Ҳуриннисо Ализода: Душмантарошӣ аз андешамандон ва ё “шахсияткушӣ” баробар ба хиёнати миллист

  Аз кӯдакӣ то имрӯз аз осори гузаштагон, таърихнигорон ва ё аз матолиби баъдимаргии қаҳрамонони ёдномаҳо ва қиссаву очеркҳои журналистон ва ёдномаҳои дӯстон мехонем, ки нафаре сифоту ситоиш мешавад: “Ӯ (фалонӣ) шахсияти беназир, таърихӣ, пазируфта, эътирофгашта ё мондагоре “буд”. Мехонему ифтихор мекунем, ки миллати мо чи бузургоне дошта будааст… Дошта…
 Аммо имрӯзҳо шахсият “ҳаст”-андҳо хеле камтаранд, дар муаррифиҳоямон, агар дар назар нагирем он зодрӯзноманигориҳои аз ҳад беш муғлақамонро, ки гоҳо “аз пашша фил месозем”.
 Як донишҷӯеро, ки ҳанӯз коре барои ҷомеа накардааст, ҳам як ҳамкурсаш метавонад бузургвор биномаду як навқаламе ба унвони журналист, нафареро ба ҷои вожаи шахс “шахсият” бинависад. )))
 Дигар дар ин маврид тартибу низом гум шуда. Ҳама гӯё ва гоҳе нобиғаанду дар асл нобиғаҳо хор…
Дар телевизионҳоямон,ки мантиқан бояд тамошобини бешумор дошта бошанд, вале мутаассифона то ҷое ман медонам, надоранд, бояд беҳтарин минбари тарғиботи шахсиятҳои миллӣ бошанд. Мутаассифона, солҳост, ки ин минбари хасу хошок картошакаву гӯсола ҳасту одамҳоро хеле кам муаррифӣ мекунад.
Магар, ки баъди маргашон он ҳам аз ҳазор якеро, осемасар ягон навореро меёбанду нишон доданӣ мешаванд, бубинед, мо ӯро ба эфир роҳ дода будем.
Масалан овози ширини Ҷӯрабек Назрӣ ва сӯҳбатҳои ҷаззоби олимонааш, ёддоштҳои ширину андешаҳои маорифпарваронаи ӯ, ки метавонист тамошобини зиёдеро чун солиёни пешин, пеши телевизорҳо ҷамъ кунад, дар телевизион солҳо мамнӯъ буданд.
Баъди марги ин устоди ҳунар ва сухан як барномаашро даҳҳо бор такрор карданд, ки он ҳам аз солҳои баъдисту хушбахтона, ақаллан як филмнамое аз ин шахсият ба ёдгор монда. Мебоист даҳҳо бошад.
Чаро акнун дареғи Ҷӯрабек мегӯему олимаш мехонем?
Чунки ӯ акнун бо донишаш боиси хиҷолати дигарон намешавад.
Бузурге гуфтааст: “Андешаманд ( соҳибтафаккур, боақл, соҳибхирад) будан, акнун ҷурм (айб, гуноҳ) шудааст.
Ба хотире, ки дар атроф ҳама каллахолиҳоянд, ту бояд фикри тозае нагӯйӣ, то боиси хиҷолати онҳо нагардӣ. Зеро онҳо намефаҳманд ва ту боиси нороҳатияшон мегардӣ”
Шодравон Ҷӯрабек Назрӣ
Ковид чандин генералҳои машҳури моро риштаи умр барканд. Гӯё маҳз ба қасди ҷони ин соҳибунвону кордонҳо, ботаҷрибаҳову соҳибномҳо омада бошад, ин вабо. Ва боз чандин шахсиятҳои миллиро бурду дорад, мебарад. Чи табибони номдору чи адибону азизонро даррабуд.
Ҳар кадоме аз онҳо ва инҳо шахсияти барҷастаи миллат буданду ҳастанд .
Аксари ин шахсиятҳо дар барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ дар замонаш ва баъди он ҳам, барои осоиши мардум сина сипар карда буданд.
Номҳои Абдураҳмон Азимов, Саиданвар Камолов, Абдулло Ҳабибов, Абдуҷаббор Шамсов, Алихон Раҳмонов ва чандин баландрутбаҳои ҳарбӣ, ки ин лаҳза ҳамаашон ба хотирам намеоянд, аз фарзонагони соҳаи худ буданду ҳастанд.
