Иброҳими Саиднуриддин: Оё ҷомеаи мо солим аст?

Ҷомеа иборат аз: “Гурӯҳе одамон, ки дар ҷойи муъаяйн умр ба сар бурда, миёни худ манофеъ ва ҳадафҳои муштарак доранд ва зери ҳокимияти қонуне, ки рафтору муносибатҳои ононро дар чорчӯбаи муъайян нигоҳ медорад,” аст.
УНСУРҲОИ ҶОМЕЪА
Дар ҷомеа ашхос, афкор ва ашё вуҷуд дорад.
Ин се чиз унсурҳои асосӣ дар таркиби ҷамъият аст.
Барои инки ҷомеъа солим бошаду қавонини ахлоқу арзишҳо дар он риъоят шавад, бояд ин се унсур бо ҳам омехта шуда пайвастии зиҷ ва ҳамкории устувор дошта бошанд.
АФКОР МУҲИМТАР АЗ АШЁ
Аммо бояд донист, ки аз ашё дида барои рушди ҳар ҷомеъае ашхос ва афкор муҳимтар аст.
Таърих шоҳид аст, ки ҷомеъаҳое, ки аз нигоҳи ашё (моддиёт) ғанӣ буданд, вале чун дар онҳо афкори бузурги созанда вуҷуд надошт, ба пешварвӣ даст наётфаанд ва ё ҳатто аз байн рафтанд.
Баракси ин ҳолат баъзе ҷамъиятҳо ва кишварҳое (ҳамчун Олмон ва Ҷопон масалан), ки гирифтори офатҳои таъбиъӣ ё дар онҳо ҷангҳо рух дода буд, вале чун афкори қавӣ ва созанда доштанд, дар муддатҳои кутоҳе дубора худро сохта побарҷо шуданд.
ВАЗЪИ ҶОМЕЪА АЗ ВАЗЪИ ФАРД ВОБАСТА АСТ
Омӯзишу таҳлили ҷомеъа аз омӯзишу таҳлили ҳар чизи дигар печидатар аст, зеро ҷомеа иборат аз гурӯҳи одамон аст ва чунончӣ маълум аст, омӯзиши як инсон (ҳамчун фард) ба худ кори ба ғоят душвор аст, куҷо расад, ки мавзӯи омӯзиш гурӯҳи калони одамон бошад.
Аз ин хотир омӯзишу пажӯҳишҳои ҷамъиятӣ (социологӣ) ҳамчун пажӯҳишҳои раовншиносӣ (писохологӣ) ҳамеша хусусияти тахминӣ доранд, на яқинӣ.
Бо вуҷуди ин ҷомеа бояд омухта шавад, ҳолатҳое, ки барои он пешгӯӣ мешавад мавриди таҳлил қарор гирад ва барои ҳар мушкилие мавҷуда ва ё дар пешбуда роҳи ҳалли дурусту муносибе ёфта шавад.
Ҷомеъаро (айнан ҳамчун фард) метавон ба солимӣ ва носолимӣ тавсиф кард. Онро метавон ба пешрафта ва ақибмонда ҷудо кард. Ҷомеа метавонад оқилу донишманд бошад ва низ метавонад ҷомеаи дур аз илму фарҳанг бошад. Ҷомеаҳои сарватманд ҳаст ҳамонгуна, ки ҷомеҳои фақир вуҷуд дорад.
МУНОСИБАТИ ДУРУСТИ АФРОД МЕЪЁРИ АСОСӢ ДАР СОЛИМИИ ҲАР ҶОМЕЪА
Дар ҷомеъа ҳар қадар муносибатҳои афрод (аъзои оила, хешон, ҳаммактаб, ҳамдеҳа, ҳамкор, ҳамкасб…) миёни ҳам устувортар бошад, ҷомеъа солимтар аст. Ҳар қадар муносибати одамон дар ҷомеъа миёни ҳам сардтар бошад, ба ҳамон андоза ҷомеъа заиф аст.
ИСЛОҲИ ҶОМЕЪА ҲАДАФИ ПАЁМБАРОН
Сохтани ҷомеъаи солим ё ислоҳи ҷомеъаи гирфитори мушкилот, ҳадафи асосии паёмбарон, ислоҳгарон ва ҳар фарди бедордиле дар ҳар асру замон буда ва ҳаст.
