Игор Додон дар даври аввали интихоботи раисҷумҳурии Молдова аз раҳбари ҳизби мухолиф Майя Санду шикаст хӯрд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Cарвазири пешини Молдова, раҳбари ҳизби мухолиф ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо “Ҳизби   фаъолият ва ҳамбастагӣ” Майя Санду  дар интихоботи президентӣ пас аз коркарди 99,77 % протоколҳо  сарвари феълӣ Игор Додонро паси сар гузошт.
  • Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботии ин кишвар Санду 36.03% ва Додон 32.70% раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд ва фосила байни онҳо камтар аз 3% -ро ташкил додааст. 
  • Ҷои сеюм бо 16,94% овозҳо насиби Ренато Усатий аз “Ҳизби мо” ва мақоми чаҳорум бо 6,, 52%  насиби номзад аз Ҳизби “Шор” Виолета Иванова гардид. Номзадҳои дигар камтар аз 5% ороро ба даст оварданд ва ғолибро даври дуюми интихобот муайян мекунад.
  • Игор Додон раисҷумҳури феълии  Молдова  ҷонибдори робитаҳои наздик бо Русия ва Майя Санду ҷонибдори наздик шудан бо Иттиҳодияи Аврупост.
  • Усатий, ки мақоми саввумро касб кард, ғоибона дар Русия бо гуноҳи аз ин кишвар   ба тарзи ғайриқонунӣ баровардани 500 миллион рубл таҳти таъқиб қарор дорад. Ин сиёсатмадор ин иттиҳомро рад мекунад ва мӯътақид аст, ки ин амр ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт доранд.
  • Интихоботи раисҷумҳурӣ дар Молдова 1 ноябр баргузор гардид,, ки мутобиқи маълумоти Кумиссиюни марказии интихобот 42, 76% интихобкунандагон иштирок намуданд. Аз онҷо, ки ҳеҷ як аз номзадҳо беш аз 50% ороро касб накарданд, даври дуввуми интихобот 15 ноябр баргузор мешавад.
  • Бояд гуфт, ки дар овоздиҳӣ каме камтар аз 43% раъйдиҳандагон ширкат варзиданд. Нозирон қайд мекунанд, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар тамоми солҳои истиқлолияти Молдова мебошад.

The post Игор Додон дар даври аввали интихоботи раисҷумҳурии Молдова аз раҳбари ҳизби мухолиф Майя Санду шикаст хӯрд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.