Инҳо дар вазоифи баланди давлатӣ ва сатҳҳои гуногун то муовини Сарвазир, вазир , муовини вазир, депутати Маҷлиси олӣ, корманди Маҷлиси миллӣ, корманди прокуратураи генералӣ, афсари баландрутбаи Вазорати корҳои дохилӣ буда, дорои унвонҳои баланди хидмати ҳарбӣ ва давлатӣ буданд. На як солу ду сол умрашон дар хидмати Ватан сипарӣ гашта буд. Аммо …
Аз марги онҳо касе ақаллан бо чанд ҷумлае расман таъзияе дар ВАО нагуфт.
Хуб, ин вабо асту касе гунаҳгори омадан ё фарзонагонро куштанаш нест мегӯем, вале магар бо барномае таскини дили дардманди пайвандони онҳо, ҳаводоронашон, ҳаммиллатонашон ё ба хотири лаҳзае ифтихор аз номи неки онҳо, барои тарбияи ҷавонон агар коре мекардем, барномае меоростем, магар бадие дошт?
Ба қавли раҳматии модарам, “гӯё кайке аз танаамон парида бошад”… Касе лаб накушод.
Дар ҳоле, ки барномаҳои дилбазан ва такрории телевизионҳо ҳамаро тамошобингурез кардаасту эфир бо халтураҳо пур мегардад. Магар онҳое, ки умрашон ба кори давлат гузашт, арзиши як барномаҳои содалавҳонаи шуморо надоштанд, телевизиондорҳои муҳтарам?!!
Дигар миллатҳо худи ҳамон рӯз, бо баҳонаи таваллуд ё марг аз рӯзи таваллуд то рӯзи марги шахсиятҳои кишварашонро ба ҳамагон бозгӯ мекунанд.
Ба ёдашон маҳфиле меороянд, аз беҳтарин лаҳазоти умрашон ёдовар мегарданд. Мақсад- бубинед, мо чи бузургеро аз даст додаем, ки доштем.
Марги бузургони бароямон “ошно”-ву “ноошно”-и миллӣ, ки дар ин вабо аз даст додем ва ё бо марги дигарӣ илоҳӣ ба ҳақ пайвастаанд, ҳамарӯза аз саҳафоти интернет гоҳе бо тафсил, гаҳе аз ҷониби нафаре хому хатала пешниҳод мегардад. Вале минбарҳои расмии мо хомӯшанд.
Чи табибони номдор, чи ашхоси номварро мо падруди хомӯш гуфтему мегӯем. Чи бузургону меҳтаронро беэътиноёна ба роҳи бебозгашт ва бо хунсардии оммавӣ, бе қадру қимате, гуселонидем…
Мо то ин дам ҳам шахсиятҳои зиёдеро тӯли солҳои соҳибдавлатӣ аз даст додем, ки онҳоро тарбияи замони шӯравӣ то ин дараҷаҳо расонида ва чун шахсият такомул дода буд. Вале номашон дар як лаҳзае барқвор гум гашту гӯё чашмамон напарид?
Аксаран мегӯянд, ки бархе аз шахсиятҳо солҳо дар сояи дигарон мемонанд, қисмате бо иллати маҳал ва ё нотавонбинии нафароне ё номашон хеле кам гирифта мешавад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро?
Шодравон Абдулло Ҳабиб
Магар мо набояд аз онҳо ифтихор дошта бошем? Барои касе ё чизе? Инсон барои ном пайдо кардан умрашро масраф месозад, солҳоро бо азоб пушти сар мекунад ва шахсият мегардад. БАЦ , яке ӯро чап мегирад, вале дигарон чӣ? Аз гирифтани номаш метарсанд?
Ифтихор аз онҳо қадри каси дигареро паст мезанад?
Обрӯи нафареро камранг мегардонад?
Агар ҳам чунин аст, охир онҳоро мо медонем, ки доштем ё дорем! Аммо ақаллан ба хотири насли каммутолиаи хеш бояд мо онҳоро бо ифтихор муаррифӣ кунем, то ҳисии ифтихори миллиро дар инҳо бипарварем. Магар не? То кай ифтихороти мо аз асрҳои доқёнус аст, мо гузашта дорему имрӯз на?
Магар тарғиби ҳаёти бузургонамон имрӯз ва амалҳои мондагорашон барои дигарон тарбиятгар нест?
