Хуршеди Атовулло

Рӯзноманигор. Нависанда. Ношир. Соҳибназар.  
Хуршеди Атовулло аз чеҳраҳои боризи муҳити расонаии Тоҷикистон мебошад, ки эҷодиёт, тарҳу мавзеъгириҳои хос дорад. Ӯ ҳуввияти журналистии худро болотар аз дигар арзишҳо дониста, аз он бо дард мегӯяд. Ҳампешагони ба касб содиқ барои ӯ ҳамаламанд.
Хуршеди Атовулло 10 сентябри соли 1973 дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ба ҷаҳон омадааст.
Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 зодгоҳаш вориди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, соли 1996 бомуваффақият хатмаш кардааст. Солҳои 1996-1999 мухбири рӯзномаи «Чархи гардун», солҳои 1999-2001 мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», солҳои 2001-2003 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», солҳои 2003-2004 ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав», солҳои 2004-2005 сармуҳаррири рӯзномаи «Зиндагӣ» буд. Баъди рафтан аз ин нашрия бо чанде аз ҳампешагон Маркази тадқиқоти журналистӣ таъсис дода, дар назди он ҳафтаномае бо номи “Реклама ва Сервис” роҳандозӣ кард, ки дертар онро ба ношир Саймуддин Дӯстов фурӯхт.
Дар соли 2006 масъули расонаҳоии ихтисосдодаи ношир Зафар Абудуллоев – «Фараж»-у “Овоза ва ҳақиқат” гашта, баъди чанде  нашрияи “Фараж”-ро зери назорат даровард ва тобеъи Маркази тадқиқоти журналистӣ гардонд.
Аз соли 2005 раисии Маркази тадқиқоти журналистӣ ва сармуҳарририи ҳафтаномаи «Фараж»-ро ба уҳда дорад.
Борҳо сиёсати редаксионии нашрияҳои таҳти назари ӯ ва мавзеъгириҳои шаҳрвандияш боиси интиқод гаштаанд, аммо ҳич интиқодеро бепосух нагузоштааст ва мавзеъгириҳояшро шарҳ додааст.
Аз августи 2010 то августи 2013 котиби генералии Ассотсиатсияи «Медиа Альянс Таджикистана» буд.
То соли 2017 ӯ асосан ба муҳити расонаии тоҷикӣ таваҷҷуҳ дошт, вале дар соли 2017 бо таъсиси Ожонси иттилоотии SugdNews ба бозори расонаии русӣ ва инглисӣ ворид шуд, ки дар масъалаҳои марзӣ мавзеъгириҳои давлатмандона дорад.

Муаллифи китобҳои «Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёр», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд», «Санге ба гӯри Лайлӣ» ва ғайраҳо мебошад.
Аз рӯи сенориёи таҳиякардаи ӯ филми “Журналист” ба навор гирифта шудааст.

Аълочии матбуот (2001) ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012) асту барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика (2004), Ҷоизаи ОБСЕ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, «Публитсисти беҳтарини сол» (2008), «Журналисти беҳтарини сол» (2009) низ мебошад.

Даҳҳо тан аз журналистони ҷавон ӯро устоди худ медонанд.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.