ИА кӯмаки молӣ ба иқтисодҳои аз пандемия осебдидаи кишварҳои узвро баррасӣ мекунанд

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо  рӯзи 19 июн  баррасии барномаи кӯмак ба иқтисодҳои дар давраи пандемия осебдидаи кишварҳои узвро дар ҷаласае ба баррасӣ гирифтаанд. Дар ин нишасти видеоӣ сарони 27 кишварҳои узв ширкат мекунанд ва ҳадафаш ин аст, ки ба иқтисодҳои кишварҳои ИА миллиардҳо доллар кӯмакҳо ворид шавад. Дар давраи пандемия то ҳол дар саросари Аврупо беш аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода мисли дигар нуқоти ҷаҳон ин қора ҳам дар баробари бӯҳрони бесобиқаи иқтисодӣ қарор дорад. Дар ҷаласа буҷаи муштараки  ИА барои солҳои 2021-27 дар ҳаҷми беш аз 1 триллион евро ва фонди қарз дар ҳаҷми 750 миллиард евро баррасӣ хоҳад шуд. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.