Ҳукми “муҳорибаи бидуни қоида” аз нигоҳи шариъат

Ба номи Худованд.
Азбаски масъала ба муқадиммае ниёз дорад, ки барои дарку фаҳми мавзӯ муҳим менамоянд,  ин мақола тулонитар аз дигар мақолаҳо пешкаши дӯстон мегардад.
Таъкид бояд кард, ки новобаста аз ин мавзӯъ ҳар якеаз ин ёздаҳ банди муқаддимаи зерин донишҳои зарурие ҳаст, ки донистанаш барои ҳар мусалмон зарур аст.

Гарчи навишта тулонӣ менамояд, вале ҳар ки сабри хондан дошта бошад, умед аст аз он баҳраи илмӣ-фиқҳӣ дарёфт намояд.

Пеш аз инки ҳукми масъаларо баён намоем, инҷо ба чанд нуктае, ки баъзе аз он ҳамчун қоидаҳои асосӣ дар дин (алалхусус дар илми фиқҳ) маҳсубанд, ишора карданиям:

1- Шариъати Ислом (фиқҳи исломӣ) ҳеҷ як кору рафтори бандаро нагузошта дар бораи он ҳукми хосе дорад.
Ҳукм, яъне баҳои қонунии ҳар амал аз ҷониби Худованд. Он аҳком ҳафт аст: фарз, воҷиб, суннат, мустаҳаб, мубоҳ, макрӯҳ, ҳаром. Ҳар кори инсон зери яке аз ин авсоф дохил аст, ҳеҷ кору тасарруфи мо бандагон аз ин ҳафт навъ берун буда наметавонад.
Риштаи илме, ки ба баҳогузории кору рафтори одамон аз нигоҳи шариъат тааллуқ дорад, “илми фиқҳ” ва донишмандони ин соҳаи илми динро “фақеҳон” меноманд.

Чӣ бозӣ аст чӣ шодӣ, чӣ туй аст, чӣ мусибат, вобастагӣ ба фард дорад ва ё ҷамъият…. ҳеҷ як коре нест, ки мо анҷом диҳему шариъат онро баҳогузорӣ накарда бошад. Бинобар ин, набояд ҳайрон шуда ба дил ё ба забон чунин гуфт, ки шаритаро ба бозиҳое, ки UFC баро мекунад чӣ кор?!

2- Ҳалолу ҳаром будани ашё ё корҳо аз сарчашмаҳои шариат дониста мешавад, на аз тасарруфи ин ё он фард. Сарчашмаҳои асосии шариат Қуръон, ҳадис, иҷмоъ ва қиёс аст. Фақеҳон ин чаҳорро “даделҳои фиқҳ” ҳам ном мебаранд. Дар масъалае агар аз яке ин ин чаҳор сарчашма (ва ё бештар аз як) ҳукми чизе аён гардад, он ҳукм эътиборӣ шаръӣ дораду ҳукми Худо ба шумор меравад.

Бинобар ин, рафтори ҳеҷ нафаре, ҳарки набошад далел бар раво будани коре нест. Фатвои олимон низ агар дар асосӣ ин манбаъҳо набошад ва ё (зоҳиран) дар асоси яке аз ин мабаъҳо бошад, вале тарзи истидлол (аз он далел масъаларо фаҳмидан) нодуруст бошад, он фатво беэътибор аст.

3- Баён намудани ҳукми шаръӣ дар мавриди ин ва ё он бозӣ, ба бозигаре таъаллуқ надорад. Ҳабиб (масалан) бо ахлоқи неку хоксориаш ва бо эҳтиром нисбати волидайнаш маҳбуби ҳама мусалмонон аст, ки яке аз онҳо соҳиби мақол аст. Бинобар ин, масъаларо ҷудо аз шахсият бояд омӯхта баҳогуузорӣ кард. Ба рафтор кор гирем на ба ашхос. Алалхусус вақто ӯ расман эълон карда аст, ки аз ин бозӣ даст кашида аст. Ин тасмими ӯ корест сутуданӣ.

