Ифтитоҳи хадамоти шиносномавии Русия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон намояндагии “Хадамоти шиносномавӣ-визавӣ”-ии Вазорати корҳои дохилии  Русия боз мешавад. Чунин намояндагӣ   ҳафтаи гузашта дар Узбекистон низ ба фаъолият оғоз кардааст. Ин намояндагӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамаи санадҳои зарурӣ барои сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия омода карда шавад.  Вобаста ба ин масъала намояндаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзозода бо раҳбари ин хадамот  Сергей Машин мулоқот карданд. Машин гуфтааст,   баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ дар ин  робита бо Тоҷикистон дар оянда раванди муҳоҷиратро  сода гардонда, муҳлат ва тартиби ҳуҷҷатгузориро барои фаъолияти меҳнатӣ,  аз ҷумла гирифтани патент ба таври назаррас кам ва осон  хоҳад кард. Яъне дар  ин ҳолат тамоми ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ  дар Тоҷикистон омода шуда, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Россия онҳо танҳо патенти тайёрро давоми 5-7 рӯзи  ба даст меоранд ва ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ мекунанд. Ҳамзамон дар  ин намояндагӣ  санҷиши пеш аз сафари шаҳрвандон ҷиҳати муайян намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо дар Русия (доштани манъи воридот ва ҳалномаҳои судӣ оид ба ихроҷ) ба роҳ монда мешавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки сафари шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Россия манъ аст, пешгирӣ шавад ва онҳоро аз хароҷоти беҳудаи харидории билети  ҳавопаймо ва бозгардонидан ба ватан эмин нигоҳ дорад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.