Ҳуриннисо Ализода: Милоди нозанинат муборак, Хайринисои азиз!

Миёни бонувони сиёсатмадори олам кам иттифоқ меафтад, ки нафаре бо меҳрубониву ширинсуханӣ бо дили раҳмини пурмуҳаббаташ ба хосу ом машҳур бошад. Зеро сиёсат занонро дуруштгуфтору мардрафтор мегардонад. Аммо ӯро на…

Кас ба хонуми Ангела Меркел нигариста фикр мекунад, ки оё ӯ метавонад, лаҳзае зан бошад? Ҳамсар, модар, дугона, хоҳар ва отифае бошад, ки дар баробари қарорҳои муҳим тасмими меҳрубонӣ бигирад? Ман наметавонам. Ҳарчанд ин бонуро барои идораи як давлати абарқудрат дар майдони сиёсат эҳтиром ва эътироф мекунам.

Аммо ман бонуеро солҳост мешиносам, ки дар волотарин сатҳи вазоифи давлатӣ дар Тоҷикистон зан будан, бону будан, хонуми хушгил буданро бо нафосату назокати занонаи хеш нигаҳ дошта тавонист.

Агар бигӯям, ки таърифи хушмуомилагиву хоксориҳояшро аз одамони оддие, ки ягон зарурати тамаллуқ задан ба ӯро надоранд, беҳисоб шунидаам, боз ҳам чизе нагуфтаам.

Замони муовини Сарвазир буданаш, ҳангоми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, панҷ соли муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ фаъолият доштанаш ӯ ҳамон бонуи хушмуомила, меҳрубон, ширингуфтор, хушрафтор, хушлибос хушсурату хушсират – Хайриннисо Юсуфист.

Ҳамон Мавлоноваи номдор аст, ки маҳбубияташ миёни мардум ҳеҷ коста намегардад.
Боре аз зердасте нашунидаам, ки аз муносибати дағалонаи ӯ ба ҳайси роҳбар ҳарфе гуфта бошад.
Боре занеро вонахӯрдаам, ки барои рашку ҳасад ӯро бад гуфта бошад.
Боре аз одитарин корафтода иттилоъ наёфтаам, ки гуфта бошад, нописандиям кард.

Ба ҳар ноҳияе рафта бошам, ки агар ӯ он ҷо сафаре кардааст, хотироти нек, сифатҳои волои инсонияш вирди забони мардум буданд ва ҳастанд.

Вақте ба ӯ занг мезанам, фурсати пурсупосам намедиҳаду ба сад забон ҳолам мепурсад. Вақте рӯ ба рӯ меоям, боре нашудааст, ки пеш аз ӯ салом бигӯям. Лутфи беҳисобаш, комплиментҳои бешумораш, нигаҳҳои меҳрбораш ҳамеша авваланд.

Борҳо хиҷолат мекашам, ки чаро ман натавонистам бо ин ширинзабониҳои ин бону, ки ҳамеша дар вазифа аз мо болост, боре пештар аз худаш чизе гуфта бошем.
Натавонистам, боре муқаддамтар аз ӯ ҳарфе меҳрубоние гуфта бошам.

Ӯ дар забондонӣ ҳам ҳамто надораду дар ширинсуханӣ ҳам.
Хоксорияш маҳбубияташ бахшидаанд, азизаш гардонидаанд.
Фарҳанги ҳамеша дар болотарин вазоиф хоксортарин ИНСОН монданро танҳо ӯ медонад.

Хайр – ун – нисо номашро чи муносибу мувофиқ гузоштаанд ё ӯ тавониста, ки худро ба ин ном сазовор гардонад.

Мо ҳар ду ЮСУФӢ ҳастем, аз ин рӯ маро ҳамеша хоҳар мегӯяд. Яъне ӯ хоҳари ман аст.
Ифтихор дорам аз чунин хоҳари сиёсатмадор, донишманд, ширинсухан, забондон, хоксор, муҳаббатофару меҳройин.

Имрӯз ин бонуи номвар зодрӯз дорад. Худованд чеҳраи ҳамеша чун гул шукуфонаш таровати баҳорзодияшро гум накунад.
Ҳамчуноне ки ҳамеша аз забонаш шаҳду шакар мерезад, зиндагияш бо шаҳди ишқи хонаводаи номдораш, бо ширинии оилаи азизаш, бо гуворотарин меҳри модарияш, ки намунае аз ишқи илоҳист, шодкому некрӯз бизияд.

Худованд ҳама зодрӯзҳояш ҳар баҳорон гулбасару гулбабар ва шукуфону сабз андар сабз бошанд.
Милоди нозанинат муборак, Хайринисои азиз!

 

“Муаллима”и- номдоре, ки ҳамагӣ бо эҳтиром чунин номат мебаранд. Ман ба ҳайси Юсуфии калонӣ ба худ иҷоза медиҳам, ки новобаста аз мақоми баландат хоҳарвор бигӯям, милодат муборак, Хайриннисои азиз!

Зиҳӣ, бонуе, ки латофату назокат ва накуномии бонуи сиёсатмадорро дар худ таҷассум кардаву пос доштаӣ!
Ту намунае аз занони соҳибмақом ҳастӣ, ки иффату хосории ҷинси латифро дар рафтору гуфтор ва ҷамеи хислату рафтори хеш бо маърифати хос парвардаву посбонӣ кардаву ба бозмондагон талқин намудаӣ.

Имрӯз ин ном бо накӯӣ дар раддаи аввали раҳбарияти ҳизби муваффақи кишвар – ҲХДТ ҷило медиҳад ва дар қатори бонувони машҳури сиёсатмадори дигар кишварҳо номи бонувони соҳибмақоми тоҷикро пурра мекунад.

Ҳамеша муваффақ ва сарбаланду хушном бизӣ, бонуи некноми хушгил Хайринисо Юсуфӣ!

Ҳуриннисо Ализода 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.