ҳасби пешакӣ гирифта шуд.
- Мақомот ӯро дар навиштани китоби “Муҳаммад(с) ва террозм”, ки ҳанӯз чоп нашудааст, гунаҳкор медонанд.
- 30-юми январ Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар хабаре мавқеъашро нисбат ба қазияи Далер Шарипов маълум карда, “шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомот”-ро қобили қабул надонист ва талаб кард, ки волоияти қонун риоя шавад.
- 31-уми январ Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик, ки қароргоҳаш дар Варшава аст, изҳор кард, ки боздошт ва ҳабси пешакии Далер Шарипов “ғайриқонунӣ ва беадолатона” аст ва ӯ бояд фавран озод карда шавад. Ҳамзамон ин созмон маъракаи дифоъ аз Далер Шарипов – #FreeDaler-ро роҳандозӣ кард.
- 1-уми феврал Додситони кулли Тоҷикистон бо пахши изҳорот Далер Шарипорво бо нашри “зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ” гумонбар донист.
- Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорӣ иддаъои мақомотро беасос хонда, амали онҳоро нақзи қонун арзёбӣ карданд.
- 3-юми феврал 8 сомзони ҷамъиятиву журналистии Тоҷикистон ва даҳҳо рӯзноманигор бо пахши як изҳороти дастаҷамъона аз мақомот талаб карданд, то қазияро “воқеъбинона ва бо риояи тамоми кафолатҳои озодии баён” баррасӣ кунанд.
- 5-уми феврал Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, ки як теъдод аз мақолаҳои нашркардаи Далер Шарипов “дар истеҳсолоти кумита” қарор дорад ва пас аз ташхис натиҷаи онро хоҳанд гуфт.
- 6-уми феврал Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), ки мақараш дар Ню Йорк аст, талаб кард, ки “иттиҳоми пуч”-ашро нисбати журналист Далер Шарипов бекор кунад ва ба ӯ шароити дубора фаъолият карданро муҳайё созад.
- 11-уми феврал се созмони ҳуқуқи башар – Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки талаби қафолати амнияти Далер Шариповро дар зиндон ва озодии саривақтии ӯро карданд.
- 13-уми феврал Созмони Авфи Байналмилал бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хост то “беқайду шарт” Далер Шариповро зуд раҳо кунад.
- Баъди ин гуна ранг гирифтани қазия мақомоти Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр карданд.
- Ба гуфтаи пайвандонаш Далер Шарипов аз вазъи саломатиаш шикоят надорад.