Иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров ба истеъфо рафтанист

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров қасд дорад, ки аз вазифааш истеъфо диҳад, то дар интихоботи ояндаи раисҷумҳурӣ иштирок кунад.
  • Тибқи иттилоъи 24kg  Содир Ҷапаров дар ин бора ҳангоми сафараш ба ноҳияи Қучқор хабар додааст.
  • Гуфта мешавад, ки ӯ дар авоили моҳи декабр барои иштирок дар интихоботи навбатии раисҷумҳури Қирғизистон ба истеъфо хоҳад рафт.
  • “Ман дар ин интихобот дар баробари дигарон мехоҳам иштирок кунам, агар маро дар ин вазифа интихоб намоянд, раисҷумҳур мешавам, агар интихоб накунанд, намешавам”- изҳор намудааст ӯ.
  • Қаблан Маркази интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи навбатии раисҷумҳуриро 10 январ таъин кард, вале аз сабаби дар Порлумон мавриди мубоҳиса қарор гирифтанаш Додгоҳ ин қарорро бекор намуд.
  • Дар назар аст, ки санаи интихоботи навбатии раисҷумҳурӣ ва порлумонии кишвар пас аз қабули Қонуни нави интихобот пас аз  ба охир расидани Ислоҳоти конститутсионӣ на дертар аз 1 июни соли 2021 пешбинӣ шудааст.
  • Ёдовар мешавем, ки 9 октябр раисҷумҳури Қирғизистон дар натиҷаи эътирозҳои пас аз баргузории интихоботи порлумонӣ ба истеъфо рафт. Вакилон Содир Ҷапаровро, ки таҳти фишори тазоҳуркунандагон аз зиндон озод шуда буд, ба ин вазифа таъйин намуданд.

The post Иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров ба истеъфо рафтанист appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.