Иброҳими Сайиднуриддин: Баъзе шукргӯиҳо гуноҳ аст!

Сад халта ордашро медузданду як нон барояш медиҳанд (агар пешаш напартоянд), чунон шукру сипос мегӯяд, ки гӯё нону обу либосу хонаву… ҳатто ҷонаш бахшида бошанд.
Баъид нест, ки ба мурури айём дар ин миллат тамаллуқ ҳамчун як хислати ҳамида ва шукрона бар капусту каду яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ қабул шаваду ҳарки гушту равған талаб кунад шояд хоин хонда шавад.
Албатта чунин шуданаш баъид нест.
Зеро ононе, ки гушти барра мехӯранду қаймоқу асал, барояшон хоин ҳукм кардани садҳо нафар осонтар аз тақсим намудани барраву қаймоқашон аст.
Модом кори яккумӣ осонтар аст, чаро кори осонро накунанд, хоссатан вақто атроф чуноне ҳастанд, ки хоин ҳукм кардан чӣ, ҳатто ба рӯзихоҳон ҳукми қатл диҳанд ҳам аҳсанашон мегӯянд.
Таҳсинхонон модом худашон тинҷу таъминанд, боке надорад, ки аз Русия ҳаррӯз мурдаи муҳоҷир биёранд. Чаро чизи аҷиб бошад, мурдан ҳақ аст ку, чӣ магар дар ватан одамон намемиранд?!
Монед ҳамин иғвоандозиро дар шабакаҳо, фитнагаред шумо!
Ҳама миллатҳо муҳоҷир доранд, якбор хонед, оламро нигаред!
Бале, рост доранд, вале ҳеҷ муҳоҷире чун муҳоҷири тоҷик хору залилу айни замон шукронагӯй нест.
Магар муҳоҷири ҳеҷ миллатеро дидаед, ки чунон зери лағадаш кунанд, ки ақлашро гум кунаду айни замон дар ватанаш мусобиқаи ошхурӣ гузарад?!
То рӯзе, ки миллат мусобиқаи ошхурӣ мегузаронад, тобути муҳоҷирон бояд омадан гирад.
Аҷаб!
Магар оши мо Азроилро ба хашм меорад, ки…
На, Азроилро на, балки Худоро ба хашм меорад!
Зеро Худованд ба нафаре, ки дигаронро зулм мекунад ғазаб мекунад, вале ба нафаре, ки худашро зулм мекунад, бештар ғазаб мекунад.
Золими нафси худ касест, ки худашро, миллаташро, насли худашро бо дасти худ ба зиллат кашад.
Худованд инсони аввал (Одам)- ро на ба сар, балки ба ду пой ба замин фуруд овард, то дар зиндагӣ қоматаш баланд бошад, то иззату каромат дошта бошаду онро ҳифз кунад.
Вақто инсоне (бар акси муроди Худо) худро хору залил мекунаду боз аз ба чунин ҳол расиданаш шукрона ҳам мегӯяд, Холиқашро ба хашм меорад.
Магар боре аз фақеҳе нашунидаед, ки ҳифзи обрӯ яке аз панҷ мароми асосии дини Ислом аст?!
Ҳифзи обрӯи фард фарз бошад, ҳифзи обрӯву шаҳомати миллат фарзтар аст!
Вақто фарзе дар сатҳи афроду ҳам дар сатҳи миллат муҳмалу зерипо мешавад, аз диндории мо чӣ боқӣ мемонад?!
Ҳамин шукрона кардан?!
Баъзе шукргӯиҳо гуноҳ аст!

Бояд аз он истиғфор кард!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.