Худсонсури “Азия плюс” дар мавриди қудои президент

  • Манбаъ: “Азия плюс”
  • Манобеи молӣ: Ба ҷомеа ҳисоботи молӣ пешниҳод намекунад

Маводи таҳқиқшаванда

Мэрия Душанбе внесла строительную компанию Бега Сабура в чёрный список

MediaMarker

Дар ин матлаб расона аз оғози санҷиши ширкати сохтмонии “Комил- 2010” ва дар “рӯйхати сиёҳ” ҷой додани ширкат аз ҷониби шаҳрдории Душанбе иттилоъ додааст. Ростиозмоии он собит кард, ки:

  • Манбаъи хабари мазкур  Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Маҳмадсаид Зувайзода мебошад,ки ин нуктаро имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарии ниҳод дар ҳузури рӯзноманигорони зиёд таъкид кард.Маъмулан чунин хабарҳо бе мувофиқа бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ паҳн карда намешаванд. Маълумот дар бораи “руйхати сиёҳ” доштани шаҳрдорӣ низ пештар нашр нашуда буд.
  • Дар матлаб дар такя ба суханони Зувайдзода аз “як иншоот дар маҳаллаи “Зарафшон” сухан меравад, ки камбудиҳои ҷиддӣ доштааст, аммо дақиқ нашудааст, ки сухан аз кадом бино меравад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин маҳалла иншооти ғайримуқаррарии нотамом бо номи “Мӯрчахонаи Бек Сабур”  маълум аст, ки сохтмони онро ширкати “Комил-2010” пеш мебарад. Ин бинову шеваи сохтмони он борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери мазаммат ва хандахариши корбарон қарор гирифтааст.
  • “Азия плюс” дар матлаб дарҷ кардааст, ки ширкати “Комил 2010” ба номи Сиёвуш Зуҳуров -писари раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Бек Сабурӣ номнавис шудааст, аммо қудои Президенти Тоҷикистон будани Бек Сабуриро ба хонанда рушан накардааст.
  •  Ҳол он ки маҳз қудои президент будан роҳи хонаводаи Бек Сабуриро ба бозори сохтмон ва тиҷорати калон дар Тоҷикистон ҳамвору худи ӯро  имтиёзталаб ва қонуннописанд кардааст.
  • Моҳиятан сухан аз нодидани гирифтани талаботи банди 1 ва 4 и моддаи 3 Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма”, яъне роҳ додан ба сонсур ё худсонсур мебошад.
  • Дар матлаби “Азия плюс” таносуби назарҳо риоя нашудааст, назари ҷониби интиқодшаванда оварда нашудааст, ки бархилофи талаботи банди 2-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад.
  • Маврид ба зикр аст, ки “Азия -плюс” талош мекунад, дар бораи тиҷорати аъзои хонаводаи президент Эмомалӣ Раҳмон матлаби интиқодӣ нашр накунад. Ин расона дар ҳич маврид аз Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ интиқод накардааст.

The post Худсонсури “Азия плюс” дар мавриди қудои президент appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.