Идомаи эътирозҳо ба зидди Александр Лукашенко дар Белорус

Рӯзи 26-уми сентябр эътирозҳо ба зидди Александр Лукашенко дар Белорус идома кард. Лукашенко як моҳ пеш худро барандаи интихоботи президентӣ эълон кард, дар ҳоле ки дар бораи тақаллуби афзун дар ин маъаркаи сиёсӣ гузориш шудааст.

Дар тазоҳуроти рӯзи шанбе дар маркази Минск бештар занҳо ҷамъ омаданд. Бино ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, пулиси зидди шӯриш дастикам даҳ касро дастгир кардааст. Дар миёни онҳо Нина Баҳинскаяи 73-сола низ ҳаст.

Бино ба гузоришҳо, тазоҳурот дар минтақаҳои дигари Белорус баргузор шудааст. Ин иқдом пас аз он сурат мегирад, ки Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр дар як шароити мармуз савганд ёд кард.

Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтанд, Лукашенкоро ҳамчун раҳбари қонунии Белорус эътироф намекунанд. Тасмиме, ки Русия онро танқид кард.

Светлана Тихановская, ки феълан дар Литва аст ва бисёриҳо ӯро барандаи интихоботи рӯзи 9-уми август медонанд, аз белорусиҳо хост, 27-уми сентябр барои “ҳадафҳои нав, интихоботи ростин ва, дар ниҳоят, маросими қонунии савгандёдкунӣ” тазоҳурот кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.