4- Варзишҳое, ки дар он мухолафатҳои шаръӣ (чизҳое, ки шариъат ҳаром гуфта аст) набошад, ҳукмашон мубоҳ (раво, рухсат, коре, ки на савоб аст на гуноҳ) аст. Ба такрор қайд бояд кард, ки он навъ варзишҳое, ки шариъат иҷоза дода асту дар он амалҳои ғайри шаръӣ дида нашавад.
Монанди гӯштигирии оддӣ, давидан, ҷаҳидан, футболбозӣ, шиноварӣ, аспдавонӣ, тирандозӣ…умуман ҳар варзише, ки дар он хатар вуҷуд надошта бошад ва ё хатараш нодир бошад ва низ кори ҳаром дида нашвад амали ҷоиз аст.

Чӣ корҳои ҳароме имкон дорад дар бозӣ бошад, ки бозиро аз кори мубоҳ (ҳалол) ба ҳаром мубаддал месозад, поёнтар тавзеҳаш хоҳад омад.

5- Агар коре (бозие) дар шариати ислом кори ҳаром ҳукм гирад, ширкат кардан дар он, тарғиб ба он, даромади молӣ аз роҳи он ҳаром мегардад.

6- Тақрибан дар нимаи дуввуми қарни гузашта дар олами Ислом “Ал-маҷоми-ул- фиқҳия” (Ниҳодҳои фатвои ҷамоъӣ, ки на як олим, балки даҳҳо олими исломиро аз ҳар риштаи улуми исломӣ ва ҳатто мутахассисони соҳаҳои дигари илмро дар бар мегирад) таъсис дода шуда аст. Ҳамчун “Маҷмаъи фиқҳул исломӣ”- ки тобеъи муназзамаи “Робитаи олами исломӣ” (марказаш Маккаи мукаррама) ва чун “Маҷмаъул фуқаҳоил Ҳинд” ва “Ниҳоди фатво”-е, ки тобеъи “Иттиҳодияи олимони мусалмон” аст ва ғайра. Мақсад аз таъсиси чунин ниҳодҳо ба амал овардани “иҷтиҳодҳои ҷамоъӣ” (дар якҷоягӣ масъалаеро омухта ҳукми онро баён намудан) аст, ки ба хотири аз эҳтиёт кор гирифтан дар судури фатво аст. Узв будани мутахассисони соҳаҳои дигар илм, ҳамчун табибон, иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон…ба ин хотир аст, ки ҳар яке масъаларо аз дидгоҳи ихтисоси худаш омухта ба олими дин маълумот пешкаш кунад ва фақеҳони дин онро дида баромада дар якҷоягӣ ва нишастҳои такрорӣ масъалаҳоро мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор дода гоҳ худи он рӯз, гоҳе баъди чанд рӯз ба хулосае расида нисбати ин ё он масъала ҳукми ниҳоӣ содир менамоянд.
Он фатвоҳо ба шакли расмӣ, бо имзои фақеҳони ҳозиршуда дар сомонаҳои он маҷомиъ, бо зикри таърихи судураш нашр гашта дар маҷаллаҳои он ниҳод ба табъ ҳам мерасад. Ин амал ( ба назари муаррихони фиқҳи исломӣ) яке аз иқдомҳои сутуданӣ дар соҳаи фиқҳи муосир маҳсуб аст.

Дар сатрҳои зерин аз яке ин ниҳодҳои фатво дар мавриди масъалаи мардири баҳсамон нақли сухан хоҳем кард.

7- Дар ин аср дар бораи баъзе масъалаҳои муъосир пажӯҳишҳои алоҳидаи фиқҳӣ ва корҳои илмии муҳаққиқонае анҷом шуда аст.
Ин пажӯҳишҳо (одатан) кори дасти мутахассисони соҳаи фиқҳ буда зери роҳбарии олимони соҳа анҷом мешаванд.
Дар бораи ҳукми варзишҳо дар шариъат чунин пажӯҳишҳо зиёд анҷом шуда аст. Дар онҳо ҳукми шаръии муштзанӣ (бокс) ва муҳорибаи бидуни қоида (бой без правил) футбол, шиноварӣ, мусобиқаҳои мошин ё дучархаҳо…муфассал мавриди баҳсу барарсӣ қарор гирифта ҳар яке аз нигоҳи шариъат баҳогузорӣ шудаанд.