Магар номи неки онҳо шоистаи ифтихори миллӣ нест? Магар рӯзе ояндагон ё бегонагон намепурсанд, ки ин миллат оё шахсияте надошт?
Магар хидматкарда фарзанде надошт ин Ватан?
Охир ҳама соҳаҳои ҳаёт дар худ нафаронеро дорад, ки шаҳсутунҳои он касбанд.
Соҳаро рушд дода, корҳои мондагоре кардаанд. Олимону афсарон, адибону муҳандисон, муҳаққиқону журналистон, табибону омӯзгорон ва ё ҳар нафари дигаре аз соҳае раҳкушову поягузори он самтҳо нестанд. Пас, онҳо қувваву дониш, ҳунару истеъдод ва ақлу хиради хешро барои кӣ сарф кардаанд?
Мо солҳои пеш мардони шарафманду сарсупурдафарзандоне доштем, ки дар тарбияи маънавӣ ва шахсиятсозии имрӯзиён маҳз кору пайкори онҳо ба намунаи ибрат, нақш бозида аст.
Аммо имрӯз барои фардо чӣ? Надорем? Ё онҳоро пинҳон медорем? Эътироф намекунем? Аз эътирофи шахсиятҳо метарсем?
Магар кам аст, ки мо онҳоро дар зиндагияшон бо беэътиноӣ мекушем? Ақаллан баъди марг ҳам ҳатто аз ёди эшон битарсем?
Як роҳи номардонаи шахсияткушӣ, ки имрӯзҳо онро роиҷ карданианд, ин тӯҳматпароканиҳо дар бораи шасиятҳои барои “кадоме” номуносиб гаштааст.
Якеро гей нишон доданӣ мешаванду дигареро фоҳиша. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин матолиби фармоишӣ ҳарчанд хеле барои афкори солими ҷомеа бетаъсир аст, аммо паҳн мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомеа хушбахтона хуб медонад: КӢ – КИСТ. Аммо мо миллатро бадном намекунем, барои қасд аз яке?
Вале онро душманона мекоранд тӯҳматномаҳоро ба мазҳари ом. Чаро?
Зеро онҳо шахсиятанду ҷомеа эътирофашон кардаасту мекунад. Ин ба касе сахт мерасад?
Ин роҳи номардонаи шахсияткушист. Хеле номардона!..Охир шахсиятҳо инҳо хазина ё ганҷинаи миллиянд. Пас, дониставу надониста миллаткушем?
Дар телевизионҳо солҳост, рӯйхати сиёҳе вуҷуд дорад, ки муаллиф ё тартибдиҳандаи он кист, касе намедонад.
Касе наметавонад бигӯяд, КӢ ва ЧАРО ба ин рӯйхат шомил аст. Аҷиб. Не? Ҳатто журналистони соҳибидроки худи телевизионҳоро бо баҳонае, ки пир шудаанд, аз кор ронданд. Охир барои пухта расидан умр тай мекунӣ. Магар ғураи дарахтро меваи пухтаву ширин метавон гуфт?
Вале тавре зимни сӯҳбатҳои инфиродӣ мешунавӣ, ё мебинӣ қариб ҳамаи он “сиёҳшудаҳо” шахсиятҳоянд. “Ба фалонӣ маъқул нест”. О, фалонӣ ё бисмадонӣ ҳам ба хелеҳо маъқул нест, пас? …
Якеро “фалонӣ” бад мебинаду дигареро “бисмадонӣ”.
Аҷабо, чаро барои кинаи шахсӣ ё бухли як чиновникчае миллат аз сӯҳбат ё дониш, назар ва ақидаҳои муфиди як донишманде дур бимонад? Бе минбар бошад? Агар ҷойи дигаре минбар биёбад, боз гунаҳгортараш меҳисобем- ку?
Чаро як бесаводе бо кини худаш бояд миёни нафареро бояд бишканад, ки ӯ чун шахсияте метавонад бо намояндагӣ аз як миллат боиси ифтихор ва ғурур бошад. Чаро?
Магар чунин нафароне, ки бо дурӯғ ва нотавонбинии шахсияшон боиси заҳр кардани зиндагии як донишваре сабаб мегардад, хойини миллат нестанд?
Охир онҳо дидаву дониста чоҳе дар роҳи шахси муфиди иҷтимоӣ ва ё ифтихори миллӣ мегарданд. Вале ҳамеша ин асрор пушти парда мемонад.
