Иброҳими Сайиднуриддин: Таърифномаи китоби арзишманд аз равоқи китобхонаи равоншиносӣ

Таърихнигорони соҳаи равоншиносӣ Виктор Франкл (1905-1997)-ро асосгузори мактаби саввуми психология дар Австрия (Утриш) унвон мекунанд.

Пас аз равияи Зигмун Фрейд (вафоташ 1939) ва Альфред Адлер (вафоташ соли 1937), ки муассисони мактаби якум ва дуввуми ин илм ҳастанд, Франкл бо пешниҳод намудани назарияаш бар рушду ҳаракати илми психологияи муосир руҳияи тоза ва дигаре бахшид. Равияи ӯ “Равияи равондармонии Франкл” ном дорад. 

Виктор Эмил Франкл  назарияи “ТАБОБАТ БО ҲАДАФҲО “(ЛОГОТЕРАПИЯ)-ро пешкаш намуда бо пешниҳоди ин василаи муфиди табобатӣ дар илми равоншиносӣ шуҳрати хоссае ба даст овард.

Франкл ба монанди Фрейд ва амсоли ӯ бехудо ва динситез набуда,  ангезаи рафтори инсонро ба қувваи шаҳвонӣ маҳсур намедонад. Иддиъое, ки Зигмун Фрейд даъво карда асту равоншиносони зиёде онро ботилу беасос медонанд.

Франкл бар акс ҲАСТИИ ИНСОНРО ДАР ИН ДУНЁ БА МАЪНОҲОИ БУЗУРГ, аз ҷумла диндорӣ, масулияти хонаводагӣ, ҳифзи орбӯи ҷамъиятӣ…рабт дода барои мубориза алйҳи сахтиҳо ва истодагарӣ дар мушкилоти рӯзгор будани чунин ғояҳои бузурги инсониро шарти муваффақият унвон намуда аст.

Метавон гуфт, китоб тафсири ҳаёт аз нуқтаи назари фалсафа ва равонишиносӣ аст.

Китоб иборат аз чанд афкоре, ки муаллиф дур аз ҳаёти воқеъӣ, рӯи курсӣ нишаставу хаёлпардозӣ намуда навишта бошад, нест! Балки ҳикояи воқеъӣ ва таҷрибаи талхи худи муаллиф аз се сол умри дар зиндон сипаринамудаи ӯ дар лагерҳои фашистон солҳои 1942-1945 аст.

Франкл баъди рузгори хуше, ки дар Вена мегузарониду равоншинос ва устоди обруманде дар донишгоҳ буд, баъди ошуби ҷанг худро дар лагере дармеёбад, ки дар ҳавои сард, бо кафшҳои дарида ва пойҳои бемадори обилашуда, як почаи хушкшудаи нонро аз кунҷи ҷайбаш барварда, бо ангуштоне, ки аз зарби кори пурмашаққат захмӣ гаштаанд, қисмате он нонро шикаста ба даҳонаш мегузорад ва қисми дигарашро барои “наҳории” дигараш “захира” мекунад…

Франкл дар ин зиндоне, ки ба зиндонҳои маъмулӣ танҳо дар ном монандӣ дошту маконе барои нобуд сохтани “душманон” омода шуда буд, рӯзҳои ба ғоят сахтеро паси сар менамояд.

Гуруснагӣ, корҳои пурмашаққати дар саҳрои пурбарф, гирифтор шудани зиндониён ба бемориҳо, дар пеши чашмаш худкушӣ ва ё марги дустони зиндониаш… Ин ҳамаро ин равоншинос ба чашми сар дида, гарчи худ як зиндони буда аст, аммо дар ин миён ба кумакҳои равонӣ барои дустонаш машғул мешавад, то онҳоро аввалан аз худкушӣ боз дорад ва сониян барои устувор будан сабаб гардад.

Франкл аз ин таҷрибаи сесолааш бо зиндониён ва дар муомила бо ҳолатҳои гуногуни равонӣ, назарияҳои психологиеро эҷод намуда пешкаш намуда аст, ки мақбули донишмандони соҳа гашта аст.

Назарияҳои Франкл имрӯз ҳамчун як равияи хоси психолгӣ ва як мактаби дорои хусусиятҳои худ аз ҷониби донишмандони ин соҳа эътироф шуда аст.
Назарияи Франкл дар ин хулоса мегардад, ки фалсафаи ӯ мисли фалсафаи Шопенгауэр ки ба ҳаёт нигоҳи манфӣ дорад, ва назарияҳои психологии ӯ ҳамчун назарияҳои Фрейд, ки поя бар бехудоиву шаҳватпарастӣ аст, нест, балки Франкл нисбати ҳаёт ва инсон некбин аст. Ташвиқ бар он мекунад, ки инсон дар ҳар шароите бояд нисбат ба ояндаи худ хушбин бошад, ҳаётро дӯст дорад ва пеши худ ҳадаф, ё якчанд ҳадафҳои бузурги инсонӣ, ахлоқӣ ва динӣ гузошта барои “мондан” дар ҳаёт баҳонае дошта бошад.

Ба ин тариқ ӯ дар ин китоб хонандагонашро БАРОИ ФАҲМИДАНИ МАЪНОИ ЗИНДАГИ РАҲНАМОИ НАМУДА АСТ.

  Ҷое мегуяд: “Вой бар ҳоли нафаре, ки дар зиндагиаш ҳадаф надошта бошад.”

Франкл пас аз раҳоӣ аз он “зиндон” мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳояшро дар ин китоб ҷамовари карда пешкаши хонандагон намуда аст, ки ин китоб “ИНСОН ДАР ҶУСТУҶУИ МАЪНОИ ЗИНДАГӢ” унвон дорад.
Китоб яке аз серхаридортарин китобҳои муосир буда бо забонҳои гуногуни олам тарҷума шуда аст.Гордон Олпорт (1897-1967) равоншиноси машҳури амрикоӣ, соҳиби назарияи “Хусусиятҳои шахсӣ” ва устоди ин фанн дар донишгоҳи Гарвард дар бораи ин китоб мегуяд:

“Агар Франклро бо Фрейд муқоиса намоем, мебинем, ки ҳарду табибоне ҳастанд, ки умри худро барои бемориҳои равонӣ ва роҳҳои илоҷи он бахшидаанд. Агар Фрейд асоси мушкилоти равонии инсонро дар “номуваффақиятии шаҳвонӣ” медонад, Франкл онро дар “номуваффақият дар фаҳми зиндагӣ” дониста аст. Имрузҳо мушоҳида мешавад, ки олами Ғарб аз гуфтаҳои Фрейд руй гардонида ба сӯи “Таҳлили вуҷудӣ” ки “Табобат бо ҳадафҳо” яке аз шохаҳои он аст, руй оварда истодаанд”.

Гордон илова мекунад: “Ман шахсан самимона ба хондани ин китоби хурд тавсия медиҳам, чунки ин китоб гавҳари қимматбаҳоест, ки дар мавриди амиқтарин мушкилоти инсонӣ изҳори назар намуда аст. Бе шакк ин китоб дорои арзиши фалсафӣ ва илмӣ буда заминае барои бузургтарин ҳаракатӣ психологӣ дар асри ҳозир гашта аст.”

Иброҳими Сайиднуриддин 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.