Дар сатрҳои поён ба он рисолаҳои илмӣ ишора ва аз онҳо нақли қавл хоҳад шуд.

8- Қиёс (монанд намудан)-и гуштигирӣ, ки бозии шаръан ҷоиз асту (онгуна, ки дар сунани Абудовуд омада) худ Паёмбар (с) бо Рукона ном марде гуштӣ ҳам гирифтаанд, ин гуштиро ба “муҳорибаи бидуни қоида” қиёс намудан комилан ғалат аст.

Ҳарки аз илми усули фиқҳ ва қавоиди фиқҳи (ки дар масъалабарорӣ аз далелҳои шариъат доштани ин ду илм ба таври хуб ҳатмӣ ҳаст) дошта бошад, барояш чун равшании рӯз аён мегардад, ки чунин қиёс қиёси ботил аст.
Амалияи қиёс дар илми усули фиқ аркону шартҳои худро дорад, агар он рукнҳо пайдо набошад (онгуна, ки инҷо чунин аст) қиёс соқиту беэътибор аст. (ин нуктаро ононе, ки ба усули фиқҳ маърифат доранд хуб дарк мекунанд)
Гуштгирии оддиро ҳеҷ олиме мамнуъ нагуфта аст. Албатта агар шартҳое (аз қабили сатри аврат, адами зараррасонӣ ба ҳариф, адами омехтагии марду зан…) ки шариъат барои варзишгар муқаррар намуда аст, риъоя шавад.
Шариъат гуштигиро на танҳо иҷоза дода аст, балки ба он ташвиқу тарғиб ҳам карда аст.
Имом Суютӣ (р) муфассир ва муҳаддиси машҳур (ваф 911 ҳиҷ/ 1505 мил) рисолаии ҳадисие дар ташвиқу тарғиби гуштигирӣ ба номи “المسارعة إلى المصارعة”” доранд, ки ба табъ расида дар шабака дастрас аст. Имом Суютӣ дар ин рисола ҳама он аҳодисе, ки дар бораи гуштигирӣ омада аст, ҷамъоварӣ намудаанд.
Инчунин донишманд ва муҳаққиқи муъосир Муҳаммад Хайр Рамазон рисолае ба номи “الأربعون الرياضية” (“Чиҳилҳадис дар бораи варзиш”) доранд. Эшон низ аҳодиси дар бораи машқу варзишро ҷамъоварӣ намуда зери ҳар ҳадисе шарҳу тавзеҳҳое аз имом Нававӣ, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ва Ибни Қайим…низ оварда аст.

Гуштигирӣ ба иҷмоъ (иттифоқи назар)-и олимону фақеҳон амали шаръан ҷоиз аст.

9- Ҳукме, ки дар бораи муштзанӣ ва муҳорибаи бидуни қоида ҳоло баён мегардад барои ҳолатест, ки шахс ин навъи варзишро ҳунар қарор дода бо дигарон қувваозмоӣ кунад. Аммо агар шахсе ин ва ё дигар навъ варзишҳоро барои муҳофизати худ омӯзад, кори ҷоиз аст.

10- Яке аз иштибоҳҳои ҷиддӣ дар ҷомеъаи мо тоҷикон ин аст, ки ҳарки аз дин барои мо панду насиҳат гӯяд, воъиз бошад ва ё хатибу рӯҳонӣ…барои мо гуё фақеҳ ва муфтии ҳамадон аст.

