Иди фейкӣ ё таҳрифи ошкорои “Рӯзи забони модарӣ” аз ҷониби як худкома

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

 Дақиқан 11 сол қабл, дар ҳамин моҳ порлумони бекифоятҳову бедироятҳои Тоҷикистон зимни ислоҳи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” 5-уми уктобрро Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон эълом кард. Аммо 5-уми уктобр, ки ҳеч иртиботе бо торихи ба курсии расмият нишастани Забони форсӣ дар Тоҷикистон иртиботе надорад.

  • Ин таҳрифи ошкоро, ин дуздиву роҳзанӣ дар ганҷинаи торих, намудори ба курсӣ нишастани худкомагӣ, хонадонсолорӣ, қабиламеҳварӣ шудани ҳукумати як кишвар буд ва раванди баъдӣ онро ба тамом ошкор сохт.
  • Аммо таҳрифи 22-и июл ба 5-уми уктобр, зери по кардан ва дашноми умуми миллат ва ба вежа соҳибназароне буд, ки дар даврони хафақоновари Шӯравӣ ҷон бар каф гирифтаву барои дифоъ аз забони модарии хеш садо баланд карданд. 
  • Воқеан муборизаи миллат ва ҳамовоз шудани тамоми шаҳрвандон ба даъвои соҳибназарони хеш дар мавриди ба курсии азалии худ нишондани форсӣ дар ин буму бар, ҳамоҳангиву намунаи якдилие буд, ки мисолашро дар торихи худ кам дидаем ё аслан надидаем!
  • Омӯзгорон, рӯзноманигорон, шоирону адибон, овозхонҳо, пунбакорону танбокупарварон, коргарони корхонаҳои саноативу ресандагӣ… ҳамаву ҳама барои забони миллати Тоҷик – забони форсии дарӣ садо баланд карда буданд ва ин садо ниҳоят порсиро бар курсии он дубора боз мавқеъ дод!
  • Баъдҳо, оре, бо гузашти анқариб ду сол аз қабули қонуни забон, ки кишварҳое ҳамонанди Тоҷикистон соҳиби истиқлоли муфт гардиданд, ҷухаи бесавод, гуруҳи ҷиноятпеша, курситалабҳову фурсатхоҳон, ки танҳо нияташон расидан ба ҳукумат ва мансабҳои он буд, дар вуҷудашон бадбинии маҳалҳои дигар реша амиқ кардаву бӯй гирифта буд, ба майдонҳо рехтанд!
  • Ҳам динро ядак мекашиданду ҳам ҳизби кумунистро, ҳам маҳал оромонашон буду ҳам мансаб…
  • Барои Русияи шӯравӣ, ки аз дер боз ба бедории соҳибназарони ин миллат дандони кин тез карда буд, баҳонаи хубе барои саркӯб карданро пеши рӯ дид.
  • Тошканд бо Масков ҳамовоз шуд ва Тоҷикистон ба корзори мағзҳои гандида кашида шуд! Аз ду сӯ, ҷаҳл силоҳ бардошта буд, аз ду сӯ дашномҳо ба ҷони ҳам уфтода буданд!
  • Бо поён бахшидани иҷбории ҷанг, он ҳам бо дастури Русия, бадномсозии соҳибназарон ва баробари онҳо душман ҷилва додани корзори забон дар замони Шӯравӣ, хатти бегона таблиғ кардани дабираи форсӣ, сарсахтона душманӣ кардан ба кӯшишу омоли бозгашт ба он дабира шуруъ гардид.
  • Ҷанги ҷаҳлу мансабхоҳиву маҳалгароии дуҷониба худро “гуноҳ”-и Забони форсӣ ва хати он ҷилва доданд! Дар ҳоле, ки корзори забон дар соли 1989 (!!!) ба анҷом расида буд!
  • Акнун ҳам насли ҷавону бехабар гумон мекунад, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири забону хати форсӣ рӯй дода будааст…
  • Ва бадбинии кори дигарон, торихзудоӣ ва хотирафарсоии миллат думболи ин бадномсозиҳо буд!
  • Хароб кардани имороти торихӣ, сутунҳои ҷашнии торихӣ, ки ҳама бо пули ин мардум, бо орзуи ин мардум, бо неруи ин мардум бунён шуда буд, ба хотири худбузургнишондиҳӣ дар замонҳои баъдӣ сурат гирифт! Ва илло дар шаҳрҳои ҷаҳон чунон кӯчаҳову имороту ҳайкалҳоро на танҳо хароб намекунанд, ки бо сахтии тамом ҳифз мекунанд!
  • Таҳрифи торихи ба курсӣ бознишастани забони миллӣ низ яке аз он ҷиноёт буд, ки порлумони бекифоятҳо ба тасвиб расонид.
  • Аммо наметавон асолати торихро дигаргун кард ва бо чунин турктозиҳо барои ҳамеша онро дигаргун ҷилва дод.
  • Рӯзи забони форсӣ дар Тоҷикистон 22-и июл аст ва ҳамин рӯз пос доштаву ҷашн гирифта мешавад ва ба такрор ҳама сола аз таҳриф шудани он таъкид ба миён меояд, то рӯзе, ки дубора ҷои хешро бигирад!
  • Рӯзи забони модарӣ ба умуми мардум ва ба умуии огоҳону ошиқони ҳақиқат хуҷаста бод!

Исфандиёри Назар, Олмон 

The post Иди фейкӣ ё таҳрифи ошкорои “Рӯзи забони модарӣ” аз ҷониби як худкома appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.