Идомаи эътирозҳо дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон рӯзи 7-уми октябр намоишҳои нави мардумӣ шурӯъ шуд. Ин дар ҳолест, ки натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 4-уми октябр дар пасманзари иттиҳоми тақаллуб ва харидуфурӯш шудани овозҳо бекор шуд ва нахуствазиру дигар мақомҳои баландпояи ҳукуматӣ ба истеъфо рафтанд.

Рӯзи чоршанбе ҳазорҳо тан аз эътирозгарон дар муқобили бинои ҳукумат ва майдони марказии Ала-Тоо дар шаҳри Бишкек ҷамъ омада, ба ташкили ҳукумати нав аз ҳисоби сиёсатмадорони “пок” даъват карданд. Дар миёни талабҳои эътирозгарон, ба мақоми нахуствазирӣ интисоб шудани Тилек Токтогазиев садо дод. Ин дар ҳолест, ки парлумон рӯзи 6-уми октябр пешниҳод кард, ки ба ин мақом Содир Ҷапаров, сиёсатмадори аз зиндон озодшуда таъин шавад.

Матбуоти Қирғизистон гуфт, ки тасмими пешбарии Ҷапаров як гурӯҳи мардумро ба хашм овард ва издиҳом ба меҳмонхонае, ки он ҷо вакилон ҷаласа мекарданд, ҳамла намуд. Ҷапаров маҷбур шуд аз дари пушт фирор кунад. Шӯрои мардумии ҳамоҳангсоз, ки ба таври худхонда аз ҷониби чанд ҳизби мухолифи ҳукумат ташкил шудааст, рӯзи 7-уми октябр гуфт, ки ҳукумати Ҷапаровро эътироф намекунад ва раҳбарии ниҳодҳо давлатиро ба дасти худ гирифта, парлумонро пароканда мекунад.

Ҳаводиси ахир дар Қирғизистон дар ҳоле босуръат тағйир меёбад, ки бебандубории сиёсӣ барои ин кишвар таҷрибаи нав нест. Дар давоми 15 соли гузашта дар ин кишвар ду президент аз қудрат барканор шудаанд. Русия, ки як ҳампаймони деринаи Қирғизистон аст, аз эътирозҳои дар тамоми кишвар паҳншуда изҳори нигаронӣ кардааст. Дар қаламрави Қирғизистон, ки ҳамчунин бо Чин марзи муштарак дорад, пойгоҳи низомии ҳавоии Русия ҷойгир аст.

Эътирозу беназмиҳо замоне шурӯъ шуд, ки Комиссияи марказии интихобот рӯзи 5-уми октябр эълон кард, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе чор ҳизби рӯ ба ҳукумат баранда шудааст. Ҳазорҳо нафар ҳамон замон ба кӯчаҳои Бишкек ва дигар шаҳрҳои калон рехтанд ва аз тақаллуб ва харидуфурӯш шудани овозҳо лаб кушоданд.

Нозирони байналмилалии интихобот ҳам гуфтанд, ки ин масъала мавриди нигаронии онҳо мебошад. Дар ҷараёни задухӯрди эътирозгарон бо пулис як ҷавони 19-сола кушта шуд ва садҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд. Эътирозгарон рӯзи 7-уми октябр гуфтанд, ки онҳо аз созмонҳои ҷавонон намояндагӣ мекунанд ва талабашон ин аст, ки “сиёсатмадорони қадимии фасодзада” аз ҳукумат дар канор биистанд. “Қадимиҳо бояд бираванд”, шиор медоданд эътирозгарон.

Раҳбари ҳизби мухолифи “Отамакон” Ҷанар Оқоев рӯзи 7-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи шаби гузашта дар як меҳмонхона, вакилоне ҷамъ шуда буданд, ки ба президент Сооронбой Ҷеенбеков наздик ҳастанд ва ҳадафи онҳо дар қудрат нигаҳ доштани Ҷеенбеков мебошад. Зимнан, макони будубоши Ҷеенбеков инак ду рӯз аст, ки номаълум боқӣ мемонад.

Шӯрои ҳамоҳангсоз номзадии Абдилдаев ва Ҷапаровро, ки то ду рӯз пеш бар асоси иттиҳоми гаравгонгирӣ мӯҳлати тӯлонии зиндонро пушти сар карда, аз ҷониби эътирозгарон озод шуданд, рад кард. Оқоев гуфт, хости онҳо ин аст, ки ба мақомҳои раиси парлумон ва нахуствазир “аз ҳисоби одамони оддӣ мардону занони боинсоф” интихоб шаванд.

Дар саросари кишвар бисёр мақомдорон аз вазифа канор рафта ваё маҷбур шуданд истеъфо бидиҳанд. Дар Бишкеку Ӯш дар ду рӯзи гузашта шаҳрдорони нав сари кор омаданд. Айни замон, муборизаи ҳизбҳои сиёсӣ барои ин, ки чӣ касе дар ҳукуматҳо ба кор меояд, идома дорад. Дар бисёр ҳолатҳо маълум нест, ки раҳбарони нав бар асоси кадом қарору салоҳиятҳо сари кор омадаанд.

Мелис Мирзакматов, собиқ шаҳрдори Ӯш, ки баъди шаш соли зиндагӣ дар табъиз ба ватан баргашт, рӯзи 7-уми октябр дар назди тарафдоронаш дар маркази Ӯш ҳозир шуд ва гуфт, ки “вазъият дар кишвар бисёр хатарнок аст” ва мардумро ба ваҳдати милливу роҳ надодан ба ҷанги дохилӣ даъват кард. Ӯ инчунин гуфт, ки интихобот “хеле ифлос” гузашт ва ба парлумон бояд шахсони шоиста роҳ дода шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳизби мухолифи “Мекен Интимагӣ”, “Чон ғазот”, “Йиман нуру”, “Ордо” ва “Реформа” рӯзи 7-уми октябр эълон карданд, як шӯрои навро бо номи Шӯрои мардумии ҳамоҳангсоз таъсис медиҳанд.

Муовини вазири умури дохилӣ Алмос Орозалиев рӯзи 7-уми октябр гуфт, ки пулиси Бишкек вазъро назорат мекунад ва иҷрокунандаи вазифаи вазири дохилӣ Курсан Асанов ҳамчун комменданти масъули таъмини тартиботу қонун дар пойтахт ифои вазифа мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе гузоришҳои матбуотӣ хабар доданд, ки рӯзи 7-уми октябр афроди ношинос талош кардан ба дафтари ширкати канадаии тиллобарории “Қумтор” ворид шаванд. Як рӯз пеш аз ин чанд конкан дар бораи ҳамла ба дафтарҳои кориву таъсисоташон хабар доданд. “Қумтор” ширкати азими тиллобарораӣ буда, моликаш ширкати канадаии Centerra Gold мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.