Ислоҳи ҷомеа ва ё бунёди он бар пояҳои ахлоқу иффат мақсади волои рисолати ҳар паёмбар буда аст.
Худованд паёмбаронро маҳз барои даво бахшидани бемориҳои ҷамъиятӣ фиристода аст.
Аз ин аст, ки хидмат ба ҷомеа аз манзури исломӣ ибодат маҳсуб аст.
ИСЛОҲИ ФАРД, ҚАДАМИ НАХУСТ ДАР ИСЛОҲИ ҶОМЕЪА
Ҳарки ислоҳи ҷомеаро барои худ ҳадаф қарор медиҳад, бояд донад, ки ислоҳи ҷомеа аз ислоҳи фард оғоз мегардад. Магар аз хишти шикаставу суст бинои мустаҳкам сохтан имкон дорад?!
Бинобар ин, ислоҳи ҷомеа аз ислоҳи фард оғоз меёбад.
Ҳар кушише барои ислоҳи ҷомеъа бидуни дарназар гирифтани фард ва тарбияи он, кушиши бесамар аст.
ШАРТИ УСТУВОРИИ ҶАМЪИЯТ БАРОМАДАН АЗ ИНҲИСОРИ ХУДӢ
Нахустин пояҳои ҷомеа онгоҳ сохта мешавад, ки фардро аз фардияти худ берун намуда ӯро ба ҷомеа пайваст карда шавад.
Дар ҷомеаъаҳои солим афрод “ман”-и худро ба “мо” табдил дода манфиати ҷомеъаро муқадддамтар аз манфиъати худ мешуморанд.
АФКОРИ ОЛӢ, САРВАТИ АСОСИИ ҲАР ҶОМЕЪА
Тансиҳативу қудратмандии ҷомеаҳо на аз доштани молу сарвати бештар, балки ҳаргоҳ афроди он афроди ҳушманду закӣ, иззатманду шуҷоъ, соҳиби ахлоқи ҳамида ва дорои афкори бузург бошанд, ҷомеа ғанӣ, пешрафта ва қавӣ маҳсуб аст.
Мутафаккир ва ҷомеашиноси бузург Молик ибни Набӣ дар ин маврид чунин гуфта аст:
“Сарватмандии ҷомеаҳоро на ба чӣ миқдор дороӣ доштанашон, балки ба чӣ миқдор афкор доштан баҳо дода мешавад.”
(“Милоди ҷомеъа” Молик ибни Набӣ,саҳ 37)
Худхоҳӣ ва ҳамеша пушти манфиъати хос фикр карда тасарруф намудан, риштаи бофти ҷамъиятро заиф сохта онро гусаста месозад.
ҶОМЕЪАИ НАМУНАВӢ
Агар хоҳем намунаи ҷомеъаи солимро дар таърих нигарем, беҳтар аз ҷамъияти Мадинаи Мунаввара дар аҳди Паёмбар (с) ва ёрони эшон нахоҳем ёфт.
Он “Мадинат-ул-фозила” (Идеальный город)-е, ки Афлотун орзӯи дидани онро дошт, Мадинаи Паёмбар (с) ҳамон ва беҳтар аз он буд.
ҚОИДАИ ҚУРЪОНӢ БАРОИ БУНЁДИ ҶОМЕАИ СОЛИМ
Қуръони карим пайравонашро ба сохтан ва солим нигоҳ доштани ҷамъият амр намуда фармуда аст:
وتعاونوا على البر والتقوى ولا تعاونوا على الإثم والعدوان (المائدة 2)
“Ва дар некукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳу ва ситамкорӣ дастёри якдигар набошед.” (Моида, 2)
Ин ояро метавон қонуни асосие дар роҳи бунёди ҷомеаи солим унвон кард.
Вақто аҳли ҳар ҷамъияте ба ин ду супориши мухтасар ва пурмуҳтавои қуръонӣ амал намоняд, ҷомеъаи солиме ба вуҷуд хоҳад омад. Зеро асли ҳама пешрафт ин мавҷудияти салоҳу покӣ ва дар устувор будани пояҳои ахлоқи накӯст ва омили асосӣ дар фурӯпошии ҷамъият ин паҳншавии фасод дар он аст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.