Магар маҳалчигӣ, тангназарӣ, кину адоват ва ё бухлу ҳасади шахсии худро бо истифода аз мақоми давлатӣ ё дасти дароз, ба нафаре зарар расонидану бадном ё гумном кардани шахсиятҳо, ба виҷдону имони бадтинатон таъсире надорад?
То кай лухтакҳоеро сохта моҳҳо тамрин кунонида баъд дар маърази ом чун бозёфти кадрӣ пешниҳод месозему шахсони донишвари соҳибҳунари зиёде аз чашмҳо дур мемонад? Чаро истеъдоди ҳақиқӣ намекобем?
Агар ин гунаҳо ба давлат, миллат ва ба Ватан содиқ бошанд , пас бояд барои кинаи шахсӣ ШАХСИЯТКУШ нагардем.
Бигӯянду бигӯем аз истеъдодҳои миллӣ, аз эътибору эътирофи онҳо миёни мардум. Аз дониш, ҳунар, қалам, истеъдод, виҷдони пок, сарсупурдагӣ ба миллат, аз садоқаташон ба Ватан, аз заҳматашон дар рушди соҳае, бигӯянд. Муаррифии расмӣ ё оммавӣ созанд. Чаро не?
Хуб, куҷоянд зиёиёни мо, ки аз хирад ва дониши онҳо тавассути телевизиону рӯзномаҳо ва шабакаҳои интернетӣ мардум нуру зиё бигирад ва бо кӯмаки онҳо инҳо ҳам андешапарвар шаванд?
Магар рисолати телевизионҳо ва нашрияҳои зиёди мо ҳамин нест?
Аслан шахсиятро мансаб, вазифа, дороӣ, аслу насаб ё “фаворит” ба касе будану набудан муайян намекунад.
Шахсиятро мардум ё ҷомеа муқаррар месозад.
Ин унвоне нест, ки онро бидиҳандат ё вазифае нест, ки онро аз ту бигиранд.
Аъмол, дониш, истеъдод, инсонгарӣ ва андешаву тафаккурат туро шахсият месозад ё баръакс шахсият набуданатро ошкор месозад.
Пас, мо аз эътироф накардан ё латма задан ба обрӯи онҳо, коре карда наметавонем, барои нест кардани номи накӯяшон.
Баъзан ҷавонони камсаводи мо вожаи шахсро аз шахсият фарқ накарда, дар тақлид ба дигарон зимни табрикот ё навиштани комменте менигоранд:” Шумо, (ту , ӯ ) шахсияти “…
О, бародар, барои чун шахсият эътироф гаштани инсон хеле сифатҳоро мебояд дошт. Ин ҳам мавзӯест , қобили баҳси дигар.
Хуб, боз бармегардем ба суоли он ки чаро мо шахсиятҳоро тарғиб намекунем? Чаро маъруфияти онҳоро махуф карданӣ мешавем?
Магар ин хиёнат ба миллат ё теша ба решаи Давлат нест?
Ҳаст!!!
Зеро миллат ҳар қадаре шахсиятҳои бузурги зиёд дошта бошад, ҳамон қадар миллати қавӣ ва эътирофгашта мешавад.
Мутаассифона, таърих гувоҳ аст, ки шоҳаншоҳону давлатмардон шахсиятҳои зиёдеро дар давраҳои гуногун дониста ё надониста нобуд сохтаанд, вале онҳо бо ин амал дар таърих бо “рӯйи сиёҳ” сабт гаштаанд.
Аммо номи шахсиятҳоро саҳафоти таърих бо ҳарфҳои заррин нигаҳдорӣ кардааст аа хоҳад кард. Танҳо таърих аст, ки бидуни хоҳиши мо шахсиятҳоро дар хотираи хеш нигаҳ медорад .
Шояд аксаран таърихи нонавишта. Эътирофи миёни мардум.
Зеро имрӯз мо аз шахсиятҳо кам менависем ё наменависем. Онҳоро тарғиб намекунем. Аксарашон табу (чизе ки гуфтанаш мамнӯъ аст) эълон мекунем, вале миёни мардум онҳо эътироф доранд, дар давраҳои тангу маҳдуд, ё васеъ онҳоро мешиносанд.
