Иҷозатномаи фаъолияти се донишгоҳи Қазоқистон бекор шуд

Вазорати маориф ва илми Қазоқистон дар бораи бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти се муассисаи олии таҳсилотии ин кишвар хабар дод.

Ин муассисаҳо Донишгоҳи техникиву гуманитарии Актау, Донишгоҳи “Остона” ва Донишгоҳи Осиёи Марказии Қазоқистон ҳастанд. Сабаби бекор шудани парвонаи кори онҳо нагузаштан аз марҳилаи баъди сабти ном шудан будааст. Муассисаҳои мазкур иҷозат надодаанд, ки коршиносони Маркази мустақили сабти номи донишгоҳҳо дар Қазоқистон фаъолияти онҳоро санҷанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, барномаҳои таълимии донишгоҳҳои мазкур ниёз ба такмили ҷиддӣ доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.