Хуруҷи паймонкорон метавонад барои нерӯҳои афғон “харобиовар” бошад

Бозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон ҳушдор додааст, ки хуруҷи ҳазорон паймонкори низомии Амрико аз Афғонистон дар охири моҳи оянда, метавонад барои нерӯҳои афғон “харобиовартар” аз хуруҷи сарбозони амрикоӣ бошад.

Бар асоси созиши соли гузашта миёни ҳукумати Доналд Трамп ва Толибон, нерӯҳои амрикоӣ ва паймонкорони хориҷӣ бояд то аввали моҳи майи соли 2021 аз Афғонистон берун шаванд.

Ҷон Сопко, бозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон дар як нишасти онлайнӣ дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ дар Вашингтон гуфт, то моҳи октябр беш аз 18 ҳазор паймонкор, аз ҷумла шаш ҳазор амрикоӣ ва ҳафт ҳазор паймонкори кишварҳои севум дар Афғонистон фаъол буданд.

Ӯ гуфтааст, ки ҳоло ҳама таваҷҷуҳ ба он нигаронида шудааст, ки оё Ҷо Байден 2500 сарбози боқимондаи амрикоиро аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард ё на. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи оқои Сопко, хуруҷи паймонкорон “асосан нодида гирифта мешавад”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.