Ҳарчи аз ҳалолу ҳаром донистан мехоҳем аз ӯ пурсон мешавем. Ҳам мо иштибоҳ карда ба ӯ муроҷиат мекунем ва ҳам ӯ ба иштибоҳ ҷавоб медиҳад. Ҳарду дар эҷоди ин падидаи хато саҳм дорем.
Панду насиҳат, ваъзу хитоба дигару баёни ҳалолу ҳаром кори дигар аст дӯстони гиромӣ!
Хатибону воъизон зиёданд, вале фақеҳони донишманд хеле кам.
Панду насиҳатро аз воъизони суханвар бояд шунид, вале ҳукми шаръиро, ҳалолу ҳаром будани чизеро мебояд аз фақеҳон пурсид.
Барои сохтани бино назди табибу барои табобат назди дӯзанда рафтан кори иштибоҳ аст.
Агар барои дарди миён духтури чашмро овардан дуруст бошад, аз воъизон низ равост фатво пурсем.
На ҳар нафаре, ки аз дин огаҳӣ дораду барои мо аз ахлоқу одоби динӣ, аз таъриху рӯзгори паёмбарону некон… нақл мекунад, метавонад ба мо ҳалолу ҳаромро ба таври дуруст баён намояд.
Маърифати ҳалолу ҳаром ин риштаи дигари улуми шариъат аст., ки риштаи фиқҳ ва усули фиқҳ ном дорад. Барои “маҳорати фатводиҳӣ”-ро доштан, як даста илмҳои заруре ҳаст, ки онро ба тарзи хуб бояд дошт.
ОНГУНА, КИ ДАР ҶОИЗ (ҲАЛОЛ) БУДАНИ ГУШТИГИРӢ (ГУШТИИ ОДДӢ) ҲАМА ОЛИМОН ЯКНАЗАРАНД, ДАР МАМНУЪ (ҲАРОМ) БУДАНИ МУҲОРИБАИ БИДУНИ ҚОИДА НИЗ ИТТИФОҚИ НАЗАР ДОРАНД. ҲАМА ФАҚЕҲОН ИН НАВЪ ВАРЗИШРО ҲАРОМ ГУФТААНД.
“Муҳорибаи бидуни қоида”-ро ба гуштии оддӣ қиёс намуда онро ҳалол шуморидан, комилан кори ғалат аст.
11- Ба Ислом даъват намудани дигарон кори басо бузург ва яке аз фаризаҳои (кифоии) дин аст. Аммо бояд донист, ки ин мақсади бузургро ба василаи шаръан ҷоиз бояд амалӣ кард. Кори шаръан ҳаромро анҷом додану бо он васила динро ба дигарон фаҳмонидан, амалест, ки дин онро иҷоза надода аст!!!
Дар илми мақосид (шохае аз илми усули фиқҳ) қоидаи машҳурест, ки мегуяд:
“الغاية لا تبرر الوسيلة”
“Мароми нек, василаи нодурустро дуруст намегардонад.”
Шахсе (масалан) агар бо роҳи рибохорӣ (процент гирифтан) сарояндагӣ, ришвагирӣ ё бо роҳи дар бозиҳое, ки шаръан мамнуъ аст ширкат намуда маблағҳо ба даст овардан, даромад ёфта онро ба ятимхона, беморхона, роҳсозӣ…умуман дар роҳи хайр хоҳад садақа намояд, ин садақа тибқи гуфтаҳои оёти Қуръон ва аҳодиси саҳеҳи набавӣ мардуду номақбул аст. Ингуна мақсадҳои нек (ёрирасонӣ ба мардум) наметавонад, василаи нордуруст (он роҳҳои мамнуъе, ки ишора шуд) дурусту раво созад. Ёрирасонӣ ба мардум онгоҳ садақа маҳсуб гашта дорои савоб аст, ки мол аз роҳи ҳалол ба даст омада бошад.
Садақа бар мардум кори нафл (ихтиёрӣ) аст, вале аз моли ҳаром дур будан ин амали фарз (ҳатмӣ) аст. Мусалмон агар тавонад аз ҳалол кӯмаки мардум кунад, вале агар натавонад, ҳақ надорад барои ёрирасонии мардум, роҳи даромади ҳаромро пеша кунад.
Татбиқи ин қоидаи шаръӣ дар масъалаи варзиш чунин аст:
Ҳеҷ варзишгареро ба хотири саҷдаеро дар маҳзари мардум адо кардан, ё калимаи шаҳодатро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ба самъи мардум расонидан шариъат рухсат намедиҳад ба бозие, ки мамнуъ аст, машғул шавад.
Агар ҳама мардуми олам дар куфр бимонанду ба куфр бимиранд, барои шахси мусалмон ҷоиз нест, ки роҳе, ки шариъат онро мамнуъ (ҳаром) гуфта аст, пеша намуда хоҳад ба он васила мардумро даъват ба дин кунад.
