Идораи танзими дорувори Аврупо гуфт, дар ҳолатҳои “хеле кам” J&J боиси ғафсшавии хун мешавад

Идораи танзими дорувори Аврупо 20-уми апрел гуфт, ки воксинаи сохтаи ширкати Johnson & Johnson (J&J) дар ҳолатҳои хеле кам эҳтимолан метавонад ҳолати лахташавии хунро ба миён оварад, вале, ба гуфтаи ин ниҳод, фоидаи ин воксина бештар аст. Оҷонсии дорувори Аврупо  (EMA) дар ҳоле натиҷаҳои таҳқиқоти худро нашр кард, ки интизор меравад  то охири ҳафтаи ҷорӣ ИМА ҳам арзёбиҳои худро дар заминаи ин воксинаи якдафъаина баён кунад. EMA машварат додааст, ки ғафсшавии хун ҳамчун як паёмади эҳтимолӣ ва бисёр ками воксинаи ширкати  J&J дар маълумотномаи ин воксина зикр шавад. Эмер Кук, раҳбари ЕМА дар бораи эҳтимоли ғафсшавии хун баъди гирифтани воксинаи амрикоии J&J гуфт, “Ин паёмад дар ҳолатҳои бисёр кам рух дода метавонад”. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, “бисёр муҳим аст, ки табибону муштариҳо дар бораи ин нишона хабар дошта бошанд, то ки ба он аҳамият диҳанд”.

Моҳи март ЕМА машварат дод, ки айни чунин ишора дар маълумотномаи воксинаи ширкати AstraZeneca ҳам ворид шавад, чун иртиботи миёни ғафсшавии хун баъди гирифтани ин воксина ҳам дар ҳолатҳои кам тасдиқ шудааст.  Воксинаи J&J  3-юми март барои истифода дар қаламрави Аврупо иҷоза гирифт. То ҳол дар ИМА тахминан 7 миллион дона воксинаи  J&J тақсим шуда, аз ин миён дар 6 нафар ҳолати ғафсшавии хун мушоҳида шудааст.

Бисёр кишварҳо маҳз ба умеди воксинаҳои J&J  ва AstraZeneca ҳастанд.

Дар Аврупо баъди таъхиру мушкили тақсими воксинаҳо ҷараёни таъмини кишварҳои қора бо ин василаи пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус тоза суръат бахшида шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.