Мо аз шахсиятҳои таърихӣ гаштаву баргашта ёдовар шудаву ифтихор мекунем. Зеро онҳо фавтидаву безараранд?
Журналистон вазифадоранд, ки бо мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва барномаҳои радиоиву телевизионӣ дар шиносонидан ва истифода кардани зехнияти шахсиятҳо барои мардум хидмат бикунанд. Аммо инро ба кӣ бигӯем?
Хушбахтона, имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ каме ҳам бошад, ин нақшро мебозанд. Аммо ин ҷо боварибахш нест, зеро бархе ба хотири маҳал, дӯстӣ ва ё ғарази дигаре аз ношахсиятҳо))) ҳам ба таври сунъӣ “шахсият” сохтанӣ мешаванд, ки ин амали хубе нест.
Худи ҳамин постҳо (навиштаҳо) комментҳо ҳам, агар таваҷҷӯҳ созӣ, бо ибрози назар ё ақидаи инфиродиашон шахсиятҳоро мешиносонанд. Зеро як нишонаи муҳими шахсият будан ин доштани афкор, тафаккур , яъне хирад аст. Савод аст, ки дар навиштори одамон онро хондан мумкин аст.
Масъалаи чаро шахсиятҳоро пинҳон медорем, ё онҳоро ба тарғиб роҳ намедиҳемро, ман дар рашку бахилии бархе аз чиновникчаҳо мебинам. Шояд баъзе аз онҳо таъсир ба болоҳо ҳам доранд, ки сафедро сиёҳ нишон медиҳанд, вале муҳим он аст, ки ҷомеа касро эътироф кунад на як ё ду кас…
Агар мо ба эҳсоси маҳалгароӣ ва ё хотирбиниву мадҳу ситоиш ё душманиву бадӣ гирифтор набошем, бояд дарк созем, ки муаррифии шахсиятҳои арзандаи миллатамон дар маҷмӯъ обрӯи кишварамон аст.
Ҳатто, агар ин шахсиятҳо ҳамақидаи мо ҳам набошанд. Вале онҳо донишмаданду соҳибидрок бошанд, пас моли ифтихории миллатанд.
Сиёсатҳо дигар мешаванд, аммо шахсиятҳо мондагоранд.
Магар метавон шеъри хуби шоиреро хонд, вале ӯро эътироф накард барои он ки ӯ мухолиф ба андешаҳои мост? Магар метавон хидмати мондагори нафареро, ки барои ҷомеа манфиат дорад, аз лавҳи хотир хат зад?
Магар метавон пешниҳод ё андешаи беҳтаринро ба он хотир напазируфт ки ин одамро мо дӯст намедорем ё ӯ берун аз кишвар аст.
Шояд нафаре аз берун бештар дилсӯзона пешниҳод кунад. Ё касе ақли волотаре дошта бошаду ба муҳоҷират рафта? Ё аз шахсияткушии имрӯзӣ тарки диёр кардааст. Зеро медонад, ки гоҳе ҳақи гапро гуфтан баробар бо душмании миллат дониста мешавад?
Душмантарошӣ аз андешамандон ва ё “шахсияткушӣ” баробар ба хиёнати миллист.
Бигузоред, на танҳо як гурӯҳ ё мардуми Тоҷикистон , балки ҷаҳониён бидонанд, ки миллати тоҷик аз шахсиятҳои озодандешу соҳибтафаккур бой аст…
Шахсиятҳоро давру замони тӯлонӣ мепарварад ва ба ҷомеа муаррифӣ месозад, пас душманӣ ба онҳо душманӣ ба як ЭПОХА ё як марҳилаи муҳими таърихӣ ва миллатсозист.
Миллатсоз бошем, на миллаткуш.
Миллат бо як – ду – се ё даҳ нафар не, аз ҳазорону миллионҳо номбардоронаш дар арсаи ҷаҳон шинохта мешавад.
Шахсиятҳоро ТАБУ насозем, онҳоро эътироф, муаррифӣ ва тарғиб намоем, то таъсире ба шахсиятпарварии баъдӣ дошта бошад.
Кам будани шахсиятҳои миллӣ маънои дебилизми миллиро дорад.
Ба ин хиёнат шарик нашавем.
Мо миллати таърихӣ будем не, мо миллати таърихӣ ҳастем ва хоҳем буд, шиори мо бошад!

Кай оғоз мекунем?

Ҳуриннисо Ализода

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.