****
ДАЛЕЛИ МАМНУЪ БУДАН ЧИСТ
Ҳама фақеҳоне, ки ин бозиро ҳаром гуфтаанд, бар асоси ояи Қуръон ва аҳодиси саҳеҳ ин ҳукмро ба ин амал додаанд.
ОН ДАЛЕЛҲОЕ, КИ ФАҚЕҲОН БА ОН ТАКЯ ДОРАНД, БА ҲАРОМ БУДАНИ ИН НАВЪ БОЗӢ БА ТАВРИ ОШКОР ДАЛОЛАТ МЕКУНАД.
Бояд қайд кард, ки ҳеҷ фақеҳе ин бозиро ҷоиз нагуфта аст. Яъне бар ҳаром будани ин навъ варзиш ҳама олимону фақеҳон иттифоқи назар доранд. Ин масъала аз он масоиле, нест, ки олимон дар он гуногунназар бошанд.
Аз чунин масъалаҳои иттиофоқӣ бо терминҳои фиқҳ ва усули фиқҳ “МАСЪАЛАИ ИҶМОЪӢ” ном мебаранд.
Дар илми усули фиқҳ дар ҳар масъалае, ки дар ҳукми он иҷмоъи уламо сурат гирифта ҳама донишмандон ба он ҳукм якназар шаванд, қавитарин навъи далолат маҳсуб аст.
****
НАЗАРИ ФАҚЕҲОН ДАР ИН БОРА
Профессори соҳаи фиқҳ ва усул, фақеҳ ва муфассири муъосир, соҳиби таълифоти гаронбаҳои илмӣ, аз ҷумла мавсуъа (инциклопедия)- и машҳур ба номи
“”الفقه الإسلامي وأدلته
(“Фиқҳи исломӣ ва далелҳояш”)
Дар ин мавсуъа, дар ҷилди 4-ум, саҳфаи 2668 (аз нусхаи китобхонаи шомила) дар китоби “Ал-ҳазру ва- л- ибоҳа” (“Чизҳои мамнуъ ва ҷоиз”) дар боби “Аҳкоми бозиҳо” дар мавриди бозии говбозӣ (бой быков)муштзанӣ ва муҳорибаи бидуни қоида (бой без правил) чунин гуфта аст:
“ومصارعة الثيران والمصارعة الحرة والملاكمة ونحوها حرام، لما تحدثه من أضرار في حياة الإنسان أو الحيوان، فإن لم يكن في الملاكمة أو المصارعة ضرر بأحد الطرفين كانت مباحة، وكذلك تباح إن كان فيها تعويد الإنسان على القوة والقتال والدفاع عن النفس.”
Яъне:
“Говбозӣ (анг: Bullfighting, рус: Бой быков), муҳорибаи бидуни қоида (бой без правил) ва муштзанӣ (бокс) ва монанд ба ин бозиҳо амалҳои ҳаром ҳастанд. Бинобар инки дар ин бозиҳо бар ҳаёти инсон ва ё ҳайвон зарарҳо дида мешавад. Агар дар муштзанӣ ва ё муҳорибаи бидуни қоида зараррасонӣ ба ҷониби муқобил набошад, кори мубоҳ (ҷоиз) аст. Инчунин агар барои тамрини шахсӣ, ба хотири нерӯгирифтану омӯзиши ҷанг ва дифоъ аз хештан бошад ҷоиз аст.”
(манбаъ: “Ал-фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷил, 4, саҳ 2668. Проф, шайх Ваҳбат Зуҳайлӣ, ваф, 2015)
Инчунин, доктор Саъуд ибни Абдуллоҳи Руқӣ дар пажӯҳиши худ ба номи “Варзиш аз нигоҳи Ислом” зери унвони “Дар баёни дигар навъ бозиҳои муъосир”, дар бораи маштзанӣ (бокс) мегӯяд:
“Муштзанӣ аз нигоҳи шариъат ҷоиз нест. Зеро дар он барои ҳарду ва ё яке аз бозигарон хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Чун ҳар яки онон бо муштҳои худ барои осеб расонидани рақибаш талош меварзад ва дар бисёр ҳолатҳо беҳушӣ, гоҳо шикасти устухон ё даридани руй ё ҳар навъ ҷароҳатбардорӣ дар он дида мешавад. Худованд фармуда аст:
ولا تلقوا بايديكم إلى التهلكة (البقرة 195)
“Ва худро ба дасти худ ба ҳалокат наафканед.” (Бақара, ояи 195)
Инчунин ҳадиси зерин бар ҳаром будани муштзанӣ далолат мекунад. Паёмбар (с) фармудаанд:
“إذا ضرب أحدكم فليجتب الوجه”(أبو داود)
(“Чун яке зарур бошад, ки дигареро бизанад, аз задан дар руй бипарҳезад.”)
Ва асоси ин навъ варзиш иборат аз задан бар рӯи рақиб аст.”
(“Варзиш аз нигоҳи Ислом”, Док. Саъуд Руқӣ, саҳ 71)
