Худсонсур ва кликбейт дар матлаби “Спутник” оиди “Авесто гуруҳ”

  • Манбаъ: “Спутник”
  • Манобеи молӣ: Будҷаи Русия

Маводи таҳқиқшаванда

Қарори Ҳукумат барои додани замин ба “Авесто гуруҳ” ба ивази 2 млн: гӯшт арзон мешавад?

MediaMarker

Хабаргузории давлатии “Спутник”-и Русия, ки аз ҷудо кардани 23,7 га замин барои ширкати “Авесто гуруҳ” иттилоъ додааст, ба худсонсур ва кликбейт роҳ додааст. Ростиозмоии ин матлаб нишон медиҳад, ки:

  • Манбаъи хабар дар матлаб рушан дарҷ нашудааст, ҳол он ки сухан аз хабари расмӣ меравад.
  • Аз матни матлаб барнамеояд, ки  қарори мазкури ҳукумат кай ба имзо расидааст: замони оғози сохтмони корхонаи мурғпарварӣ, ки борҳо расонаиву ҷанҷолӣ шуда буд ё акнун дар арафаи ба итмом расидани сохтмон, ки ҷашни 30 солагии Истиқлол ном бурда мешуд? Ё шояд сабаб вусъат додани ҳудуди корхонаи сохташуда аст?
  • Дар сарлавҳа аз кликбейт (“…гӯшт арзон мешавад?”) истифода шудааст, аммо дар матни матлаб аз нарху навои гӯшт ҳич асаре нест. Кликбейт шеваи сӯистифода аз озодии баён аст, ки бархилофи аслҳои рӯзноманигории касбӣ мебошад.
  • Муаллифи матлаб аз қавли Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон овардааст,ки “дар ду – се соли оянда талаботи ҷумҳурӣ ба гӯшти парранда аз ҳисоби тавлидоти худӣ пурра таъмин хоҳад шуду кишвар ба содиркунанда мубаддал мешавад”, аммо аз тафаккури интиқодӣ кор нагирифтааст.
  •  Дар баробари як назари хушбинонаи мансабдор, ки шубҳаовар ба назар мерасад, расона назари мустақил наовардааст, ки бархилофи усули риояи таносуби назарҳо дар матолиби рӯзноманигорӣ мебошад.
  •  Расона аз ҷуброн кардани ҳисороти истифодабарандагони қаблии замин тибқи ҳамин қарори ҳукумат иттилоъ додааст, аммо мушаххас накардааст, ки онҳо киҳоянд. Назари онҳо дар ин бора дар матлаб вуҷуд надорад.
  • “Спутник” ба худсонсур даст зада, ба кӣ тааллуқ доштану ба манфиати молии кӣ фаъолият кардани гуруҳи ширкатҳои “Авесто гуруҳ”-ро  аз хонанда пинҳон доштааст.Матолиби расонаҳои дигарро дар бораи ба афроди наздик ба писари Президенти Тоҷикистон, раиси феълии Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ тааллуқ доштани “Авесто гуруҳ” -ро нодида гирифтааст, ки бархилофи талаботи бандҳои 1, 4  моддаи 3-и Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” мебошад.

The post Худсонсур ва кликбейт дар матлаби “Спутник” оиди “Авесто гуруҳ” appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.