ИА барои дастгирии низоми маорифи Қирғизистон 8 млн евро медиҳад

Иттиҳоди Аврупо 23-уми декабр барои ҳукумати Қирғизистон ба маблағи 8 млн 50 ҳазор евро грант ҷудо кардааст. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек хабар дод. Ба иттилои намояндагии иттиҳод дар Бишкек, Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ҳукумати Қирғизистон дар иҷрои Стратегияи рушди маориф то соли 2020 32 миллион евро ҷудо хоҳад кард.

“Ҳадафи ин барномаи ИА мусоидат дар таҳияи низоми иттилоотии идораи маориф, баланд бардоштани сифати омӯзиш, низоми баҳо додани дастовардҳои донишомӯзон, пешбурди донишомӯзии чандинзабона, беҳсозии идораи пулҳои давлатӣ мебошад. Маблағҳои грантӣ ба харидории китобҳои дарсӣ, сармоягузории беҳтар шудани сифати таълим ва фароҳам кардани Интернет дар мактабҳои Қирғизистон равона хоҳад шуд”,-афзудааст манбаъ.

Созишнома дар бораи ҷудо шудани ин грант моҳи июли соли 2019 дар ҷараёни сафари Федерика Могеринӣ, роҳбари умури хориҷии ИА ба Қирғизистон имзо шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.