Дар пажӯҳиши дигаре, ки аз ҷониби доктор Валид Абдулҷаббор Убайдӣ анҷом шуда номи “Қоидаҳои шаръӣ дар мавриди бозиҳои муъосир”-ро дорад, дар сафҳаи 119 дар бораи бозии бокс чунин омада аст:
“Ин бозӣ (бокс) аз хатарноктарин бозиҳои варзишӣ маҳсуб аст, зеро бозигарон ҳама қувваи худро барои зарба задан дар гиромитарин ду узв, ки руй ва сар аст истифода мебаранд. Муштазанон дар ин бозӣ беосеб буда наметавонанд.”
Муаллиф баъди инки инҷо баъзе омори дар бораи маргу маъюб шудани муштзанонро бо арқом зикр мекунад, дар охир чунин гуфта аст:
“Ҳеҷ ҷойи шак нест, ки ин бозӣ (бокс) бозии ҳаром аст. Сабаби ҳаром буданаш дар мавҷудияти марги эҳтимолӣ, имкони дучор шудан ба маъюбии ҷисм ё майнаи сар аст, ки ин ҳама дар шариъат қатъан ҳаром мебошанд.
Ҳаққо, ки ба ҳаром будани ин бозӣ фақеҳоне чун Али Қории Ҳанафӣ, шайх Абдулмуҳсин Зомил, устод Муҳаммад Қалъаҷӣ ва доктор Саъид Абдулазим ва уламои “Маҷмаъ-ул- фиқҳи-л-исломӣ” низ фатво додаанд.”
(манбаъ: “Қоидаҳои шаръӣ барои бозиҳои муъосир”. Док, Валид Абдуҷаббор Убадӣ, саҳ 119-120)
Барои касоне, ки “муҳорибаи бидуни қоида”-ро ба гуштӣ, ки варзиши мубоҳу ҷоиз аст, монанд медонанд (ва бар асоси аҳодиси дар бораи гуштӣ воридшуда, муҳорибаро низ ҷоиз мегӯянд) инҷо сухани муҳақиқи рисолаи имом Суютӣ (р) “Алмусоръа”, пажӯҳишгар, Машҳур Ҳасанро меорем, ки чунин гуфта аст:
“Шарти дуввум барои ҷоиз будани гӯштигирӣ сотир (пушонанда) будани либоси варзишгар аст. Аврати мард аз сурра (ноф) то зону аст. Бинобар ин, агар гуштӣ онгуна, ки дар ин замон аст, чунон бошад, ки дар он аврати варзишгар намоён гардад, ин навъаш аз умури ҳаром аст…
“Шарти чаҳорум барои ҷоиз будани гуштигирӣ ин аст, ки дар он рақибон ба якдигар зарар нарасонанд.
Аллома Аҳмади Дардир (р) дар “Аш-шарҳу-с-сағир” гуфт аст:
Агар бозӣ (гуштигирӣ) на ба қасди нек, яъне барои омузишӣ ҷангидан бо душманон, балки ба хотири лаҳву бозӣ бошад, онгуна, ки аҳли фисқ анҷом медиҳанд, дар ин сурат ҷоиз нест. Хоссатан вақто дар он зарбазани карда ба рақиб озор расонида шавад.”
Аз гуфтаҳои боло барои ҳарки дар сар чашми бино дорад аён мегардад, ки ин гуштигирие, ки имрӯз дар миёни мост дар он якчанд амали ҳаром ҷамъ шуда аст.”
Чанд сатр поён муаллиф илова мекунад:
“Бе шак, муҳорибаи бидуни қоида, ки дар замони мост дар худ зарару озоррасониҳо дорад. Дар он гоҳо узве аз аъзои бадан талаф меёбад, ё даст ва ё пой мешиканад, ё сар мекафад, бинобар ин ин бозӣ амали ҳаром маҳсуб аст.”
(манбаъ: муқаддимаи “Алмусораъа”-и имом Суютӣ, саҳ 28, таҳқиқи Машҳур Ҳасан Салмон, Ҷидда, санаи 1992.)
Дар пажӯҳиши дигаре, бо номи “Қоидаҳои фиқҳӣ барои варзиш”, ки аз ҷониби ду донишманд, доктор Анас Мустафо ва Ҳамза Фаҳд, соли 2011 анҷом шуда аст, чунин омада аст:
“Варзишҳое, ки дар онҳо хусусияти ба рақиб зиён расонидан мавҷуд аст, бо андактарин тааммул ҳаром будани он маълум аст. Зеро ингуна бозиҳо хилофи фармудаҳои Қуръону ҳадис аст. Аз ҷумлаи далелҳо бар ҳаром будани он фармудаи Худованд аст:
ولا تلقوا بايديكم إلى التهلكة (البقرة 195)
“Ва худро ба дасти худ ба ҳалокат наафканед.”
(Бақара, ояи 195)
Онгуна, ки дар ин бозиҳо задан дар руй дида мешавад, ки ҷумҳури фуқаҳо онро ҳаром гуфтаанд.”

