Идомаи баҳси ИА ва Маскав атрофи ҳабси Навалний

Баҳси Русияву Иттиҳоди Аврупо сари масъалаи боздошт ва заҳролудшавии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний  идома дорад, дар ҳамин ҳол, тарафдорони  мунаққиди Кремлин ба эътирози нав омода мешаванд. Рӯзи 10-уми феврал додгоҳе дар Маскав амр дод, ки Леонид Волков, як муттафиқи Навалний, ки дар берун аз кишвар мебошад, боздошт шавад. Эҳтимолан ин амр ба даъвати ахири ӯ барои таҷаммӯи мардум дар рӯзи 14-уми феврал рабт мегирад, ки ба нишони эътироз аз ҳабси Навалний дар таърихи 17-уми январ барпо мешавад.

Навалний аз моҳи августи порсол то бозгашташ дар моҳи январ дар Олмон буд. Ӯ дар беморхонаи ин кишвар осори заҳролудшавӣ аз як заҳри низомиро табобат кардааст. Навалний дар заҳролудкунии  худ  президент Владимир Путинро айбдор кард, вале Кремлин ин иттиҳомотро рад мекунад. Боздошти ӯ баробари расиданаш ба Маскав боиси хашму эътирозҳои серҷамъият дар хиёбонҳо гардид. Худи Навалний боздошташро ҳамчун “Қассосгирии шахсии Путин” аз зинда мондани ӯ аз сӯиқасд ба ҷонаш қаламдод кардааст. Юлия Навалная, ҳамсари ӯ ҳам дар ҳафтаҳои гузашта чандин бор боздошт шуд. Рӯзи 10 феврал Интерфакс гуфт, ки Навалная ба Олмон парвоз кард, вале ҳуқуқшиноси ӯ ин хабарро тасдиқ намекунад. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.