ИА ба таҳрими навбатии Беларусу Русия омода мешавад

Иттиҳоди Аврупо ба қабули таҳримҳои нав алайҳи Беларус ва Русия барои поймолкунии ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ омода мешавад. Дар ҷаласаи 27 вазири хориҷаи узви Иттиҳоди Аврупо бори дигар таъкид шуд, ки интихоботи моҳи августи Беларус “озоду одилона набуд” ва таҳдид шуд, ки нисбати Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи  кишвар, ки ба гуфтаашон, “ҳеҷ салоҳияти қонунӣ надорад”, тадбирҳои маҳдудкунанда ҷорӣ мешавад. Дар ҷаласаи вазирон ҳамчунин пешниҳоди Париж ва Берлин дар заминаи таҳрими шаҳрвандони Русияи гумонбар дар заҳролудкунии мунаққиди Кремл Алексей Навалний пуштибонӣ ёфт. Раҳбари сиёсати хориҷии ИА Жозеп Боррелл гуфт, ки вазирон барои қабули бастаи нави таҳримҳо, ки Александр Лукашенкоро ҳам дар назар мегирад, ба мувофиқа расиданд. Дар оғози моҳи октябр Иттиҳоди Аврупо нисбати 40 мақомдори Беларус  ба шакли маҳдудияти виза ва масдудкунии дороиҳо таҳрим ҷорӣ кард. Ин нафарон барои тақаллуби интихобот ва саркӯби эътирозгарони мухолифи натиҷаҳои интихоботӣ муҷозот шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.