(манбаъ: “Қоидаҳои фиқҳӣ барои варзиш”) Док. Анас Мустафо ва Ҳамза Фаҳд, саҳ 5)

ФАТВОИ МАҶМАЪ -УЛ ФИҚҲ -УЛ ИСЛОМӢ

Дар баёнияи “Маҷмаъ ул фиқҳ ул исломӣ”, ки тобеъи “Робитат ул олами л исломӣ” аст, дар таърихи 17 уми октябри соли 1987 (ва ин фатво соли 2016 дубора ба ҳамин ҳукм содир шуда аст) дар ҷавоби суоле, ки дар бораи бозии муштзанӣ (бокс) муҳориба бидуни қоида (бой без паравил) ва бо буққаҳо ҷанг кардан ворид шуда аст, чунин омада аст:

“Аммо баъд: Маҷлиси Маҷмъаи фиқҳӣ исломӣ дар нишасти даҳумаш, ки дар Маккаи мукаррама баргузор гардид, дар мавзӯи муштзанӣ, муҳорибаи бидуни қоида ва ҷанг бо буққаҳо назар намуда фатво содир менамояд,КИ ИН БОЗИҲО АЗ НИГОҲИ ШАРИЪАТИ ИСЛОМӢ ҲАРОМ ҲАСТАНД.

