Иддаои пирӯзии Толибон дар Панҷшер. Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ҷанг идома дорад

Рӯзи душанбе “Толибон” бо пахши навори парчамбардорӣ дар канори қароргоҳи ҳукумати вилояти Панҷшер иддао карданд, ки пирӯз шудаанд, вале раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мардумро ба қиём бар муқобили ҷунбиши тундгарои исломӣ даъват карда афзуд, ки муқовимат идома меёбад. Сухангӯйи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 6-уми сентябр иддао кард,  ки Панҷшер ва тамоми қаламрави Афғонистон зери назари Толибон аст. Муҷоҳид таъкид кард, ки ба зудӣ ҳайати ҳукумати нави Толибон эълон мешавад. Ӯ ба мардуми дараи Панҷшер кафолат дод, ки касе онҳоро таъқиб нахоҳад кард. Вале раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд дар шабакаи Твиттер гуфт, ки муқовимат давом хоҳад кард. Ӯ гуфт, 70 дар сади манотиқи ишғолшудаи Толибон дар ҷангҳои Панҷшер баъди як соат аз тарафи размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бозпас гирифта шуданд. Дараи Панҷшер дар тахминан садкилометрии шимолу шарқи Кобул қарор дорад. Манбаъҳои мустақил дар бораи ҳаводиси ахири Панҷшер гузорише пахш накардаанд ва изҳороти ду ҷонибро тасдиқ ва ё рад намекунанд. Дараи Панҷшер на дар замони таҷовузи Шӯравӣ ва дар давраи ҳукумати  «Толибон» дар  солҳои 1996 то 2001-ум аз тарафи касе ишғол нашуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.