Худпешбарии Фаромуз норасоӣ дар қонунҳоро ба намоиш гузошт

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор

Бознашр аз блоги муаллиф

Эълони Фаромуз Иргашев, ки гуфт довталаби курсии президенти Тоҷикистон аст, гуфтугӯҳои гуногунро ба бор овард. Аз табрику таҳният то дашному ҳақорат. Яке ҳатто навишт, “войи Фаромуз, ки Бадахшонро сархам кард”.

Аммо барои чӣ? Ӯ чӣ гуноҳ кард? Магар ҷурм аст, агар як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон, соҳиби таҳсилоти олӣ, 30-сола, 10 соли ахир дар дохили кишвар, як навбат вакили Маҷлиси вилоятӣ, ҳуқушинос иддаои курсии аввали мамлакатро кунад, чаро ба дигарон сахт мерасад? Охир, ин курсӣ кафшершуда ё меросӣ нест-ку. Худи соҳиби ҳозираи он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд бор дар сӯҳбатҳояш мегуфт, ки ин курсӣ моли халқ аст. Пас, аз лиҳози сиёсӣ ин ҷо ҷурме дида намешавад.

Мушкил яктост. Онро худи Фаромуз Иргашев, ки ҳуқуқшинос аст, медонад. Усули “худпешбарӣ” дар қонунҳои интихоботии Тоҷикистон барои номзад ба мақоми вакили маҷлис мушаххас шудаву иҷозат аст, аммо барои номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ тазаккур наёфта ва номуайян мебошад. Ҳамзамон дар ҳеч қонуне ин амал манъ нашудааст.

Инро ҳам бояд ёдовар шуд,ки масъалаи ворид кардани ин тарзи ширкат дар интихоботро қабл аз ин ҳам борҳо матраҳ карда буданд ва ахиран Раҳматулло Зоиров ҳам дар рӯйихати 16 пешниҳодаш ҷиҳати ислоҳи қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ онро тавсия дода буд. Чаро худпешбарӣ барои вакили маҷлис шудан мумкин аст, барои президент шудан не?

Моҷарои Фаромуз рӯшан кард, ки зикр нашудани “худпешбарӣ” ба унвони асли интихобот дар қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи Конститутсия аст. Ба гуфтаи қонундонҳо, дар чунин ҳолат Конститутсия болотар қарор мегирад. Ҳоло бояд дид, мақомоти кишвар ба кадоме аз ду қонун бартарӣ хоҳанд дод, ба Қонуни Асосӣ ё зерқонуни таҳияшуда бар пояи он?

Оё танҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ ва бархе аз созмонҳо додани ҳаққи пешбарии номзадҳо ба маънии поймол кардани дигарон нест? Агар Иттифоқи ҷавонон чунин ҳақро дорад, чаро барои мисол, Иттиҳоди нависандагон ё Шӯрои занон, Иттиҳоди соҳибкорон, Бунёди ташаббусҳои шаҳрвандӣ, Коллегияи адвокатҳо, Иттиҳоди ҳомиёни муҳити зист ё ҳуқуқ чунин ҳақро надоранд?

Зеро ин ҳам ҳақиқат аст, ки на ҳама омодааст, барои номзади ҳизбҳои сиёсӣ овоз бидиҳад. Шояд садҳо ҳазор ва беш аз ин нафар дар суроғи номзади мустақиланд? Оё беҳтар нест, интихобот интихоби бештар дошта бошад

Бовар доред, ки номзадҳо Эмомалӣ Раҳмон ё масалан, Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Усмонов, борҳост вориди користон мешаванд ва бозу боз ҳамон чеҳраҳои пешина таваҷҷуҳи интихобкунандаро ба худ ҷалб мекунанд? Онҳое, ки агар ду бор камтар аз 3 дарсад овоз гирифтаанд, чаро боз ба саҳна меоянд?

Шояд умеди Фаромуз Иргашев ҳам ба ҳамин дастгирии овоздиҳандагони ғайриҳизбӣ аст, ки эҳтимолан аксарияти кулро ташкил диҳанд? Худи қадам пеш гузоштани ӯ нишон медиҳад, ки қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба ислоҳот дорад ва он бояд бо хоста ва табиати ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду мардумсолор мутобиқат кунад.

Маҳмадалӣ Ватанзода, ноиби аввали раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба даъвои Раҳматулло Зоиров, ки гуфт аз 6-уми ноябр ба 11-уми октябр тағйир додани рӯзи интихобот ғайриқонунист, ҷавоб дод, ки “қонунгузории амалкунанда санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест”.

Ватанзода таъкид кардааст,ки “санаи мушаххас” дар қонун зикр нашудааст ва асоси иддаои Фаромуз ҳам тақрибан монанди ҳамин аст: дар қонун худпешбарӣ ба таври “мушаххас” манъ нашудааст.

Мегӯянд, дар қонунгузорӣ Тоҷикистон аз Русия ибрат мегирад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз тариқи худпешбарӣ ба мақоми худ даст ёфтааст. На як бор! Соли 2003 худпешбариро унсур ва меъёри қонуни федералӣ дар бораи интихоботи раиси ҷумҳурӣ кард (моддаи 34) ва ҳам дар соли 2004 ва ҳам дар соли 2018 аз тариқи худпешбарӣ вориди корзори интихоботӣ шуд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.