Зеро ин бозиҳо мабно бар мубоҳ (раво) донистани озоррасонӣ ба каси дигаранд. Дар онҳо ҷисми варзишгар ва ё майнаи сари ӯ осеб дида гоҳо ба шикасти устухон ё кур шудани чашм ва ё ҳатто марг меанҷоманд…Дар ҳоле, ки тамошобинон ба ин ҳама (амалҳои ҳаром) тамошо карда ба азият дидани ҷониби дигар шод мешаванд. Ин ҳама рафторҳоест, ки шаръан ҳаром ҳастанд ва шариъат куллан ва ҷузъан онро намепазирад…(инҷо оят ва аҳодиси дар боло оварда зикр шуда аст) Бинобар ин, Маҷмаъи фиқҳӣ ба ин қарор расида аст, ки муштзанӣ (аз нигоҳи шариъат) аз варзишҳои баданӣ ба шумор намеравад ва қувваозмоӣ дар он ҷоиз нест.”…

Муҳориба бидуни қоида бошад, агарчи шаклан аз муштзанӣ фарқ дорад, вале комилан ба он монанд аст. Ҳама он амалҳое, ки шариъат ҳаром гуфта аст дар ин бозӣ дида мешавад.”
(манбаъ: қарори“Маҷмаъ-ул-фиқҳ- ул- исломӣ”, дар санаи 17 уми октябри соли 1987 ва 1916)

Ин фатво (яъне қарори Маҷмаъул фиқҳил исломӣ)-ро шореҳи китоби ҳадис, “Булуғул маром”, фақеҳи муаррих Абдуллоҳ Абдурраҳмон Бассом, дар боби “Мусобиқа ва тирандозӣ” дар китоби мазкур, ҷилди 6, сафҳаи 459 низ зикр карда аст.

ФАҚЕҲОНИ ДИГАР
Онгуна, ки ишора шуд ҳама фақеҳон ингуна бозиҳоро ҳаром гуфтаанд.
Аз ҷумла касоне, ки ба ҳаром будани он фатво додаанд:
1-Шайх Солиҳ Мунаҷҷид. (муассис ва нозири сомонаи машҳур ва ҷаҳонии фатво ба номи “Ислом суол ва ҷавоб”) Фатвои эшон дар сомонаи мазкур ва ҳам дар наворе дар шабаки Ютуб мавҷуд аст.
2- Шайх Мустафо Ал-адавӣ (муҳаддиси машҳури Миср)
3- Шайх. Доктори илми фиқҳ, Зайналобидин Билофурайҷ (фақеҳи мағрибӣ)
4- Алломаи фақеҳ, Юсуфи Қарзовӣ. (собиқ раиси иттиҳоди уламои мусалмонон)
5- Шайх Абдулазиз Ибни Боз (собиқ муфтии Арабистони Саъудӣ)
6- Шайхи аллома Муҳаммад ибни Солеҳи Усаймин. (боризтарин фақеҳи ҳиҷоз дар асраш ва олими зуфунуни он)
7- Шайх Солим Тавил, яке аз фақеҳони Кувайт ва шогирди муқарраби шайхи аллома Муҳаммад СолеҳиУсаймин)
8- Шайх Доктор Вунайс Мабрук (фақеҳи либӣ ва узви ниҳоди фатво дар “Иттиҳоди уламои мусалмонон”)
Банда шахсан пурсида назарашонро аз худашон гирифтам.
9- Олими фақеҳ, яке аз боризтарин олимони мақосиди шариъат дар асри ҳозир, Доктор Васфи Абу Зайд Ошур. (Худованд ҳифзашон кунад)
Назари эшонро бевосита аз худашон пурсидам.
10 – Алломаи фақеҳ, олими усулӣ, яке аз олимони раббонии Мадини Мунаввара, ки дар илми фиқҳ ва усли фиқҳ то ҳол беҳтар аз эшонро надидаам, Шайх Мустафо Кароматуллоҳи Махдум. (Худованд ҳифзашон кунад)
Назари эшонро бевосита аз худашон пурсидам.
Гарчи исми яке аз ин олимони фақеҳ барои донистани ҳукми масъала кифоя аст, вале ба хотири итминони бештар номи машҳуртарин фақеҳони муъосирро зикр намудем.
****
Ба умеди дурӣ аз умури мамнуъи шариъат ва мутобиқ шудани ҳама умури зиндагиамон ба фармудаҳои Офаридгор.
________________
30 октябри соли 2020

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.