Идомаи даргириҳо дар марзи Арманистону Озарбойҷон

Бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ ба хештандорӣ, дар минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 28-уми сентябр даргириҳо миёни нирӯҳои Озарбойҷону Арманистон идома ёфт. Ереван гузориш дод, ки шаби гузашта ҳам оташи силоҳ хомӯш нашуд ва Боку гуфт, ки нирӯҳои арманӣ шаҳраки Тертерро ҳадаф қарор доданд. Қаробоғи Кӯҳӣ як минтақаи ҷудоиталаб дар ҳудуди Озарбойҷон асту аксар сокинонаш арманиҳо мебошанд. Мақомоти ин минтақаи ҷудоиталаб гуфтанд, ки дар рӯёрӯӣ бо нирӯҳои озарӣ дар маҷмӯъ 32 низомии маҳаллӣ ҷон доданд. Вазорати дифои Арманистон дар изҳороте гуфт, ки “шабонгоҳ даргирии шадиде” гузашт. Вазорати дифои  Озарбойҷон рӯзи 28-уми сентябр бо пахши изҳороте гуфт, “нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон шаҳри Тартарро гулӯлаборон карданд”.  Тартар дар ҳамсоягии Қаробоғи Кӯҳӣ ҷойгир аст. Баҳси атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ решаҳои амиқу дерина дорад, вале дар чор соли ахир ин низоъ сангинтарин ба ҳисоб меравад ва эҳтимоли ба баҳс кашида шудани қудратҳои минтақавии мисли Туркия ва Русия низ ба вуҷуд омадааст. Рӯзи аввали низоъ 27-уми сентябр ҳарду ҷониб чархболу ҳавопаймоҳои бесарнишин, тонку тӯпхонаҳоро ҷалб карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.