Идомаи музокироти ИА ва Бритониё барои ниҳоӣ шудани Брекзит

Дар гуфтугӯҳои рӯзҳои истироҳати ахир музокироти миёни мақомоти  Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо дар заминаи тиҷорати муштарак бидуни натиҷа анҷомид ва бо ҳамин сабаб ҳам  қарор аст рӯзи 21-уми декабр гуфтугӯҳо идома ёбанд. Раиси тими музокиротии ИА Мишел Барниер ва ҳамкори бритониёиаш Девид Фрост рӯзи 20 декабр дар Брюссел  мулоқот карданд, вале баъди ҳашт моҳи музокираҳо масоили калидӣ то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад. Ду ҳафта фурсат аст, ки  Бритониё ҳузури худро дар ИА ниҳоӣ бикунад. Ихтилофи асосии  ду ҷониб бештар сари масоили мисли моҳидорӣ дармондааст. Парлумони Аврупо гуфт, ки сӯҳбатҳо бояд 21-уми декабр  анҷом ёбад ва созишнома рӯзи 31 декабр ба тасвиб расад. Бритониё рӯзи 31 январ аз ИА хориҷ шуд, вале айни замон то охири сол дар фазои бозори беандоз ва орӣ аз назорат иттиҳоди гумрукӣ боқӣ мемонад. Агар ҷонибҳо то 1 январ ба созиш нарасанд, бояд мутобиқ ба қонунҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат кор кунанд. Сухан аз тарзи мудирияти 1 триллион доллар дар сол меравад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.